logo

иҷтимоиёт

МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА КИНОИ ТОҶИК

Соли 1957 Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки Рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав гузаронда шаванд. Барои дар сатҳи баланд ташкил ва роҳандозии ин чорабинии муҳими фарҳангӣ тамоми муассисаҳои таълимию эҷодӣ вазифадор шуданд, ки ҳамаҷониба тайёрӣ бинанд. Ҳамон сол Киностудияи Сталинобод дар назди худ вазифа гузошт як коргардони шинохтаро ба Тоҷикистон даъват намуда, аз навоварӣ ва пешрафти кинои тоҷик филми бадеиеро ба навор бардорад. Бо ин мақсад, коргардони болаёқат ва таҷрибадор Рафаил Перелштейнро даъват намуданд.
 
Киностудияи  Сталинобод аз ҷониби худ сенарияи Е. Смирнова «Ман бо духтаре вохӯрдам» - ро пешниҳод намуд. Он  аз байни филмҳое, ки ба Рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон тавсия шуданд, мувофиқтар буд. Коргардони филм Р. Перелштейн барои эҷоди мусиқӣ оҳангсози шинохта Андрей Бобоевро ҷалб кард.
Устод Мирзо Турсунзода ва Андрей Бобоев идеяи асосии коргардонро, ки  шеъру оҳангҳо бояд  инъикосгари ҳаёти воқеӣ ва ҷавобгӯ ба матни асар бошанд, дастгирӣ намуда, ба эҷоди шеър ва бастани оҳанг оғоз бахшиданд. Устод машқу тамрини ҳунармандонро чандин маротиба тамошо карда, ба чунин хулоса омад, ки шеърҳои эҷодкарда бояд моҳияти  баланди бадеӣ ва такондиҳандаи амалиёт бошанд. Сурудҳо бояд эҳсосоти ботинии қаҳрамонҳоро бо таровати тоза инъикос намоянд. Устод ба филм сурудҳои «Дидам ҷамоле», «Суруди чойхоначӣ», «Суруди мӯзадӯз», «Суруди Холниссо» - ро пешниҳод намуд, ки ба оҳангсоз хеле писанд омаданд. 
Қаҳрамонҳои асосии филм Саид ва Лола аз нашъаи ишқ сармаст гардида, зиндагии хушбахтонаро дар дил мепарваранд. Ҳунармандон Ҷаҳон Саидмуродов, Розия Акобирова, Аслӣ Бурҳонов, София Тӯйбоева ва дигарон нақшҳоро самимона ва бо маҳорати баланд офариданд.  
Коргардон маслиҳати Турсунзодаро ба назар гирифт. Дар он масоили вобас-та ба дӯстию рафоқат, интихоби ҳамсар, баробарҳуқуқии занону мардон, озодии муҳаббат, покизагии ахлоқ ва тарғиби ғояҳои ватандӯстию меҳанпарастӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Масалан, духтаре, ки зери зулму фишори падар аз тамоми ҳуқуқҳо маҳрум гардида буд, ба орзую ҳавасҳои деринааш расид. Падараш бошад, тавассути таъсири театр тағйир ёфта, аз кардаи худ пушаймон гардиду роҳи духтарашро ба омӯхтани дониш ва касбу ҳунар мунаввар гардонд.
Маҳз филми бадеии «Ман бо духтаре вохӯрдам» - и Р. Перелштейн таваҷҷуҳи устод Мирзо Турсунзодаро ба санъати кино бештар  ҷалб намуда, ҳамкории эҷодиашро бо Киностудияи Сталинобод таҳким бахшид.
Бояд зикр намуд, ки 2 - юми ноябри соли 1938 Қарори Шӯрои Комиссарони Халқии ҶШС Тоҷикистон «Оид ба тарҷумаи филмҳо бо забони тоҷикӣ» ба тасвиб расид. Дар он, аз ҷумла омадааст: «Бо мақсади аз тарафи меҳнаткашони Тоҷикистон беҳтар дарк кардани филмҳои бо забони русӣ истеҳсолшуда, аз тарафи Киностудияи Сталинобод зудтар омӯхта шудани тариқи истеҳсоли дубляжи кинофилмҳо ба забони тоҷикӣ зарур ҳисобида шавад». 
Баъди қабули қарори мазкур як гурӯҳ адибон, назири  Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ ва Сотим Улуғзода аввалин шуда ба тарҷумаи филмҳои бадеӣ машғул шуданд.  Аз ин нукта бармеояд, ки устод Турсунзода шурӯъ аз ҳамон сол саҳми  назарраси  худро  дар  пешрафти фаъолияти киностудия бо тарҷумаи филмҳои бадеӣ гузоштаанд.  Дар ин бора худи устод мегӯянд: «Дубляжи филмҳои бадеиро бояд билкул давом дод. Аз экран шунидани овози артистон, алалхусус ба забони модарии худ,  чӣ хуш аст».  
Устод Турсунзода баъди ду сол бо ҳамроҳии Инна Филимонова   сенарияи филми «Ҳасани аробакаш» - ро эҷод намуданд.  Коргардон Борис Кимёгаров  фик-ру андешаҳои муаллифони сенарияро ба риштаи таҳлил кашида, хулосаи худро нисбат ба идеяи асар муайян намуд ва ба кор оғоз бахшид. Дар раванди филмбардорӣ бо устод Турсунзода чандин маротиба дидору гуфтугӯ намуда, маслиҳатҳои судмандашонро ҷонибдорӣ кард. 
Борис  Кимёгаров дар филм муҳимтарин воқеаҳои ҳаёти халқро ба навор гирифта, моҳияти азнавсозии Тоҷикистонро дар хати сюжет аз оғоз то анҷом нигоҳ дошта, ба зиндагии воқеӣ пайваст намудааст. Коргардон дар филм хусусиятҳои хоси ботини қаҳрамонро ба воситаи актёр Бимбулат Ватаев кушодааст. Қаҳрамони Б. Ватаев аз мушкилоти зиндагӣ тарсу ҳарос  надорад, аз монеаҳои ҳаёт сар намепечад,  баръакс бо азму субот барои ҳалли онҳо саъю талош менамояд. Дар филм коргардон идеяҳои пешниҳодкардаи Турсунзодаро, ки фарогири дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷомеа, муборизаҳои пуршиддат, муҳаббат ба Ватан, гардиши чархи таърих ва ғалабаи нав бар куҳна буданд, ҷонибдорӣ кардааст.
Борис Кимёгаров ба филм як гурӯҳ актёрони ҷавону умедбахши тоҷик, ба мисли Маҳмудҷон Воҳидов, Маҳмуд Тоҳирӣ, Гурминҷ Завқибеков, Мукаррама Камолова ва дигаронро даъват намуд,  ки бо ҳаракатҳои табиӣ, дарк ва эҳсоси матн ба дили тамошобин роҳ ёфтанд.
Баъди рӯи экран баромадани филми «Ҳасани аробакаш» дар дили устод Мирзо Турсунзода хоҳиши навиштани сенарияҳои нав пайдо шуд. Дар ин росто, устод сенарияи  филмҳои «Бо амри дил» ва «Субҳи Ганг» - ро  аз рӯи достони «Аз Ганг то Кремл» эҷод кард, ки дар аксар кинотеатрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба маъраз гузошта шуд. Муаллифи сенарияи «Субҳи Ганг» (коргардон Л. Файзиев) фалсафаи ҳаёти қаҳрамонҳо, муҳаббати халқ ба зиндагӣ ва зиддиятҳои рӯзгорро ошкор намуда, муносибати шахсию ҷамъиятиро кушода додааст, ки барои иҷро намудани нақш ба актёр имконияти фаровон медиҳад.  Дар ин филм ҳунармандони тоҷик, ӯзбек, рус, ҳинд ва афғон бо ҳам нақш офаридаанд. 
Аз рӯи достони «Ҷони ширин» - и устод М. Хоҷаев ва И. Азизбоев сенарияи «Муборизи роҳи сулҳ» - ро эҷод намуданд. Бояд ёдрас шуд, ки сенариянависон мавзӯъҳои сулҳ, дӯстӣ, истиқлолияти миллӣ, сифатҳои ботинӣ ва зоҳирии зани тоҷикро ба инобат гирифта, идеяи асосии асарро ба он равона кардаанд. Дар филми ҳуҷҷатии телевизионӣ қаҳрамони асосӣ худи шоир - Мирзо Турсунзода аст.  Аммо коргардон ба ин нақш Артисти халқии Тоҷикистон, ровии ширинбаён Маҳмудҷон Воҳидовро даъват намуд. Филм аз устод Мирзо Турсунзода оғоз мегардад.  Пас аз лаҳзае Маҳмудҷон Воҳидов дар назди баландгӯяк бо либоси расмӣ намудор мешавад.  Аммо аз шеърхонии ҳунарпеша пайдост, ки дилаш ором нест, гӯё аз касе андаке ранҷида бошад. Баъд оҳиста - оҳиста образ инкишоф ёфта, ба авҷи аълояш мерасад. 
Коргардони филм ба ҳар як боби достон мувофиқи мазмун саҳнаҳоеро наворбардорӣ кардааст, ки ба мазмуни сенария маънии нав зам намуда, моҳияти онро кушода медиҳад ва бинандаро ба ваҷд меорад.  Хусусан, қироати шеър аз ҷониби  Маҳмудҷон Воҳидов дар саҳнаҳои минбаъда ҷозибаноку ширинтар садо медиҳад. Дар ифодаи ҳар як калима изҳори вафодорӣ ва садоқати ӯ ба ёри меҳрубонаш ба гӯш форам мерасад. 
Устод Мирзо Турсунзода бо сенарияҳо ва маслиҳатҳои пандомезашон дар инкишоф ва рушди кинои тоҷик саҳми арзанда гузоштанд. Хотирнишон месозем, ки баъди пайдо шудани сенарияҳои шоирон ва нависандагони дигари тоҷик Киностудияи «Тоҷикфилм» дар байни марказҳои филмбардории ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуд. Бо меҳрубонӣ ва дастгирии устод Турсунзода як гурӯҳ актёрони ҷавони тоҷик тарбия ёфта, ба камол расиданд. Сенарияҳои эҷодкардаи Мирзо Турсунзода қимати баланди бадеияшонро то имрӯз гум накардаанд, зеро масъалаҳои бамиёнгузоштаи муаллиф мубрам ва рӯзмарра буда, аслан қадр ва қимати инсонро ифода менамоянд.
 
Рустам  ВОҲИДӢ, 
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 
мудири кафедраи режиссура 
ва продюсерии ДДФСТ 
ба номи Мирзо Турсунзода, 
 
Додоҷон РӮЗИЕВ, 
муҳаррири маҷаллаи 
“Фарҳанг ва санъат”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2021    №: 82 - 83    Мутолиа карданд: 804
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед