logo

маориф

МУШКИЛОТИ БАСТИ СЕЮМ. ОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН КАЙ ҲАЛЛИ ХУДРО МЕЁБАД?

Бо вуҷуди афзоиши маблағгузорӣ ва зиёд шудани сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар саросари ҷумҳурӣ, ҳанӯз дар бахши маорифи вилояти Хатлон мушкилот зиёданд. Феълан дар 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилоят таълим дар се баст ба роҳ монда шудааст, ки ин дар самти донишазхудкунии хонандагон монеа эҷод мекунад.  
 
СОЛИ 2020 - 69 МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Бояд гуфт, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакону наврасон танҳо соли 2020 дар вилояти Хатлон 69 муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ мавриди истифода қарор гирифт. Аммо, ҳанӯз ҳам, мушкили дар 3 баст таҳсил намудани хонандагон аз байн нарафтааст. Дар як қатор ноҳияҳо, бинобар нарасидани синфхонаҳо, кам будани ҷои нишаст ва камии мизу курсӣ таҳсил дар се баст ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар 9 муассисаи таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 7 муассисаи ноҳияи Фархор, 4 муассисаи шаҳри Кӯлоб, 3 муассисаи ноҳияи Данғара, 2 таълимгоҳи ноҳияҳои Вахш ва Балҷувон, 1 - тоӣ дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ Кӯшониён, таҳсил дар се баст идома дорад. 
 
30 МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ЧӢ ҲОЛ АСТ?
Мувофиқи маълумоти раёсати маорифи вилояти Хатлон  аз  980  синфи  26 муассисаи мазкур 152 синф дар басти сеюм таҳсил дорад. Хонандагоне, ки дар басти сеюм таҳсил мекунанд, аз синф ба синф гузаронда мешаванд, чун онҳо дар синфхонаҳои фаннӣ ба таълим машғул мешаванд, хоҳ - нохоҳ ин раванд ба таълимашон халал мерасонад. Ҳасан Табаров, мудири маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, иброз дошт, ки соли хониши 2020 – 2021 яку якбора 1550 хонанда зиёд гардид ва мо маҷбур шудем дар 9 муассиса таҳсилро дар се баст ба роҳ монем. 
Дар муассисаҳое, ки аз таълими себаста баромаданд, надоштани мизу курсиҳо мушкилии рақами яки онҳо гардидааст. Зуҳро Пирова, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17 - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфт, ки ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ муассисаи таълимии моро аз мушкилии се баст баровардааст, аммо хонандагон аз нарасидани ҷойи нишаст ҳанӯз ҳам, азият мекашанд. 
- Дар се баст таҳсил кардан, албатта,  мушкилии зиёд дорад, ҳам барои хонандагон ва ҳам барои омӯзгорон. Аммо, чи илоҷ, шароит чунин аст. Ҳоло дар 2 таълимгоҳ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад. Инчунин, баъди ифтитоҳи муассисаи таълимии № 2 боз 3 таълимгоҳи дигар аз таълими себаста озод мешавад.  Аммо гуфта наметавонем, пурра ин масъала ҳалли худро пайдо мекунад, зеро ҳар соли хониш мо бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ мешавем, - гуфт Хайрулло Шоҳимардонзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор.
Аслиддин Усмонов, сармутахассиси раёсати маорифи вилояти Хатлон, илова намуд: «Мо на танҳо аз масъалаи ҳалталабе, ки шумо мегӯед, огоҳем, балки хуб медонем, ки чандин мактабҳои мо бо чунин мушкил рӯбарӯянд. Ҳатто, ҳолатҳое ҳаст, ки 45 хонанда дар як синф дар як парта 3- 4 - касӣ менишинанд. Бо вуҷуди ин, ба бартарафсозии мушкилот камар бастаем. Хурдтарин имконият даст диҳад ё ягон соҳибкор иқдоми бунёдкорӣ намояд, ҳатман ба сохтмони мактабу синфхонаҳо авлавият медиҳем».
 
ТАҲСИЛ ДАР СЕ БАСТ ЧӢ ЗАРАР ДОРАД?
Нарасидани ҷои нишаст дар 9 муассисаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ масъулонро маҷбур кардааст, ки таҳсили хонандагони синфҳои 1 - ро  дар  басти сеюм ба роҳ монанд. Аммо, чуноне ки Аслиддин Усмонов мегӯяд, тибқи муқаррароти мавҷуда набояд хонандагони синфҳои 1 - ум ба таҳсили себаста фаро гирифта шаванд. «Чун, онҳо бори аввал ба таълимгоҳ мераванд, набояд ба мушкилот рӯ ба рӯ шаванд ва нигоҳашон аз рӯзи аввал ба раванди таълим дигар гардад.  Ҳолатҳое мешаванд, ки бо сабаби банд будани синфхонаҳои фаннӣ, хонандагони бастҳои сеюм имкони дарс гузаштан надоранд. Ё, баръакс, соати дарсии омӯзгорон мутобиқат намекунад. Аз ин рӯ, барои хонандагони  синфҳои поёнӣ басти сеюм зарарноктар аст. Чун таҳкурсии онҳо аз ин зинаи таълим шурӯъ мешавад», - мегӯяд А. Усмонов.
 
ВАЗОРАТ ЧӢ МЕГӮЯД?
Дилшод Сафарзода, сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, вобаста ба мушкили мазкур чунин гуфт: «Яке аз сабабҳои асосии ба се баст фаро гирифтани хонандагон ин аст, ки мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳру ноҳияҳо ҳангоми бунёди деҳаҳои нав барои таълимгоҳ қитъаи замин ҷудо намекунанд. Дар бисёр ҳолат ин боис мешавад, ки хонандагони  деҳаҳо ба деҳаи ҳамсоя раванд. Аксари таълимгоҳҳо  солҳои 70 – 80 - уми асри гузашта сохта шудаанд, масоҳати синфхонаҳо хурд мебошад. Дар ин ҳолат маҷбур мешаванд таҳсилро дар се баст ба роҳ монанд. Бояд зикр намуд, ки сохтмони муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, таъмиру тармими мактабҳо ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳост. Масъулон бояд дурнамои  зиёдшавии  аҳолиро дошта бошанд ва дар робита ба ин, бунёди муассисаҳои таълимиро ба нақша гиранд. Тибқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021 сохтмону азнавсозии 566 муассисаи таълимӣ ба инобат гирифта шудааст. Аз ҷумла, муассисаҳое, ки ҷойҳои нишасти иловагӣ надоранд  ва аз ин сабаб, таҳсилро дар се баст ба роҳ мондаанд. Мутаассифона, то имрӯз дар доираи барномаи мазкур аз 566 муассисаи таълимӣ 143 муассиса сохта шудааст, ки ин 22 дарсади иҷрои барномаро дар бар мегирад».
Баҳриддин Ҳалимов, мутахассиси раёсати маорифи вилояти Хатлон, доир ба ин масъала иброз дошт, ки сабаби асосии пурра иҷро нагардидани Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016 таҳти № 504 ба тасвиб расидааст, ин ҷудо нашудани маблағи пешбинишуда мебошад. 
 
ПРЕЗИДЕНТ ОГОҲ ВА НИГАРОН АСТ!
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста дар ҳалли мушкилоти соҳаи маориф  чораҷӯӣ менамоянд, зимни сафари навбатии худ ба вилояти Хатлон аз татбиқ нагардидани  барномаҳои давлатию соҳавӣ, аз ҷумла Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021, изҳори нигаронӣ намуданд. Пешвои миллат, инчунин, таъкид карданд, ки тадбиқи барномаҳо ба талабот, умуман, ҷавобгӯ набуда, зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои бетаъхир андешида шаванд.
Вақти он расидааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба ҳалли ҷиддӣ ва воқеии мушкили ҷойдошта камари ҳиммат банданд. Дурнамои зиёдшавии аҳолӣ ҳамеша бояд рӯи мизи масъулин бошад. Айб аст, ки мо дар арафаи анҷомёбии барномаи махсуси давлатӣ аз нарасидани одитарин чиз – ҷойи нишаст сухан гуфта бошем!
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2021    №: 79    Мутолиа карданд: 6615
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед