иҷтимоиёт
ХОРПУШТИ ХОРДАРОЗ
Хорпушти хордароз, дар баробари дигар хорпуштҳо, намояндаи хеле қадимаи қатори ҳашаротхӯрон мебошад, ки дар кураи Замин беш аз 15 миллион сол ҳаёт ба сар мебарад.
Дар Тоҷикистон хорпушти хордароз аҳён-аҳён дар минтақаҳои наздикӯҳии қаторкӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон ва Туркистон дар баландиҳои то 1200 метр аз сатҳи баҳр вомехӯрад. Оид ба паҳншавии он дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон маълумот мавҷуд нест. Хорпушти хордароз аз дигар намудҳои хорпушт бо андозаи нисбатан калони бадан фарқ мекунад. Дарозии бадани онҳо то 22-27 см. ва вазнашон то 900 г мерасад.
Барои хорпушти хордароз тарзи ҳаёти пинҳонӣ ва ҷудогона хос аст. Узвҳои биноии хорпушт хуб инкишоф наёфтааст ва дар муҳити зист тавассути узвҳои шунавоӣ ва шомма мавқеи худро муайян менамояд. Шомгоҳон ва шабона фаъол аст. Баробари фаро расидани сармо, хоб меравад. Хоби зимистона, одатан, моҳи ноябр оғоз ёфта, 120 – 130 рӯзро ташкил медиҳад. Дар давраи хоби зимистона хорпуштҳо дар лонаҳои на он қадар калон, ки чуқурии онҳо 1 метрро ташкил медиҳад, пинҳон мегарданд. Дар зимистон хорпуштҳо 40 дарсади вазни худро аз даст медиҳанд. Ғизои хорпушти хордароз, асосан, ҳашарот, аз ҷумла гамбускҳо, сиёҳтанаҳо, виз-визакҳо ва митаҳо, ба ҳисоб мераванд. Душманони хорпушти хордароз рӯбоҳ, қашқалдоқ, мири мушон, парандагони соҳибчангол – бум, чарғ ва уқоби даштӣ мебошанд.
Хорпушти хордароз хеле фоидарасон мебошад. Онҳо миқдори зиёди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла лесакҳо, гамбуски саврӣ, виз-визакҳо, кирминаи шапалакҳои зараррасонро нобуд месозанд.
Хорпушти хордароз ҳамчун намуди зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил шудааст. Сабаби асосии маҳдуд гардидани саршумори хорпушти хордароз аз худ гардидани муҳити хоси зисти он дар минтақаҳои ҳамвор ва наздикӯҳии қисмати марказӣ ва шимолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ноҳинҷор гардондани хорпуштҳо аз тарафи инсон, ғайриқонунӣ доштани онҳо бо мақсади нигоҳдорӣ дар шароити сунъӣ низ ба шумораи хорпушти хордароз таъсири манфӣ мерасонанд. Бо мақсади ҳифз ва зиёд намудани саршумори хорпушти хордароз дар Тоҷикистон зарур аст, ки муҳити хоси зисташон дар қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон ва Ҳисор таҳти муҳофизати ҷиддӣ қарор гирад.
Таҳияи Нигина РАҲМОНОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.04.2021 №: 81 Мутолиа карданд: 682