фарҳанг
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. ВАЗЪ ҲАМОНО ТАШВИШОВАР БОҚӢ МЕМОНАД!
Наврӯзи байналмилалии имсол ҳам бо шукӯҳу таровати хосса гузашт. Аммо он қасру кӯшке, ки замоне дар он Наврӯз мегузашт ва ёдгориҳои таърихие, ки ба ин ҷашни бостонӣ рабт доранд, чӣ аҳвол дошта бошанд? Ин савол то ҳанӯз устухон дар гулуст. Зеро ҳифзу тармим ва эҳёи онҳо мутахассисисони корозмуда ва ранҷу малакаи дучанд мехоҳад. Бо вуҷуди тамоми чораандешиҳо, хунукназарӣ нисбат ба ёдгориҳои таърихӣ идома дорад.
Перомуни ин масъала Мурод Ёров, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин гуфт: «Сад афсӯс, ки аксари пешниҳодҳои мо рӯйи коғаз мемонанд. Масалан, яке аз пешниҳодҳо эҳё намудани ниҳоди вижаи Бозрасии давлатии ҳифзи ёдгориҳо, ки дар гузашта «Инспексия оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ» унвон дошт. Мувофиқи гуфтугузори пешакӣ, бояд ин муассисаи назоратӣ аз моҳи январи соли 2020 дар назди Вазорати фарҳанг бо 7 воҳиди корӣ таъсис меёфт, аммо то ҳол амалӣ нашудааст».
ТО КАЙ БА ЧАШМ ХОК МЕПОШЕМ?
- Як зуҳуроти нохуби дигар пешниҳоди ҳисоботи бардурӯғу беасоси аксари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳист. Дар ҳисоботи онҳо ёдгориҳои таърихӣ дар «ҳолати хуб» арзёбӣ мешаванд, аммо сафар ба он мавзеъҳо нишон медиҳад, ки ин ҳама ба чашм хокпошӣ асту бас. Барои бедалел намондани суханонам мақолаи Бегмурод Ашуров, сокини шаҳри Панҷакент, мисол шуда метавонад. Ӯ менависад: «Баъди гузаштани Ҷашни 5500 - солагии Саразми бостонӣ ин мавзеи таърихӣ пур аз партову ифлосӣ шуда, боз ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Ҳоло дар байни осори атиқа гову гӯсфанд чарида, сафолакҳои роҳравҳоро ноҷо ва гулу гиёҳҳоро хушкондаанд. Бунёд мекунем, вале нигоҳубин карда наметавонем».
Акнун ба посухи муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент М. Сафарзода таваҷҷуҳ кунед: «Замини ёдгорӣ барои сабзу хуррам нигоҳ доштан ба аҳолии маҳалла дода шудааст, ки киштукор кунанду чорвоҳои худро рӯзона чаронанд. Ин барои фаъолияти ёдгорӣ ягон зарари ҷиддӣ надорад». Ёбеду гиред! – изҳор медорад Мурод Ёров.
Тибқи фармони вазири фарҳанг аз 28 феврали соли 2017 таҳти № 46, вобаста ба иҷрои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 ҷудо намудани як воҳиди корӣ ҳамчун нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанг то ҳол амалӣ шудааст.
Боз як мисол: дар шаҳри Истаравшан мадрасаи нодири Абдулатиф Султон маъруф бо номи Кӯк Гумбаз, масҷиди Бурчак, масҷиди деҳаи Лакад, Мазори Санги кабуд ё Кӯктош, зиёратгоҳҳои Мавлавӣ, Мавлавии Ҷунунии ноҳияи Рӯдакӣ ниёзи шадид ба таъмир дошта, баъзе аз онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
- Се сол аст, ки гурӯҳи кории ташкилоти мо бо раиси вақт ва раиси имрӯзаи ноҳияи Ёвон вохӯрданд. Масъулон ваъда доданд, ки дар замини ёдгории таърихии Ғаравқалъа киштукор намекунанд. Тавре фаъолони мо аз деҳаи Ғарав хабар доданд, ҳамоно ҳотакорӣ давом дораду ваъдаҳо амалӣ нашудаанд. Қисмати болои Шодмонқалъаи шаҳри Ваҳдат ҳам ҳамчун объекти хизматӣ истифода шуда истодааст. Дар ин бора ба шаҳрдории Ваҳдат нома фиристодем, аммо посух нест, - афзуд М. Ёров.
Ба ёдгориҳои асрҳои гузашта диламон месӯзад, аммо ба харобиву бепарастории ёдгориҳои замони муосир чӣ мегӯед? Дар шаҳри Норак солҳои 80 - уми асри ХХ китобхонаи дастхатҳои ходимони сиёсию давлатӣ, шоирону нависандагони ҷаҳон сохта шуд. Он ҳоло 26 000 нусха китоби дастхатдор дораду сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ бо тааҷҷубу дилхушӣ онҳоро варақгардон мекунанд. Аммо ҳоло аҳволи китобхона хароб буда, шароити нигаҳдории китобу дастхатҳо ташвишовар аст. Кай ва кӣ ба қадри чунин ганҷинаҳои маърифат мерасад? Саволест сарбаста!
ТАНҚИД АГАР НАБОШАД…
Масъулони ташкилоти мазкур бо талоши зиёд маҷаллаи илмиву оммавии «Мероси ниёгон» - ро пайваста нашр мекунанд. Аз он нигаронанд, ки чанд вақти охир муаллифони танқиднавису таҳлилгар худро аз маҷалла канор гирифтаанд. Маълум шуд, ки танқидашон ба баъзеҳо нафоридааст ва онҳоро «гӯшмол» додаанд.
Мурод Ёров баён медорад, ки манфиати мақолаҳои танқидиро дар мисоли қалъаҳои Муғи шаҳри Истаравшану Афросиёби ноҳияи Ашт дидем. Маҳз баъди нашри мақола дар соли 2019 ёдгориҳо аз харобии минбаъда раҳиданд. Агар танқид намебуд, аз қалъаи Чармгарони Кӯлоб, ки дар мақолаи Юсуфшо Яъқубов («Мероси ниёгон», № 22) чоп шудааст, бехабар мемондем.
НАВМЕД НАМЕШАВЕМ!
Ҳамсуҳбати мо дили гарму азми қавӣ дорад ва бо қатъият мегӯяд: «Бо вуҷуди он ки бештари пешниҳодҳои мо амалӣ намешаванд, аммо ба навмедӣ раҳ нест. Аввалан, мехостем, ки бо беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ дар мавзеъҳое, ки ёдгориҳои таърихӣ доранд, шанбегӣ ва рӯзи боздид аз ёдгориҳо муайян шуда, ба расмият дарояд.
Пешниҳоди дигар, расман Рӯзи таърих ва ёдбуди ниёгон ҳамасола дар кишвар таҷлил шавад. Илова бар ин, одамони хайрхоҳ ва фарзандони баномуси миллатро бояд ба ҳифзи мероси ниёгон, таъмиру тармими ёдгориҳо ҷалб кунем.
Дар соли 2021 барои огоҳ шудан аз ҳолати воқеии ёдгориҳои таърихии шаҳру навоҳии мамлакат боздиди мутахассисони босалоҳият аз Вазорати фарҳанг, АМИТ, Осорхонаи миллӣ ва ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанг» гурӯҳи корӣ ташкил карда шавад.
Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм ва АМИТ барои тайёр кардани кадрҳои бахши таъмир (реставратсия) чора андешанд. Зеро ёдгориҳо аз набудани мутахассисони зарурӣ, яъне таъмиргарон (реставраторҳо) ба нобудӣ мувоҷеҳанд.
Барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ илман асоснок гардида, азнавсозӣ не, балки реставратсия шаванд.
Хулоса, хароб кардани ин ё он ҷойи обод осон аст, аммо сохтани он ранҷи бисёр мехоҳад. Бахусус, аз нав сохтан ё эҳёи дубораи ёдгориҳои таърихӣ аз имкони мову шумо берун аст. Ҳанӯз ҳам дер нест, ки мавзеъҳои тамаддунофарини кишварро ба чарогоҳ ва бозигоҳи тифлон табдил надиҳем ва пеши рӯҳи гузаштагон малулу сархам набошем».
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.04.2021 №: 78 Мутолиа карданд: 1134