қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил, фаъолият ва идоракунии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро муайян намуда, самтҳои фаъолият, вазифа, ваколат ва таъминоти молиявии онро муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) аъзои Академияи миллии илмҳо - аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд- Академияи миллии илмҳо), ки бо тартиби муқарраргардида дар маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо интихоб гардидаанд;
2) узви пайваста (академик)-и Академияи миллии илмҳо – унвони илмии академӣ, ки ба узви вобастаи Академияи миллии илмҳо барои саҳм дар рушди илми ватанӣ бо асарҳои дорои аҳамияти муҳимми илмӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дода мешавад;
3) узви вобастаи Академияи миллии илмҳо – унвони илмии академӣ, ки ба олими дорои дараҷаи илмии доктори илм ё доктор ҳабилитат барои саҳм дар рушди илми ватанӣ бо асарҳои муҳимми илмӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дода мешавад;
4) узви хориҷии Академияи миллии илмҳо – унвони илмии академӣ, ки ба олимон ва шахсиятҳои хориҷии барҷастаи илмию фарҳангӣ барои саҳм дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ, ҳамчунин барои мусоидат дар тайёр кардани олимону мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад;
5) узви фахрии Академияи миллии илмҳо – унвони илмии академӣ, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми намоён дар рушди иқтисодиёт, фарҳанг, маориф ва илму техника дода мешавад;
6) кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - олимон, ҳайати хизматрасони техникӣ, инчунин шахсони дигаре, ки муносибати меҳнатии онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд;
7) Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ – мақоми ҳамоҳангсози фаъолияти таҳқиқотии ҳамаи ташкилоту муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ доир ба самтҳои афзалиятдоштаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Академияи миллии илмҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Академияи миллии илмҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақоми Академияи миллии илмҳо, ҳайат ва сохтори ташкилии он
1. Академияи миллии илмҳо муассисаи худидорашавандаи олии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Академияи миллии илмҳо дар фаъолияти худ масъалаҳои гузаронидан, инкишоф додан ва мутобиқ гардонидани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар ҷумҳурӣ, омӯзиши масъалаҳои муҳимми тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, афзун гардонидани самараи истифодаи дастовардҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос, ҳамкории илм ва истеҳсолотро таъмин менамояд.
2. Академияи миллии илмҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи худ шаклу усулҳои фаъолияташро мустақилона муайян менамояд.
3. Академияи миллии илмҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
4. Ҳайати Академияи миллии илмҳо аз инҳо иборат аст:
1) шахсони воқеӣ - аъзои Академияи миллии илмҳо, ки бо тартиби муқарраргардида дар маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо интихоб мешаванд;
2) шахсони ҳуқуқӣ - муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои хизматрасонии илмӣ ва идоракунию тайёр кардани кадрҳои илмӣ, муассисаҳои соҳаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои сохтории Академияи миллии илмҳо.
5. Қонуни мазкур ва Оинномаи Академияи миллии илмҳо сохтори ташкилии Академияи миллии илмҳо, тартиби фаъолият ва маблағгузории ташкилот ва муассисаҳои илмиеро, ки ба ҳайати он дохил мешаванд, муайян менамояд.
Моддаи 4. Оинномаи Академияи миллии илмҳо
1. Оинномаи Академияи миллии илмҳоро маҷлиси умумии он қабул менамояд ва он бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Оинномаи Академияи миллии илмҳо дар асоси Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад.
3. Оинномаи Академияи миллии илмҳо маълумоти зеринро пешбинӣ менамояд:
1) ном, суроға ва мақоми ҳуқуқии Академияи миллии илмҳо;
2) мақсад, вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти Академияи миллии илмҳо;
3) ваколатҳои Академияи миллии илмҳо;
4) тартиби идоракунии Академияи миллии илмҳо, сохторҳои ташкилии он ва назорати фаъолияти онҳо;
5) шаклҳо ва тартиби амалӣ гардидани худидораи илмӣ;
6) ваколат, тартиби ташкил ва муҳлати ваколати мақомоти идоракунии Академияи миллии илмҳо;
7) тартиб ва шартҳои интихоби аъзои Академияи миллии илмҳо;
8) тартиби ташкил ва фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои Академияи миллии илмҳо;
9) ҳуқуқу уҳдадории аъзо, ташкилотҳои илмии Академияи миллии илмҳо, шартҳои ҳамкории онҳо бо дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, муносибатҳои байналмилалӣ;
10) шакл ва усулҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳо;
11) тартиби ишғоли вазифаҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони Академияи миллии илмҳо;
12) тартиби интихоб ва озод намудани ноиби аввал ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо;
13) тартиби баргузор намудани маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо;
14) тартиби пешбарии номзад ва интихоби аъзои раёсати Академияи миллии илмҳо;
15) шумора, сохтори ташкилӣ, ҳайат ва фаъолияти шуъбаҳои Академияи миллии илмҳо;
16) тартиби тасдиқи оинномаҳои ташкилотҳои илмии Академияи миллии илмҳо;
17) тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Академияи миллии илмҳо.
4. Дар Оиннома метавонанд дигар муқаррароти вобаста ба хусусиятҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳо пешбинӣ гарданд.
Моддаи 5. Вазифаҳои Академияи миллии илмҳо
Вазифаҳои Академияи миллии илмҳо аз инҳо иборат мебошанд:
1) таҳияи пешниҳодҳо барои ташаккул ва амалисозии сиёсати давлатии илмию техникӣ, иштирок дар муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ;
2) омӯзиш ва коркарди илмии масъалаҳои муҳим дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихӣ, табиӣ, техникӣ, тиббӣ, технологияҳои инноватсионӣ, ҳифзи муҳити зист;
3) гузаронидани таҳқиқоти бунёдии илмӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои табиатшиносӣ, тиббӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамчунин санъатшиносӣ бо мақсади тақвияти неруи илмию техникӣ, ҳарбию саноатӣ, иқтисодию молиявӣ, зеҳнию маънавӣ ва иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон;
4) коркарди роҳу усулҳои нави пешрафти илмӣ ва илмию техникӣ, иштирок дар таҳияи консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, таҳияи тавсияҳо оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ дар амалия, ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа ҳангоми татбиқ ва истифодаи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот;
5) ташхиси илмии барномаҳои муҳимтарини илмӣ, илмию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ;
6) ташхиси илмию техникии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ, корҳои илмие, ки барои гирифтани мукофот ва ҷоизаҳо дар соҳаи илм ва техника пешниҳод шудаанд, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи илму техника;
7) ташхиси технологияҳои муосири илмӣ;
8) мусоидат барои истифодаи амалии комёбиҳои илми ҷаҳонӣ;
9) дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ омода кардани кадрҳои илмии баландихтисос тавассути магистратура, аспирантура, докторантура (PhD), унвонҷӯӣ, докторантураи анъанавӣ, постдокторантура, баланд бардоштани тахассуси кормандони илмӣ ва мутахассисони ташкилот ва муассисаҳои илмӣ ва мақомоти давлатӣ;
10) ташкили курсҳои бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар муассисаҳои илмӣ;
11) тарғибу ташвиқи донишҳо ва дастовардҳои илмӣ бо мақсади ташаккули ҷаҳонбинии илмию техникии аҳли ҷомеа;
12) таҳкими робитаҳои илмӣ ва ҳамкорӣ бо субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, омода кардани пешниҳодҳое, ки ба рушди заминаи моддӣ ва иҷтимоии илм равона карда шудаанд, баланд бардоштани сатҳи ҳамгироии илм ва маориф, солимии аҳолӣ, амалисозии самарабахши неруи инноватсионии илм;
13) ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги робитаҳои байналмилалии илмию техникӣ.
Моддаи 6. Ваколатҳои Академияи миллии илмҳо
Ба ваколатҳои Академияи миллии илмҳо мансубанд:
1) таъмини фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология, техникӣ, тиббӣ, биологӣ ва кишоварзӣ, илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) таъмини фаъолияти Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) пешбурди фаъолият дар таъмини бехатарии сейсмикӣ;
4) таҳлил ва мониторинги заминларзаҳо ва ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ, ҳолати пиряхҳо ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ, истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта;
5) ташкил ва гузаронидани озмуни ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника барои таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, тиббӣ, техникӣ, ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарие, ки натиҷаҳои онҳо барои вусъатбахшии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, ҳалли вазифаҳои умумиинсонӣ имкониятҳои нав фароҳам оварда, барои ба арсаи ҷаҳонӣ баромадани илму техникаи ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд;
6) иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои рушди илму техника дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Самтҳои асосии фаъолияти Академияи миллии илмҳо
Самтҳои асосии фаъолияти Академияи миллии илмҳо инҳо мебошанд:
1) таҳия ва таъмини иҷрои барномаҳои давлатии таҳқиқоти бунёдӣ, нақшаҳои солона ва дурнамои муҳимтарин корҳои илмию таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбурди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо;
2) ҳамоҳангсозии соҳаҳо ва самтҳои таҳқиқоти бунёдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, аз ҷумла бо роҳи таъсис додани шӯроҳо, кумитаҳо ва комиссияҳои илмӣ оид ба масъалаҳои илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ;
3) пешбурд ва ҳамоҳангсозии соҳаҳо ва самтҳои таҳқиқоти илмии амалӣ, иҷрои барномаҳои давлатии илмию техникӣ, коркарди таҷрибавӣ-конструкторӣ ва технологӣ барои ба вуҷуд овардани намунаҳои техника ва технологияҳои нави инноватсионӣ;
4) ташкили истеҳсолоти таҷрибавии маҳсулоти илмӣ ва инноватсионӣ;
5) иштирок дар ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илму техника;
6) таҳлил, арзёбӣ ва мусоидат ба иcтифодаи амалии дастовардҳои илмию техникии ҷаҳонӣ;
7) муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳои илмӣ, идораи хизматрасонии илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Академияи миллии илмҳо;
8) амалӣ гардонидани фаъолияти илмию таълимӣ дар шакли магистратура, докторантура бо додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, постдокторантура, унвонҷӯӣ, аспирантура, докторантура бо додани дараҷаи илмии доктори илм;
9) бо тартиби муқарраршуда таҳия ва пешниҳод кардани лоиҳаи нақшаҳои маблағгузорӣ, тақсимоти маблағҳои буҷетӣ дар байни муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо;
10) таъминоти моддию техникии пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ.
Моддаи 8. Тартиби таъмини фаъолияти Академияи миллии илмҳо
1. Давлат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти Академияи миллии илмҳо тамоми шароитро муҳайё карда, маблағгузории онро бо тартиби муқарраргардида таъмин менамояд.
2. Академияи миллии илмҳо дар фаъолияти худ бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ менамояд. Аз рӯи масъалаҳое, ки ба ваколатҳои Академияи миллии илмҳо мансубанд, он метавонад ба ин мақомот, инчунин дигар корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо бевосита муроҷиат намояд, аз онҳо ба дархости худ ҷавоб гирад. Намояндагони ваколатдори Академияи миллии илмҳо ҳангоми баррасии масъалаҳое, ки ба ваколатҳои Академияи миллии илмҳо мансубанд, ҳуқуқ доранд дар ҷаласаи мушовараҳо, шӯроҳои илмию техникӣ ва дигар машваратҳои мақомоти ҷумҳуриявии идоракунии давлатӣ иштирок намоянд.
3. Фаъолияти Академияи миллии илмҳо дар асоси пайвастагии принсипҳои танзими давлатии фаъолияти илмӣ ва худидораи илмӣ амалӣ карда мешавад, ки он бояд иҷрои самараноки вазифаҳои дар назди Академияи миллии илмҳо гузошташуда, афзун намудани имкониятҳои эҷодии олимон, амалӣ гардидани ҷустуҷӯи озодонаи илмиро таъмин намояд.
4. Шакл ва тартиби амалӣ гардидани худидораи илмиро дар Академияи миллии илмҳо Оинномаи он муайян мекунад.
5. Муносибатҳои вобаста ба эҷод, ҳифз ва истифодаи моликияти зеҳнӣ, натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионии Академияи миллии илмҳо, ташкилотҳои илмии он ва кормандони алоҳидаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.
Моддаи 9. Фаъолияти таълимии Академияи миллии илмҳо
1. Академияи миллии илмҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба фаъолияти таълимӣ машғул шавад.
2. Фаъолияти таълимии Академияи миллии илмҳо дар шакли таҳсил дар магистратура, докторантура бо додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос, постдокторантура бо додани дараҷаи доктори ҳабилитат, унвонҷӯй, аспирант ва докторант амалӣ карда мешавад.
3. Фаъолияти таълимӣ дар Академияи миллии илмҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 10. Фаъолияти табъу нашр ва нашрияҳои Академияи миллии илмҳо
1. Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба фаъолияти ноширӣ, таъсиси нашриёт, аз ҷумла интишори нашрияҳои расмии даврӣ, нашри бевоситаи рисолаву дастнависҳои хаттӣ, мубодилаи нашрияҳо бо муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, китобхонаву осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ машғул шаванд.
2. Академияи миллии илмҳо нашрияҳои расмии илмии даврӣ ба табъ мерасонад. Муассисаҳои илмие, ки ба ҳайати он дохил мешаванд, мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дигар нашрияҳои давриро ҳам ба табъ расонанд.
Моддаи 11. Бойгониҳои илмии Академияи миллии илмҳо
1. Дар Академияи миллии илмҳо бойгонии илмии марказӣ ва бойгониҳои муассисаҳои илмии алоҳида амал мекунанд.
2. Академияи миллии илмҳо дар бойгонии илмии марказӣ ва бойгониҳои муассисаҳои илмии соҳавӣ нусхаи (маҷмӯи) дастнависҳои олимон, ходимони илм, адабиёт, фарҳанг ва санъат, инчунин маводи бойгонии ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо ва дигар маводро, ки барои таъриху ояндаи илму техника муҳим ва нодир мебошанд, маҳфуз медорад.
3. Академияи миллии илмҳо ва бойгониҳои муассисаҳои илмии он бо мақсади ба хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани маълумот дар бораи онҳо ба мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ иттилоот пешниҳод менамоянд.
Моддаи 12. Ҳамкории Академияи миллии илмҳо бо дигар субъектҳо ва иштирокдорони фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ
1. Шаклҳои асосии ҳамкории Академияи миллии илмҳо бо дигар субъектҳо ва иштирокдорони фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ аз инҳо иборатанд:
1) таҳия ва иҷрои барномаҳо, нақшаҳо ва лоиҳаҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ ва коркардҳои илмии муштарак;
2) ба таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ҷалб кардани олимон ва мутахассисони ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ;
3) иштироки олимон, мутахассисон ва кормандони Академияи миллии илмҳо дар иҷрои таҳқиқот ва коркардҳое, ки дигар ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд;
4) иштироки олимони Академияи миллии илмҳо тибқи қонунгузорӣ дар раванди омодасозии мутахассисон ва кормандони тахассуси олӣ барои ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) ворид кардани олимон ва мутахассисони ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ ба ҳайати шӯроҳои илмӣ, кумитаҳо ва комиссияҳое, ки Академияи миллии илмҳо таъсис медиҳад;
6) таъсиси шӯроҳои диссертатсионии муштарак бо дигар ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
7) амалӣ намудани дигар шаклҳои ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникие, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд.
2. Ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд доир ба самтҳои фаъолияти илмии худ аз рӯи ихтисосҳои эълоншуда номзадҳоро барои иштирок дар интихоби аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо пешбарӣ намоянд.
3. Академияи миллии илмҳо ҳуқуқ дорад ҳамасола аз ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар бораи ҳолат ва натиҷаҳои таҳқиқот маълумот дархост ва дастрас кунад ва ҳолату сатҳу самаранокии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии иҷрошавандаро арзёбӣ намояд.
4. Бо мақсади ҳамоҳангсозии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Академияи миллии илмҳо таъсис дода мешаванд:
1) Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ, ки ҳайат ва низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
2) шабакаи шӯроҳои илмӣ, илмию техникӣ ва ташхис доир ба самтҳои гуногуни пешбурди фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ.
БОБИ 2. АЪЗО ВА КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО,
ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
Моддаи 13. Аъзои Академияи миллии илмҳо
1. Аъзои Академияи миллии илмҳо аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳо, ки бо тартиби муқарраргардида дар маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо ба ин унвонҳо интихоб гардидаанд, мебошанд.
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳиби дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат мебошанд ва дар рушди илми ватанӣ саҳми арзанда доранд, ба истиснои шахсони дар қисми 7 моддаи мазкур пешбинигардида, тибқи тартиби муқарраргардида метавонанд узви вобаста ва узви пайваста (академик)-и Академияи миллии илмҳо интихоб карда шаванд.
3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми бузург дар рушди иқтисодиёт, фарҳанг, маориф ва илму техника метавонанд узви фахрии Академияи миллии илмҳо интихоб карда шаванд.
4. Олимон ва шахсиятҳои барҷастаи илмию фарҳангии хориҷӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ ва миллӣ, ҳамчунин барои мусоидат дар тайёр кардани олимону мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида метавонанд узви хориҷии Академияи миллии илмҳо интихоб карда шаванд.
5. Тартиб ва шартҳои интихоби аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳо дар Оинномаи он муайян карда мешавад.
6. Аъзои Академияи миллии илмҳо якумра интихоб карда мешаванд.
7. Шахсоне, ки мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои давлатии хизмати давлатиро ишғол менамоянд, номзад ба узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳо шуда наметавонанд.
Моддаи 14. Унвонҳои илмии академӣ
1. Академияи миллии илмҳо ҳуқуқи додани унвонҳои илмии академии зеринро дорад:
1) узви пайваста (академик)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
2) узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
2. Унвонҳои илмии академӣ мутобиқи натиҷаи интихобот, ки дар асоси Оинномаи Академияи миллии илмҳо баргузор мегардад, дода мешаванд.
3. Узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳо танҳо узви пайваста (академик) ва узви вобаста номида мешаванд. Шахсоне, ки унвонҳои узви пайваста (академик) ва узви вобастаи академияҳои соҳавиро доранд, ҳангоми навиштани ному насаб ва унвонашон бояд номи академияи мушаххаси соҳавиро нишон диҳанд.
Моддаи 15. Пардохти унвонпулии ҳармоҳа ба аъзои Академияи миллии илмҳо
1. Ба аъзои Академияи миллии илмҳо аз рӯзи интихоб ва тасдиқ шудан ба узвият унвонпулии ҳармоҳаи якумра муқаррар карда мешавад.
2. Андоза ва тартиби пардохти унвонпулии ҳармоҳаи аъзои Академияи миллии илмҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 16. Ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои Академияи миллии илмҳо
1. Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо ҳуқуқ доранд:
1) дар идоракунии Академияи миллии илмҳо бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ва Оинномаи Академияи миллии илмҳо иштирок намоянд;
2) ба мақомоти идоракунии Академияи миллии илмҳо интихоб шаванд ва интихоб намоянд;
3) оид ба фаъолияти Академияи миллии илмҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи Академияи миллии илмҳо иттилоот дастрас намоянд;
4) ҳангоми гузаронидани корҳои мустақили илмӣ ва роҳбарӣ ба лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ дар мувофиқа бо шуъбаи дахлдори Академияи миллии илмҳо барои фароҳам овардани шароити ҳадди ақали корӣ аз ҷониби Академияи миллии илмҳо ҳуқуқи афзалиятнок доранд;
5) унвонпулии ҳармоҳаи муқарраршударо гиранд;
6) дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ намоянд.
2. Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо уҳдадоранд:
1) дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Академияи миллии илмҳо гузошташуда фаъолона иштирок намоянд;
2) илмро бо роҳи таҳқиқоти мустақили илмӣ, ташкили таҳқиқи дастаҷамъии масоили илмӣ ва роҳбарии илмӣ рушд диҳанд;
3) барои татбиқи дастовардҳои илмӣ, илмию техникӣ ва омодасозии кадрҳои илмии баландихтисос мусоидат намоянд;
4) қарорҳои раёсати Академияи миллии илмҳо ва шуъбаҳои дахлдорро сари вақт иҷро намоянд, инчунин дар ҷаласаҳо ва маҷлисҳои умумии Академияи илмҳо, маҷлисҳои шуъбаҳои дахлдор ва чорабиниҳои умумиакадемӣ иштирок намоянд;
5) ба шуъбаи дахлдори Академияи миллии илмҳо дар бораи фаъолияти илмии худ ҳамасола ҳисоботи хаттӣ пешниҳод кунанд;
6) дигар уҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иҷро намоянд.
Моддаи 17. Ҳуқуқҳои аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳо
Аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳо ҳуқуқ доранд:
1) дар ҷаласаҳо ва маҷлисҳои умумии Академияи миллии илмҳо ва маҷлисҳои умумии шуъбаҳо бо овози машваратӣ иштирок намоянд;
2) дар чорабиниҳои илмӣ ва илмию ташкилии умумиакадемӣ ширкат варзанд.
Моддаи 18. Тартиби ишғоли вазифаҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони Академияи миллии илмҳо
Тартиби ишғоли вазифаҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони Академияи миллии илмҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академияи миллии илмҳо ва оинномаҳои муассисаҳои он муқаррар карда мешаванд.
БОБИ 3. ИДОРАКУНИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО
Моддаи 19. Мақомоти идоракунии Академияи миллии илмҳо
Мақомоти идоракунии Академияи миллии илмҳо аз Маҷлиси умумӣ, Раёсат, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ноиби аввал ва ноибони президент, саркотиби илмӣ ва раисони шуъбаҳои Академияи миллии илмҳо иборат мебошад.
Моддаи 20. Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо
1. Мақоми олии идоракунии Академияи миллии илмҳо Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо мебошад. Ба ҳайати он аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо дохил мешаванд.
2. Ваколатҳои асосии маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо:
1) самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ - таҳқиқотиро дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ муайян менамояд;
2) лоиҳаи Оинномаи Академияи миллии илмҳоро қабул ва ба он тағйиру иловаҳо ворид намуда, барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
3) бо тартиби муайннамудаи Оинномаи Академияи миллии илмҳо аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳоро интихоб менамояд;
4) бо тартиби муайннамудаи Оинномаи Академияи миллии илмҳо аъзои раёсати Академияи миллии илмҳоро интихоб ва озод менамояд;
5) бо тартиби муайяннамудаи Оинномаи Академияи миллии илмҳо ноиби аввал ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо – раисони шуъбаҳои дахлдори Академияи миллии илмҳоро интихоб менамояд;
6) масъалаҳои рушди соҳаи илмро дар доираи ваколатҳои худ баррасӣ менамояд;
7) масъалаҳои дохилиакадемии дорои хусусияти илмӣ ва илмию ташкилиро баррасӣ ва ҳал мекунад;
8) ҳисоботи фаъолияти Академияи миллии илмҳоро муҳокима ва тасдиқ мекунад;
9) маърӯзаҳои раёсат, шуъбаҳо ва дигар ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо, инчунин аъзои онро муҳокима менамояд.
3. Тартиби баргузор намудани Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳоро Оинномаи Академияи миллии илмҳо муайян менамояд.
4. Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо аз рӯи зарурат, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол даъват карда мешавад. Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо дар ҳолате салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки агар дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати рӯйхатии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо иштирок дошта бошанд. Аъзои Академияи миллии илмҳо дар маҷлисҳои умумӣ шахсан иштирок мекунанд.
Моддаи 21. Раёсати Академияи миллии илмҳо
1. Раёсати Академияи миллии илмҳо мақоми дастаҷамъии доимоамалкунандаи Академияи миллии илмҳо буда, фаъолияти онро идора менамояд.
2. Раёсат дар ҳайати президенти Академияи миллии илмҳо, ноиби аввал, ноибони президенти Академияи миллии илмҳо, саркотиби илмӣ ва дигар аъзои раёсати он, мувофиқи шумораи муайянкардаи маҷлиси умумӣ таъсис дода мешавад.
3. Аъзои раёсатро маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо ба муҳлати панҷ сол интихоб мекунад. Тартиби пешбарии номзадҳо ва интихоби аъзои раёсати Академияи миллии илмҳо, вазифаву ваколатҳояшонро Оинномаи Академияи миллии илмҳо муайян менамояд.
4. Раёсати Академияи миллии илмҳо ваколатҳои зеринро дорад:
1) маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳоро даъват мекунад;
2) дар бораи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ ва дигар ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул менамояд;
3) барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани директорони ташкилотҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо номзадҳоро аз ҳисоби докторҳои илм, докторҳои ҳабилитат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
4) оинномаҳои муассисаҳои Академияи миллии илмҳоро тасдиқ мекунад, риоя намудани Оинномаи Академияи миллии илмҳоро аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо назорат менамояд;
5) харҷномаи солонаи Академияи миллии илмҳоро тасдиқ ва хароҷоти мақсадноки маблағҳои ҷудошударо назорат мекунад;
6) дигар ваколатҳоро тибқи муқаррароти Оинномаи Академияи миллии илмҳо амалӣ менамояд.
5. Мақоми кории раёсати Академияи миллии илмҳо дастгоҳи раёсати Академияи миллии илмҳо мебошад, ки дар асоси низомномаи тасдиқкардаи раёсати Академияи миллии илмҳо амал мекунад. Роҳбари дастгоҳи раёсати Академияи миллии илмҳо аз рӯи вазифа саркотиби илмии Академияи миллии илмҳо мебошад.
Моддаи 22. Президенти Академияи миллии илмҳо
1. Президенти Академияи миллии илмҳо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
2. Президенти Академияи миллии илмҳо:
1) ба фаъолияти тамоми соҳаву сохторҳои Академияи миллии илмҳо роҳбарӣ мекунад ва барои иҷрои вазифа ва ваколатҳои ба зиммаи Академияи миллии илмҳо гузошташуда шахсан масъул аст;
2) Академияи миллии илмҳоро дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ҷамъиятҳо, ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳо намояндагӣ мекунад;
3) ба фаъолияти раёсати Академияи миллии илмҳо роҳбарӣ ва дар ҷаласаҳои он раисӣ мекунад;
4) дар маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо раисӣ мекунад;
5) аз рӯи вазифа раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ мебошад;
6) дигар ваколатҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Моддаи 23. Ноиби аввал, ноибони президенти Академияи миллии илмҳо ва раисони шуъбаҳо
1. Ноиби аввал ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо бо пешниҳоди раёсати Академияи миллии илмҳо аз тарафи Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо аз ҳисоби аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо ба вазифа интихоб ва озод карда мешаванд.
2. Дар сурати ҳузур надоштани президенти Академияи миллии илмҳо ваколатҳои ӯро ноиби аввали президенти Академияи миллии илмҳо иҷро мекунад.
3. Ноиби аввал ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо аз рӯи вазифа раисони шуъбаҳои дахлдори Академияи миллии илмҳо маҳсуб гардида, ба фаъолияти онҳо роҳбарӣ мекунанд.
4. Ноиби аввал ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо ваколатҳои зеринро доранд:
1) иҷрои қарорҳои раёсати Академияи миллии илмҳоро таъмин менамоянд;
2) шуъбаҳои дахлдори Академияи миллии илмҳоро роҳбарӣ менамоянд ва барои иҷрои вазифаҳои ба шуъба вогузоршуда масъул мебошанд;
3) маҷлиси умумӣ ва бюрои шуъбаро раисӣ мекунанд;
4) фаъолияти муассисаҳои илмии шуъбаро назорат менамоянд;
5) дигар ваколатҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
Моддаи 24. Саркотиби илмии Академияи миллии илмҳо
1. Саркотиби илмии Академияи миллии илмҳоро Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо бо пешниҳоди раёсати Академияи миллии илмҳо аз ҷумлаи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо интихоб ва озод мекунад.
2. Саркотиби илмии Академияи миллии илмҳо ба фаъолияти дастгоҳи раёсати Академияи миллии илмҳо роҳбарӣ намуда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммааш вогузоршуда масъул мебошад.
3. Ваколатҳои дигари саркотиби илмиро Оинномаи Академияи миллии илмҳо муайян менамояд.
Моддаи 25. Шуъбаҳои Академияи миллии илмҳо
1. Шуъбаҳои Академияи миллии илмҳо воҳидҳои асосии илмӣ ва илмию ташкилӣ буда, муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳоро муттаҳид менамоянд.
2. Шумора, сохтори ташкилӣ, ҳайат ва фаъолияти шуъбаҳои Академияи миллии илмҳоро Оинномаи Академияи миллии илмҳо муайян менамояд.
БОБИ 4. ТАШКИЛОТҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО
Моддаи 26. Ташкилотҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо
Академияи миллии илмҳо дар ҳайати худ институтҳои илмию таҳқиқотӣ, агентиҳо, марказҳо ва дигар ташкилотҳои илмию ташкилӣ дорад, ки шахсони ҳуқуқӣ буда, дар асоси оинномаҳои тасдиқкардаи раёсати Академияи миллии илмҳо амал мекунанд.
Моддаи 27. Ташкилотҳои дигари Академияи миллии илмҳо
Академияи миллии илмҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академияи миллии илмҳо ва оинномаҳои ташкилотҳои худ барои таъмини фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ, инноватсионӣ, илмию ташкилӣ, иттилоотӣ, патентию иҷозатномадиҳӣ, метрологӣ, таҳриру нашр, хоҷагидорӣ, истеҳсолӣ ва дигар намудҳои фаъолият метавонад ташкилотҳои озмоишӣ, таҷрибавию конструкторӣ, муассисаҳои татбиқӣ, хизматрасониҳои илмӣ, паркҳои технологӣ, бизнес-инкубаторҳо ва муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, инчунин дигар ташкилотҳоро таъсис диҳад.
БОБИ 5. ВОСИТАҲОИ МОЛИЯВӢ ВА МОЛУ МУЛКИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО
Моддаи 28. Воситаҳои молиявии Академияи миллии илмҳо
1. Воситаҳои молиявии Академияи миллии илмҳо аз ҳисоби манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд:
1) маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои пешбурди фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ равона карда мешаванд;
2) маблағҳои фондҳои асосии махсус;
3) даромад аз фаъолияти хоҷагидории Академияи миллии илмҳо, аз ҷумла аз ҳисоби ҳиссаҷудокуниҳо аз фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ, ки бо иштироки Академияи миллии илмҳо таъсис дода шудаанд, инчунин аз фаъолияти табъу нашр;
4) кумакҳои ихтиёрӣ, грантҳо ва хайрияҳои корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, фондҳо ва шахсони алоҳида, аз ҷумла хориҷӣ;
5) дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
2. Маблағҳои буҷетӣ, ки барои таъмини фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ пешбинӣ шудаанд, бо мақсадҳои зерин истифода мешаванд:
1) гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ;
2) иҷрои барномаҳои илмию техникӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ;
3) омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои илмӣ;
4) таҳкими заминаи моддию техникии Академияи миллии илмҳо ва ташкилотҳои он;
5) таъминоти ташкилии фаъолияти Академияи миллии илмҳо, раёсати Академияи миллии илмҳо ва Китобхонаи марказии илмии он;
6) пардохти ҳармоҳаи иловапулӣ барои унвонҳои илмии узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳо ва дараҷаҳои илмӣ;
7) таҳия ва нашри адабиёти илмӣ, илмию техникӣ ва илмию методӣ;
8) баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ ва илмию амалӣ;
9) ҳамкориҳои илмию техникии байналмилалӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ;
10) маблағгузории хароҷот барои ташкил ва гузаронидани озмуни ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму техника, инчунин пардохти маблағи ин ҷоизаҳо;
11) маблағгузории хароҷот барои ташкил ва гузаронидани озмуни ҷоизаҳои таъсисдодаи Академияи миллии илмҳо, инчунин пардохти маблағи ин ҷоизаҳо;
12) дигар хароҷоти марбут ба фаъолияти Академияи миллии илмҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
3. Маблағҳои буҷетӣ инчунин бо мақсадҳои зерин истифода шуда метавонанд:
1) нигоҳдории иншооти Академияи миллии илмҳо;
2) маблағгузории сохтмони асосии объектҳои таъиноти илмию истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ.
Моддаи 29. Молу мулки Академияи миллии илмҳо
1. Молу мулки Академияи миллии илмҳо ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб буда, дар идоракунии оперативии Академияи миллии илмҳо қарор дорад.
2. Ихтиёрдории молу мулки ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ ва дигар ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
3. Объектҳои илмию техникии дорои арзиши баланд, ки дар истифодаи Академияи миллии илмҳо қарор дошта, аҳамияти умумидавлатӣ доранд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд сарвати миллӣ эълон карда шаванд.
БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО
Моддаи 30. Фаъолияти байналмилалии Академияи миллии илмҳо
1. Академияи миллии илмҳо дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ, ки таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти таълимиро анҷом медиҳанд, ҳамкорӣ менамояд.
2. Академияи миллии илмҳо ҳуқуқ дорад бо истифода аз восита ва шаклҳои дар амалияи байналмилалӣ қабулшудаи ҳамкорӣ ва табодули илмӣ барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ корхонаю ташкилотҳои хориҷиро ҷалб намояд, дар якҷоягӣ бо онҳо барои ҳалли масъалаҳои илмӣ, илмию ташкилӣ ва илмию техникӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои илмию таълимӣ ва дигар муассисаҳоро таъсис диҳад.
3. Академияи миллии илмҳо дар таъсиси ташкилотҳои байналмилалии илмӣ иштирок намуда, ҳуқуқи узвият дар созмонҳои байналмилалии илмиро дорад ва дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд бо академияҳо, муассисаҳои илмии байналмилалӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии дигар давлатҳо робитаҳои илмӣ, мубодилаи натиҷаҳои илмии бадастовардаи муҳаққиқон, асарҳои илмӣ ва нашрияҳои илмии даврӣ, усулҳои пешқадами пешбурди таҳқиқоти илмиро ба роҳ мемонад.
4. Академияи миллии илмҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии илмӣ шартномаҳои ҳамкорӣ мебандад.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 32. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10 майи соли 2002 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 311, с. 2007, № 5, мод. 371, с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 837) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 33. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 апрели соли 2021, № 1780
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 3 марти соли 2021, № 338
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 апрели соли 2021, № 144
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.04.2021 №: 82 - 83 Мутолиа карданд: 3523