logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо ва самтҳои фаъолият, ташкил, низом, сохтор, ваколатҳо, хизмат дар мақомоти адлия, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддӣ  ва  техникии  мақомоти  адлияро муайян менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мақомоти адлия) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошанд, ки дар доираи ваколатҳои худ таъмини амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ,  иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, амалӣ менамоянд. 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти мақомоти адлия
Фаъолияти мақомоти адлия ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
3) баробарии ҳама дар назди қонун;
4) инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ;
5) шаффофияти хизмат дар мақомоти адлия, ба истиснои фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад;
6) ягонагии низоми мақомоти адлия;
7) ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти дигари давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;
8) ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ;
9) касбият ва салоҳиятнокии кормандони мақомоти адлия;
10) ғайриҳизбият.
Моддаи 4. Самтҳои фаъолияти мақомоти адлия 
Самтҳои фаъолияти мақомоти адлия инҳо мебошанд:
1) таъмини амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ;
2) иштирок дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини мутобиқати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;
3) баҳисобгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
4) гузаронидани санҷиш, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва бақайдгирии давлатии онҳо;
5) пешбурди Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) мураттабсозӣ ва пешбурди нусхаҳои назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
7) пешбурди махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
9) санҷиш ва назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта;
10) дар доираи ваколатҳои худ таъмини фаъолияти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, иштирок дар омодасозӣ ва баимзорасонии шартномаҳои байналмилалӣ;
11) амалӣ  намудани  сиёсати  давлатӣ  дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, хизматрасонии ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ ва таблиғоти ҳуқуқӣ;
12) таъмини фаъолияти нотариат ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ; 
13) бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, гарави молу мулки манқул ва шартномаҳои консессионӣ;
14) гузоштани апостил ба ҳуҷҷатҳои расмии содиротии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариусҳои давлатӣ, мақомоти судӣ, мақомоти истеҳсолоти иҷро ва мақомоти прокуратура; 
15) роҳбарӣ, ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, арзёбӣ ва назорати сифати хизматрасонии давлатӣ;
16) таъмини иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
17) ташкил ва гузаронидани экспертизаи судӣ ва криминалистӣ;
18) амалӣ намудани вазифаҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
БОБИ 2. НИЗОМ, СОХТОР ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ
Моддаи 5. Низом ва сохтори мақомоти адлия
1. Ба низоми  мақомоти адлия инҳо дохил мешаванд:
1) дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) раёсатҳои адлия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо; 
4) корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари мақомоти адлия.
2. Дар мақомоти адлия таъсис додан ва фаъолияти сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои динӣ манъ аст.
3. Низомнома ва оинномаҳои мақомоти дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида, ба истиснои низомномаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаҳои Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ва маркази ёрии ҳуқуқӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро тасдиқ мекунад, аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
4. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ, номгӯи муассиса, корхона, ташкилотҳои дигар ва шумораи ниҳоии кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Моддаи 6. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ва идоракуниро дар соҳаи муайяни фаъолият таъмин ва бо тартиби муқарраргардида фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро дар ҳамин соҳа ҳамоҳанг месозад.
2.  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазир роҳбарӣ мекунад, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад. Фармон дар бораи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намудани вазир дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовинон дорад, ки яке аз онҳо ҳамзамон сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мебошад. Муовини якум ва муовинони вазири адлия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд. Шумораи муовинонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
4. Дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарраёсат, раёсат, шуъба ва бахшҳо иборат мебошад, ки роҳбарон ва кормандони онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
5. Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои муҳими фаъолияти мақомоти адлия ҳайати  мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (раис), муовини якум ва муовинони ӯ (аз рӯи мансаб), дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд. Ҳайати мушовараи вазорат бо пешниҳоди вазири адлия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
6. Ваколатҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни мазкур, низомномаи вазорат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.
Моддаи 7. Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
1. Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мақоми ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ буда, иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба фаъолияти муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таъмин мекунад. Роҳбарии умумии сарраёсат, мақомот ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Сарраёсатро муовини вазир – сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ роҳбарӣ менамояд. Сардори сарраёсат муовини якум ва муовинон дорад, ки онҳо, инчунин командирони қисмҳои ҳарбӣ, муовинони онҳо, сармуҳосиб, сардорони муассисаҳои ислоҳӣ бо пешниҳоди сардори сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
3. Тартиби амалисозии фаъолият, низоми идоракунӣ ва  вазъи ҳуқуқии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.
Моддаи 8. Раёсати адлия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо
1. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо раёсати адлия таъсис дода мешавад.
2. Раёсати адлия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳоро сардори раёсат роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад. 
3. Сардори раёсат дорои як муовин мебошад, ки аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад. 
4. Дар раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо бо тартиби муқарраргардида воҳидҳои сохторӣ ташкил карда мешаванд, ки кормандони онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сардори раёсат бо розигии хаттии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
5. Тартиби амалисозии фаъолият, низоми идоракунӣ ва вазъи ҳуқуқии раёсатро низомномаи он танзим менамояд.
Моддаи 9. Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо
1. Нотариати давлатӣ ҳамчун воҳиди сохтории мақомоти адлия ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва давлатро бо роҳи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ҳифз менамояд.
2. Нотариуси давлатӣ ва кормандони техникии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод менамояд.
3. Тартиби амалисозии фаъолият, низоми идоракунӣ ва вазъи ҳуқуқии низоми нотариати давлатиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.
Моддаи 10. Раёсат, шуъбаҳо ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаҳо-хонаҳои ақди никоҳ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 
1. Раёсат, шуъбаҳо ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаҳо-хонаҳои ақди никоҳ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамчун воҳидҳои сохтории мақомоти адлия фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ҳамоҳанг месозанд.
2. Роҳбарони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаҳо-хонаҳои ақди никоҳ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва кормандони дигари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд.
3. Тартиби амалисозии фаъолият, низоми идоракунӣ ва вазъи ҳуқуқии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.
Моддаи 11. Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ
1. Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ воҳиди сохтории мақомоти адлия буда, тавассути дониши махсус дар соҳаи илм, техника, санъат ва ҳунар фаъолиятро оид ба ташкил ва гузаронидани экспертизаи судӣ ва криминалистӣ дар асоси таъиноти суд, қарорҳои судяҳо, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ ва дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахс дар рафти мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмурӣ барои муқаррар кардани ҳолатҳое, ки бояд исбот карда шаванд, амалӣ менамояд.
2. Роҳбарии умумии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Директори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ва муовинони ӯ аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
3. Тартиби амалисозии фаъолият, низоми идоракунӣ ва вазъи ҳуқуқии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» ва оинномаи он танзим менамоянд.
Моддаи 12. Маркази ёрии ҳуқуқӣ
1. Маркази ёрии ҳуқуқӣ воҳиди сохтории мақомоти адлия буда, мақсади он ташаккул додани асосҳои рушди низоми давлатии расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони касбӣ ба аҳолӣ мебошад.
2. Роҳбарии умумии маркази ёрии ҳуқуқиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Директори маркази ёрии ҳуқуқӣ ва муовини ӯ аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
3. Тартиби амалисозии фаъолият, низоми идоракунӣ ва вазъи ҳуқуқии марказро оинномаи он танзим менамояд.
Моддаи 13. Муассисаи таълимии мақомоти адлия
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои муассисаи давлатии таълимӣ буда, фаъолияти он ба баланд бардоштани савияи дониш ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия, хадамоти ҳуқуқии ташкилотҳо, ташкил ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона карда мешавад.
2. Роҳбарии умумии муассисаи таълимиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Ректори муассисаи таълимӣ ва муовинони ӯ аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
3. Муассисаи таълимӣ метавонад кафедра ва шуъбаҳо дошта бошад, ки кормандони онҳо дар мувофиқа бо вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ректор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд. 
4. Тартиби амалисозии фаъолият, низоми идоракунӣ ва вазъи ҳуқуқии муассисаи таълимии мазкурро оинномаи он танзим менамояд.
Моддаи 14. Корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари мақомоти адлия
1. Дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади  таъмини фаъолияти муназзами мақомоти адлия корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар ташкил карда мешаванд.
2. Роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилотҳо аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
3. Тартиби амалисозии фаъолият ва низоми идоракунии корхона, муассиса ва ташкилотҳои мақомоти адлияро оинномаи онҳо танзим менамояд. 
 
БОБИ 3. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ
Моддаи 15. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
1) бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси худ таҳия ва бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ пешниҳод намудани лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) санҷиши ҳуқуқии лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани хулосаи ҳуқуқӣ оид ба мутобиқати онҳо ба Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ;
3) бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиши ҳуқуқӣ қарор додани лоиҳаи қонунҳое, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод мешаванд, таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта;
5) ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектони ҳуқуҷэҷодкунанда. 
2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ амалӣ менамояд.
Моддаи 16. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
1) иштирок дар таҳияи санадҳои байналмилалии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) гузаронидани санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ;
3) таъминоти ҳуқуқии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ;
4) гузаронидани санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои байналмилалии сармоягузорие, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
5) додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шартномаҳои қарзие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд;
6) иштирок дар таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон қабул кардааст;
7) додани хулосаи ҳуқуқӣ оид ба гузаронидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо намудани шартномаҳои байналмилалӣ заруранд;
8) бо ташаббуси худ ё бо пешниҳоди мақомоти давлатӣ анҷом додани таҳлили санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ворид намудани (имплементатсия) меъёрҳои онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9) ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти адлияи давлатҳои хориҷӣ;
10) бастани шартнома ё созишномаҳо оид ба ҳамоҳангсозии корҳо, ёрии ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ, инчунин бо созмонҳои байналмилалии ҳуқуқӣ.
2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд.
Моддаи 17. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи баҳисобгирӣ, санҷиш, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад.
2. Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки   Тоҷикистон   онҳоро эътироф  намудааст,  санадҳои  меъёрии ҳуқуқии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешаванд.
3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ба санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон месанҷад ва бақайдгирии давлатии онҳоро амалӣ менамояд. 
4. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар қисми 3 моддаи мазкур зикргардида пас аз бақайдгирии давлатӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешаванд.
5. Нусхаҳои назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур зикргардида дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз дошта мешаванд.
6. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи давлатии  зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи  вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро мегузаронад. Асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим  менамоянд.
7. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи баҳисобгирӣ, санҷиш, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
Моддаи 18. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта амалӣ менамояд.
2. Дар сурати ошкор намудани санади меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабулгардида, ки аз қайди давлатӣ нагузаштааст, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи беэътибор донистани он протокол тартиб дода, чопи онро дар нашрияи расмӣ таъмин менамояд.
3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта амалӣ менамояд.
Моддаи 19. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи бақайдгирии давлатӣ 
1. Мақомоти адлия дар соҳаи бақайдгирии давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:
1) бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
2) қайди баҳисобгирии филиал ва намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда;
3) пешбурди феҳристи ягонаи ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
4) бақайдгирии давлатии гарави молу мулки манқул ва шартномаҳои консессионӣ; 
5) бақайдгирии давлатии огоҳиномаҳои гарав ва пешбурди феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда;
6) бақайдгирии давлатии таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ ва иваз кардани насаб, ном ва номи падар;
7) бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти минтақавии он, кабинетҳои адвокатӣ, маслиҳатхонаҳои ҳуқуқӣ, коллегия ва бюроҳои адвокатӣ;
8) пешбурди Феҳристи ягонаи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ ва Феҳристи ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мақомоти адлия ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи бақайдгирии давлатӣ амалӣ менамоянд. 
Моддаи 20. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
1. Мақомоти адлия дар соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:
1) иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ;
2) таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният дар муассисаҳое, ки адои ҷазои ҷиноятиро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ амалӣ менамоянд, таъмини бехатарии маҳкумшудагон ва шахсони ба ҳабс гирифташуда, инчунин кормандон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони дар ҳудуди чунин муассисаҳо қарордошта;
3) огоҳонидан, фош кардан, ошкор кардан, пешгирӣ намудани ҷиноятҳо ва вайронкуниҳои тартиботи муқарраршудаи адои ҷазо, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ сурат мегиранд ва ё содир карда мешаванд;
4) мусоидат ба фош ва ошкор намудани ҷиноятҳое, ки маҳкумшудагон пеш аз ба муассисаи ислоҳӣ омадан содир кардаанд;
5) муҳофизати мақомот, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
6) муҳофизат ва посбонии маҳкумшудагон ва маҳбусон ҳангоми аз як ҷой ба ҷои дигар бурдани онҳо;
7) иҷрои меъёрҳои шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон, ки Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
8) ҷалби маҳкумшудагон ба меҳнат ва таъмини таҳсилоти умумӣ, инчунин таълими касбии онҳо дар муассисаҳо дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор;
9) таъмини фаъолияти мақомот ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
10) таҳқиқи парвандаҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мансуб мебошанд;
11) гузаронидани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин мусоидат ба мақомоти гузаронандаи он, барои пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо;
12) таҳияи пешниҳод оид ба такмили системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
13) омодасозии кормандони муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва такмили ихтисоси онҳо;
14) таъмини беҳбудии шароити санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии шахсоне, ки дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ нигоҳ дошта мешаванд;
15) таъмини  бехатарии  зидди сӯхтор, экологӣ ва техногенӣ дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
16) таъмини низоми шароити махсус, ки дар асоси фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шудааст.
2. Мақомоти адлия ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ амалӣ менамоянд.
Моддаи 21. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи экспертизаи судӣ ва криминалистӣ
1. Мақомоти адлия дар соҳаи экспертизаи судӣ ва криминалистӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:
1)  ташкили фаъолияти муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ;
2) гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ё маъмурӣ; 
3) гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ аз рӯйи дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
4) гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи экспертизаи давлатии судӣ;
5) таъмини илмию методии экспертизаи давлатии судӣ;
6) интихоб, омодагии касбӣ ва такмили ихтисоси коршиносони судӣ.
2. Мақомоти адлия ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи экспертизаи судӣ ва криминалистӣ амалӣ менамоянд.
Моддаи 22. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ва апостилгузорӣ
1. Мақомоти адлия бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин манфиатҳои давлат амалиёти нотариалиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меоварад.
2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариусҳои давлатӣ, мақомоти судӣ, прокуратура ва истеҳсолоти иҷро апостил мегузорад.
3. Тартиби ташкил ва апостилгузориро низомномаи қоида ва шартҳои ягонаи гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, танзим менамояд.
Моддаи 23. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ
1. Мақомоти адлия дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:
1) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ;
2) таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии бо расонидани ёрии ҳуқуқӣ алоқаманд;
3) идоракунии умумӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюмдараҷа;
4) мониторинги фаъолияти ҳуқуқшиноси давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои адвокатӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ва баландбардории фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ;
5) таҳия ва муқаррар намудани талаботи ягона оид ба сифати ёрии ҳуқуқии ба шахсони воқеӣ расонидашаванда;
6) назорати риояи меъёрҳои одоби касбӣ ва талаботи сифати ёрии ҳуқуқии ба шахсони воқеӣ расонидашаванда;
7) ба роҳ мондани  ҳамкории байналмилалӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ;
8) амалигардонии ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон.  
2. Тартиби расонидани ёрии ҳуқуқӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва кафолатҳои давлатии ёрии ҳуқуқиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд. 
Моддаи 24. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи таълиму тарбия ва таблиғоти ҳуқуқӣ
1. Мақомоти адлия дар соҳаи таълиму тарбия ва таблиғоти ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ тадбирҳо андешида, фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои давлатиро дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамоҳанг месозанд ва ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ амалӣ менамоянд.
2. Дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. 
3. Иҷрои қарорҳои Шӯро оид ба мутобиқсозӣ дар ин самти фаъолият барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳо ва идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма, муассисаҳои таълимӣ ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 25. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
1. Мақомоти адлия нашри расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» амалӣ менамоянд.
2. Пешбурди портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Моддаи 26. Ваколатҳои мақомоти адлия оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти дигари давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ
Мақомоти адлия бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти дигари давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи самт ва ваколатҳои ба фаъолияти онҳо мансуббуда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ мемонанд.
Моддаи 27. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ 
Мақомоти адлия дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:
1) таъмини амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
2) таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ ва қоидаҳои пешбурди он;
3) мувофиқаи лоиҳаи стандартҳои хизматрасониҳои давлатӣ;
4) гузаронидани мониторинги фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, хизматрасонандагони дигар оид ба таҳияи стандартҳо ва (ё) меъёрҳои хизматрасониҳои давлатӣ;
5) таҳия ва тасдиқи усули муайян намудани арзиши хизматрасониҳои давлатӣ;
6) таҳия ва тасдиқи тартиби ташаккул, муҳлати пешниҳод ва шакли намунавии ҳисобот дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
7) пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили стандартҳои хизматрасониҳои давлатӣ;
8) бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ;
9) таҳияи қоидаҳои назорати миқдор ва сифати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
10) назорати миқдор ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ;
11) дархости маълумот дар бораи натиҷаҳои назорати дохилии миқдор ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ;
12) таҳия ва тасдиқи усули арзёбии сифати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
13) ташаккул ва амалигардонии фармоиши давлатии иҷтимоӣ оид ба гузаронидани мониторинги ҷамъиятии миқдор ва сифати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
14) расонидани кумаки иттилоотӣ, машваратӣ ва методӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди гузаронидани мониторинги ҷамъиятии сифати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
15) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
БОБИ 4. ХИЗМАТ ДАР МАҚОМОТИ АДЛИЯ
Моддаи 28. Кормандони мақомоти адлия
1. Кормандони мақомоти адлияро хизматчиёни давлатӣ, инчунин шахсони дигаре, ки муносибатҳои меҳнатии онҳо тибқи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешаванд, ташкил медиҳанд.
2. Ба хизмат ба мақомоти адлия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки забони давлатиро медонад, таҳсилоти касбии соҳаи дахлдорро дошта, ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ мебошад, қабул карда мешавад.
3. Шаҳрванде, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ дорад, барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ё бо асосҳои ғайрисафедкунанда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардидааст, ба хизмат ба мақомоти адлия қабул карда намешавад ва дар хизмат буда наметавонад.  
 4. Вазъи ҳуқуқии кормандони мақомоти адлия тибқи Қонуни мазкур, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
5. Ба кормандони мақомоти адлия шаҳодатномаи хизматӣ дода мешавад. Низомнома дар бораи шаҳодатномаи хизматии кормандони мақомоти адлия ва намунаи он аз тарафи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Шаҳодатномаи хизматӣ ҳуҷҷатест, ки шахсияти корманди мақомоти адлия, рутбаи дараҷавӣ ва мансаби ӯро тасдиқ мекунад. Шаҳодатномаи хизматии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   муовини якум ва муовинон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Моддаи 29. Рутбаҳо ва унвонҳои махсуси кормандони мақомоти адлия
1. Ба кормандони мақомоти адлия вобаста ба мансаби ишғолкардаашон ва собиқаи корӣ рутбаҳои ҳарбӣ, махсус, дараҷавӣ ва тахассусӣ дода мешаванд.
2. Рутбаҳои ҳарбӣ, махсус, дараҷавӣ ва тахассусӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
3. Ба кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии мақомоти адлия рутбаҳои ҳарбӣ ва махсус дода мешаванд. Тартиби додани рутбаҳои ҳарбӣ ва махсуси кормандони муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» ва Низомномаи тартиби адои хизмати ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.  
4. Ба кормандони дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои адлия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо,  дар сурати доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ рутбаҳои дараҷавӣ дода мешаванд. Низомнома дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
5. Кормандони мақомоти адлияи дар қисми 4 моддаи мазкур зикргардида, ки дорои рутбаҳои дараҷавӣ мебошанд, ҳуқуқи пӯшида гаштани либоси расмиро доранд. Либоси расмӣ ба онҳо аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон дода мешавад. Тавсифи аломатҳои фарқкунандаи либоси расмӣ ва қоидаҳои пӯшида гаштани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
6. Ба хизматчиёни давлатии мақомоти адлия, ки дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи мазкур пешбинӣ нагардидаанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» рутбаҳои тахассусӣ дода мешаванд.
7. Рутбаҳои ҳарбӣ, махсус, дараҷавӣ ва тахассусии кормандони мақомоти адлия якумра мебошанд. 
Моддаи  30. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия
1. Дар низоми мақомоти адлия ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия амалӣ карда мешавад. Дар доираи ҷойивазкунӣ (ротатсия) кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия бо дар назар доштани тахассусашон ба раёсатҳои адлия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, муассисаҳо ва дигар воҳидҳои сохтории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор фиристода мешаванд ва фаъолияти худро амалӣ менамоянд.
2. Ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия дар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои адлия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, муассисаҳо ва воҳидҳои сохтории дигари он дар панҷ сол як маротиба гузаронида мешавад. 
3. Тартиби ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.  
Моддаи 31. Таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандони мақомоти адлия
Таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандони мақомоти адлия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 32. Ҳавасмандгардонӣ ва масъулияти кормандони мақомоти адлия
1. Кормандони мақомоти адлия барои эътирофи хизматҳояшон дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.
2. Кормандони мақомоти адлия барои маҳорати касбӣ, дастовардҳои меҳнатӣ, хизмати бисёрсолаи софдилона ва бенуқсон аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони корманди фахрии мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони сарисинагӣ, мукофотҳои идоравӣ ва ифтихорномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида   мешаванд.
3. Низомнома дар бораи тартиби ҳавасмандгардонӣ бо унвони корманди фахрии мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаклҳои нишони сарисинагӣ, мукофотҳои идоравӣ ва ифтихорномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
4. Нисбат ба кормандони мақомоти адлия барои эътирофи хизматашон ва баланд бардоштани масъулияти онҳо чораҳои ҳавасмандгардонӣ татбиқ карда мешаванд.
5. Кормандони мақомоти адлия барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
БОБИ 5. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВӢ ВА МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ
Моддаи 33. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мақомоти адлия
1. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мақомоти адлия аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ғайрибуҷетӣ (махсус) ва аз ҳисоби манбаъҳои дигари маблағгузории пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Мақомоти адлия бо биноҳои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа ва навъҳои дигари таъминот аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ғайрибуҷетӣ (махсус) ва аз ҳисоби манбаъҳои дигар, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, таъмин карда мешаванд.
2. Мақомоти адлия метавонад дорои фонди манзил бошанд. Сохтмони манзили хизматӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии (махсуси) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. 
Моддаи 34. Мусоидати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти мақомоти адлия
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда мақомоти адлияи дар ҳудудашон воқеъбударо бо биноҳои алоҳидаи хизматии муносиб таъмин ва ба амалӣ намудани вазифаҳои онҳо мусоидат менамоянд.
 
БОБИ 6. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ
Моддаи 35. Мавзӯи ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ
1. Мақомоти адлия мутобиқи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҳамкории байналмилалии ҳуқуқиро бо мақомоти адлия ва мақомоти дигари салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои  байналмилалӣ бо мақсади  ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расонидани ёрии ҳамдигарии ҳуқуқӣ, тайёр кардани кадрҳои ҳуқуқшинос ва омӯзиши таҷрибаи корӣ амалӣ мегардонад.
2. Мақомоти адлия дар доираи ваколатҳои худ бо мақомоти дахлдори давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ робита барқарор менамоянд, бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд ва шартномаҳо мебанданд.
Моддаи 36. Принсипҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ
Мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти адлияи мамлакатҳои хориҷӣ дар асоси принсипҳои зерин ҳамкорӣ мекунанд:
1) эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо ва бемайлон риоя намудани қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ;
2) баробарҳуқуқии тарафҳо;
3) афзалияти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакатҳои ҳамкорикунанда, инчунин меъёрҳои умумиэътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ;
4) ҳамаҷониба ривоҷ додани ҳамкорӣ ва эътимод дар байни мақомоти адлия ва мақомоти дигари салоҳиятноки мамлакатҳои ҳамкорикунанда;
5) софдилона иҷро кардани уҳдадориҳои байналмилалӣ.
Моддаи 37. Ваколати мақомоти адлия оид ба ҳамкории байналмилалӣ
Мақомоти адлия ҳамкории байналмилалии ҳуқуқиро бо мақомоти дахлдори давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, дар ҳалли масъалаҳои ба фаъолияти онҳо мансуббуда ба роҳ мемонанд.
 
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 38. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 39. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 апрели соли 2021, № 1773
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 3 марти соли 2021, № 332
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи 
Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 апрели соли 2021, № 137


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2021    №: 82 - 83    Мутолиа карданд: 3341
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед