иҷтимоиёт
ИҶТИМОИЁТ. ЧАРО ДАР РАМАЗОН ИНСОФФУРӮШӢ АВҶ МЕГИРАД?
Рамазон дар назди Худованд беҳтарин моҳ ба шумор рафта, аҷру савоби зиёд дорад. Дар ин моҳи муборак бояд бандаҳо аз хайру сахо ва парҳез аз амалҳои нораво кор гиранд. Мутаассифона, давоми ин моҳ гӯё анъана шуда бошад, ки аксари тоҷирон на танҳо амали хайру савобро ба гӯшаи фаромӯшӣ мебаранд, балки кӯшиш мекунанд аз «фурсати муносиб» истифода бурда, бо инсофу имонфурӯшӣ фоидаи бештар ба даст оранд. Имсол низ дар арафаи ин моҳ якбора боло рафтани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла гӯшт, дар қиёс ба солҳои гузашта ба таври чашмрас ба мушоҳида расид, ки боиси нигаронии мардум гаштааст.
ЧАРО ГӮШТ ҚИМАТ ШУД?
Айни ҳол қариб дар ҳамаи бозорҳои кишвар нархи 1 килограмм гӯшти гов то 65 ва гӯшти гӯсфанд ба 70 сомонӣ расидааст. Ин ҳолат дар бозорҳо ва мағозаву дӯконҳои гӯштфурӯшии пойтахт низ хеле авҷ дорад. Чаро?
Саидмукаррам Шарифзода, аз Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки болоравии нархи гӯшт дар ин давра характери мавсимӣ дошта, ҳамчунин, ба баланд шудани нархи хӯроки чорво алоқаманд аст. Бинобар сардиҳои зимистони имсола ва боришоти пайдарпайи моҳи март арзиши 1 тойбанди алафи табиӣ ва юнучқа аз 20 то 35 ва 1 килограмм кунҷора то 4 - 4,80 сомонӣ боло рафт. Аз ин рӯ, серхарҷ гардидани парвариши чорво ба гароншавии нархи гӯшт оварда расонд.
- Инчунин, болоравии нархи сӯзишворӣ низ, ки воридотӣ аст, ба афзоиши нархи ҳамаи маҳсулот таъсири манфӣ расонд. Зеро арзиши он вобаста ба вазъи бозор дар кишварҳои содиркунанда ва тағйироти қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА пайваста тағйир меёбад. Ин ба он оварда мерасонад, ки болоравии хароҷоти ҳамлу нақли маҳсулот ба вуҷуд ояд. Масалан, дар ин давра хароҷоти ҳамлу нақли танҳо 1 сар чорво аз бозорҳои вилояти Хатлон (шаҳри Бохтар ва ноҳияи Ҷайҳун) то шаҳри Душанбе аз 50 то 100 сомонӣ афзудааст. Бо назардошти хароҷоти ҳамлу нақл, хароҷоти муомилотӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет нархи маҳсулот зиёд мешавад, - иброз дошт мавсуф.
ИСТЕҲСОЛОТ ТАЛАБОТИ АҲОЛИРО ҚОНЕЪ НАМЕКУНАД
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2018 меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмоли маҳсулоти асосии озуқаворӣ муайян шудааст, ки ҳар як сокини ҷумҳурӣ тӯли як сол ба 40,8 килограмм гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ талабот дорад. Аз рӯи ин нишондиҳанда ва шумораи умумии аҳолӣ - беш аз 9,3 миллион нафар, дар маҷмӯъ, давоми як сол аҳолии мамлакат ба зиёда аз 387,8 ҳазор тонна маҳсулоти гӯштӣ эҳтиёҷ дорад.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ беш аз 2 миллиону 404 ҳазор сар чорвои калон, 6020330 сар гӯсфанду буз ва зиёда аз 104 миллион сар паранда мавҷуд аст. Дар маҷмӯъ, соли гузашта дар кишвар 300182 тонна гӯшт (дар вазни зинда) ва дар се моҳи соли равон 43 ҳазор тонна (аз он 7491,5 тонна гӯшти паранда), истеҳсол шудааст. Бо назардошти омори истеҳсоли дохилӣ гӯшти истеҳсоли ватанӣ барои сокинони мамлакат нокифоя буда, 39,5 дарсади талаботи сокинонро аз рӯи шумораи умумии аҳолӣ таъмин мекунад.
Аз посухҳои сохторҳои болозикр бармеояд, ки омилҳои гуногун боиси болоравии арзиши маҳсулот гаштаанд, ки инро ҳам набояд нодида гирифт. Тавре маълум, дар натиҷаи паҳншавии пандемияи коронавирус имрӯз ҷаҳон ба буҳрони шадиди иқтисодӣ рӯ ба рӯ омада, вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ мураккаб гардида истодааст. Бо сабаби нокифоягии истеҳсолоти дохилӣ нисбат ба талаботи аҳолӣ кишвари мо ба маҳсулоти воридотӣ вобастагии зиёд дорад, ки ин омилҳо низ беътасир нахоҳанд монд.
ЯК СУОЛИ БЕҶАВОБ
Саволе ба миён меояд, ки чаро чунин мушкилот ҳамеша новобаста аз он ки ҷашнҳои миллӣ, иду аём, хусусан моҳи шарифи Рамазон, дар кадом моҳу фасли сол рост меояд, созгор меафтад? Ҳамасола дар ҳамин давра савдогарон дар ҳамаи гӯшаю канори кишвар бидуни ягон дастуру супориш ва роҳандозии ҳеҷ қонуну қароре чунон «якдилона» дар як вақти муайян реҷаи дилхоҳи худро ҷорӣ ва амалӣ менамоянд, ки касро ба тааҷҷуб меандозад. Дар навбати худ ин ҳолат сунъӣ буда, онро ҳаннотон бо истифода аз беназоратии масъулони бозор ба вуҷуд меоранд. Яъне, дар остонаи ин моҳи муборак беасос боло бурдани нархҳо бо ҳар баҳона ба одати маъмулӣ табдил ёфтаасту онҳо аз рӯи мақоли халқӣ: «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» амал мекунанд. Албатта, ҳастанд фурӯшандагони ҳалолкор, ки аз рӯи инсоф рафтор мекунанд, вале ангуштшуморанд.
Зимни боздид аз бозорҳои пойтахт аз савдогарон сабаби гароншавии нархи гӯштро пурсидем, ки дар баробари дигар омилҳо аксаран ба қиматшавии чорво рабт медиҳанд. «То вақте дар бозорҳои молфурӯшӣ нархи чорво паст нафарояд, гӯшт низ қимат шудан мегирад. Мо чорво ва маҳсулоти гӯштиро бо нархи гарон мехарем, ки хароҷотамонро намепӯшонад», - мегӯянд онҳо.
ФИРЕБИ НАЗАР
Тавре мушоҳида намудем, бо вуҷуди гаронии нарх дар бозорҳо нисбат ба чанд соли охир гӯшти босифат фаровон аст. Мизоҷон мувофиқи имкон харид менамоянд. Лекин, шиква мекунанд, ки савдогарон ба онҳо барои ҳар кило гӯшт 200 - 300 грамм равғани чарбу илова мекунанд, ки ба аксари харидорон ин кори онҳо писанд нест. Савдогарони моҳир бар замми ин, боз ба таври чашмбандӣ барои пурра кардани ҳар кило гӯшт чарбу ва устухон илова мекунанд, ки аксари мизоҷон аз ин кор ҳатто бехабар мемонанд.
Дар баробари ин, дар аксари растаҳои бозорҳои пойтахт гӯшти пастсифатро низ дидан мумкин аст. Гарчанде аз ҷониби корхонаю ташкилотҳои масъул ва мутассадиёни бозорҳо ҳамарӯза ба миқдори муайян ва бо нархи муқаррарнамудаи онҳо 50 - 55- сомонӣ барои 1 кило гӯшт пешкаши харидорон гардонда шавад ҳам, боис ба нигаронии сокинон шудааст. Зеро бештари гӯшти ба қавле “арзон” - и ин дуконҳо маълум, ки аз чорвои пиру хароб мебошад. Чунки чарбуи онҳо зард ва гӯшташон низ пастсифат аст.
НАРХИ ДАНДОНШИКАНИ МАҲСУЛОТИ ДОНАГӢ
Дар бозорҳо на танҳо болоравии нархи гӯшт, балки дигар маводи озуқаворӣ низ дар авҷ аст. Нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз қабили орд, равған, биринҷ, тухм, картошка, пиёз, сабзӣ, меваҷот ва сабзавот низ рӯз ба рӯз меафзояд. Нисбат ба арзиши маҳсулоти донагӣ, аз қабили писта, чормағз, мавиз, бодом, ғулинг, донаки зардолу ва навъҳои дигар, ки мардум дар ҳар як ҷашну маърака дастархони худро бештар бо онҳо оро медиҳанд, ҳоҷати гап нест. Масалан, 1 кило мавиз 45 - 200, писта 65 - 180 сомонӣ ва гоҳе аз ин ҳам зиёдтар арзиш доранд. Ҳолати нигаронкунанда он аст, ғайр аз маҳсулоти ғизоии воридотӣ маҳсулоти ватанӣ низ, ки фаровонанд, рӯз ба рӯз гарон мешавад. Нархномае, ки дар пештоқи дуконҳо насб шудааст, аксар вақт бо нархи воқеии маҳсулот мувофиқат намекунад.
Мутаассифона, барои аксари савдогарону тоҷирон одат шудааст, ки то аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои дахлдор қарорҳои махсус қабул шуда, назорати ҷиддӣ ба роҳ монда нашавад, чунин амалҳои носавоби онҳо ва сарсонии мардум дар ин рӯзҳо ҳар сол такрор мегардад.
Бо назардошти ин, роҳбарияти шаҳри Душанбе ҷиҳати танзими арзиши маҳсулот ва фаровонии бозорҳои истеъмолӣ пайваста тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ менамояд. Ба тасвиб расидани қарори раиси шаҳр аз 20 январи соли ҷорӣ «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2021», аз ҷумлаи онҳост.
ҒАФЛАТИ “ТОҶИКМАТЛУБОТ” ТО БА КАЙ?
Мутаассифона, ба гуфтаи сокинони пойтахт, дар ин давра фаъолияти Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати коҳиш ва муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот, таъмини бозорҳои истеъмолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла пойтахти кишвар бо маҳсулоти ғизоӣ, ба мисоли гӯшт, қобили қабул нест. Он миқдори маҳсулоте, ки аз ҷониби ин сохтор дар арафаи идҳо пешниҳоди мардум мешавад, дар қиёс ба талаботи аҳолӣ хеле кам мебошад. Тавре аз мушоҳида дар кӯчаю маҳаллаҳои пойтахт бармеояд, аксари мошинҳои сайёри ин ташкилот дар баробари кам будани теъдодашон маҳсулоти худро нисбат ба бозор бо нархи гаронтар ба фурӯш гузоштаанд. Масалан, дар як мошини сайёри ин сохтор, ки дар маҳаллаи маъмул бо номи «Политехникум» ба хизматрасонӣ машғул буда, танҳо аз меваю сабзавот ва маҳсулоти қаннодӣ иборат аст, 1 килограмм картошка 5,50 сомонӣ, пиёз 2 - 3 ва сабзӣ 3 сомонию 30 дирам ба фурӯш гузошта шудааст. Хуб мебуд, агар ташкилоти мазкур маҳсулотро ба қадри кофӣ захира намуда, ҷиҳати таъмини амнияти ғизоии мамлакат дар ин давра саҳми бештар мегузошт.
ЧӢ БОЯД КАРД?
Беҳуда нагуфтаанд, ки танзими бозор танзими миллат аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки масъулон барои пешгирӣ аз болоравии арзиши маҳсулоти ниёзи аввал чораҳои дахлдор андешида, ҳолати мазкурро ба танзим дароранд. Инчунин, риояи қонун, хусусиятҳои хоси миллӣ, қоидаҳои бозордорӣ ва, умуман, адлу инсоф ва шаффофиятро дар фаъ-олияти савдогарон назорат кунанд. Зеро рукни аз ҳама муҳим дар бозор бояд ростгӯию инсоф бошад, махсусан дар моҳи шарифи Рамазон.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.04.2021 №: 81 Мутолиа карданд: 946