ҳуқуқ
«КОРРУПСИЯ. БАҲСИ ПОРАГИРИИ КОРМАНДИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ ДАР СУД»
Дар Суди Олӣ мақолаи журналист М. Мирзоён, ки таҳти унвони «Коррупсия. Баҳси порагирии корманди Палатаи ҳисоб дар суд» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (25 феврали соли 2021, № 42) ба нашр расидааст, дар якҷоягӣ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Муайян гардид, ки бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 24 ноябри соли 2020 Исмоил Рустамзода бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора) гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои ҷарима ба андозаи 3700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 214 600 сомонӣ) ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати ду сол таъйин карда шудааст.
Бо таъйиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд аз 27 январи соли 2021 ҳукми мазкур тағйир дода, ҷазои ба И. Рустамзода таъйингардида бо дастрасии моддаи 63 Кодекси ҷиноятӣ то 1100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 63 800 сомонӣ) кам карда шудааст.
Муаллиф навиштааст дар ҳолате, ки моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ ҷазои ҷаримаро ба андозаи аз 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол муқаррар кардааст, суди вилояти Суғд ҳукми судро нисбат ба И. Рустамзода тағйир дода, ҷазои ҷаримаро кам кардааст.
Вале омӯзиши маводи парванда нишон дод, ки суди марҳилаи кассатсионӣ ҳангоми баррасии шикояти маҳкумшуда шахсият ва ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазои ӯро, ки бори аввал ҷинояти дараҷаи миёна содир намуда, аз кирдораш сидқан пушаймон шудааст, оиладор ва соҳиби панҷ фарзанди ноболиғ мебошад, аз ҷойи кор ва истиқоматаш хислатномаи мусбат дорад, дар ошкор намудани ҷиноят фаъолона мусоидат карда, зарари расондаашро пурра талофӣ намудааст, бо татбиқи моддаи 63 Кодекси ҷиноятӣ ҷазои ҷаримаро аз ҳадди поёнии дар моддаи айбдорӣ пешбинигардида камтар таъйин намудааст, ки ба қонун мухолифат намекунад.
Ш. ЛУТФУЛЛОЗОДА,
муовини якуми раиси Суди Олӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.04.2021 №: 80 Мутолиа карданд: 3338