сиёсат
СОЗИШ ОИД БА ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ МУҲОҶИРАТ
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ музокироти Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор шуд.
Сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ФР Валентина Казакова зимни изҳороти матбуотӣ иброз дошт, ки гуфтушунидҳои дурӯза баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар самти муҳоҷирати корӣ дар бар гирифт ва имкон дод, ки масъалаҳои вобаста ба баъзе мушкилоти муҳоҷират ҳалли худро пайдо намоянд.
- Қабл аз ҳама, мо амалисозии фармони Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба ҳалли вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия вобаста ба таҳдиди паҳншавии минбаъдаи сирояти нави коронавирус»-ро баррасӣ кардем, ки ба қонунгузории муҳоҷират дар давраи пандемия рабт дорад. Ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, бевосита дахл дорад. Тавре медонед, аз 15 марти соли гузашта Федератсияи Россия оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ чораҳои бесобиқа меандешад. Дар ин давра амали ҳамаи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда қатъ, муҳлати будубош тамдид ва мақсадҳои воридшавӣ тағйир ёфтанд. Бо назардошти он ки сафарҳои мунтазам бо Тоҷикистон аз 1 апрел барқарор гардиданд, муддати баргаштани муҳоҷирон 90 рӯзро ташкил медиҳад. Яъне, то 30 июн шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд, ки мақоми ҳуқуқии худро дар ҳудуди Федератсияи Россия ҳал намоянд.
Ғайр аз ин, мо масъалаҳои бастани шартномаҳо оид ба як қатор уҳдадориҳо байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ кардем. Шартномаҳои мазкур имкон медиҳанд, ки шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳояшонро гум кардаанд ва онҳое, ки бояд ба Ватан баргарданд, муқаррар шаванд,- таъкид кард номбурда.
Дар музокирот, инчунин, вобаста ба таъсиси намояндагии Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар ҳудуди Тоҷикистон, ҳамкориҳои дар самти рақамкунонӣ, қонунгузории нафақа гуфтугӯ сурат гирифт.
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ гуфт, ки барои ҳамкории густурда дар оянда созиш ба даст омад. Барномаи мушаххас муайян шуд, ки тибқи он ду – се моҳи оянда ҳамкорӣ хоҳем кард. Мо аз ҷониби худ барои амалисозии ҳамаи чорабиниҳое, ки вобаста ба ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират барномарезӣ шуданд, кӯшиш хоҳем кард.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.04.2021 №: 80 Мутолиа карданд: 813