қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба қисми 2 моддаи 100 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №7, мод.502; с.2014, №3, мод.145, №7, қ.1, мод.391, №11, мод.644; с.2015, №3, мод.202, №7-9, мод.709, мод.710, мод.711, №11, мод.956, №12, қ.1, мод.1109; с.2016, №3, мод.133, №7, мод.615; с.2017, №5, қ.1, мод.276; с.2018, №1, мод.8, №5, мод.270, мод.271; с.2020, №1, мод.7, №7-9, мод.601, мод.605, мод.622; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2020, №1728, №1729; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, №1754), тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар сархати якум калимаҳои «раёсати» ва «раёсат» мувофиқан ба калимаҳои «сарраёсати» ва «сарраёсат» иваз карда шаванд;
- ба сархати дуюм пас аз калимаи «сарҳад» калимаҳои «ва муовини ӯ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 апрели соли 2021, № 1774
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 10 феврали соли 2021, № 326
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 апрели соли 2021, № 138
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.04.2021 №: 82 - 83 Мутолиа карданд: 3562