logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, № 7, қ.1, мод. 380; с. 2015, № 7-9, мод. 698; с. 2016, № 7, мод. 603; с. 2018, № 2, мод. 62; Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, № 1751) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 3 моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«3. Судя ӯҳдадор аст маҳдудиятҳоро, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» пешбинӣ гардидаанд, риоя намояд. Судя ҳангоми таъин (интихоб) шудан  ба вазифа ва ҳангоми адои вазифа ӯҳдадор аст ҳар сол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ пешниҳод намояд. Маълумоти пешниҳодшуда, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошкор карда намешавад.».
2. Моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 17. Савганди судя
1. Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ дар ҷамъомади судяҳо чунин савганд ёд мекунад: «Ботантана  савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона, холисона, поквиҷдонона ва одилона иҷро менамоям, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат карда, адолати  судиро амалӣ менамоям.  Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
2. Ҳангоми маросими савгандёдкунии судя Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
3. Ҳангоми савгандёдкунӣ судя рост истода, дасти росташро ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунад. Пас аз савганд ёд кардан судя матни савгандро бо имзои шахсии худ тасдиқ ва санаи қабули онро сабт менамояд. Матни савганд дар парвандаи шахсии судя нигоҳ дошта мешавад.».
3. Дар қисми 1 моддаи 18:
- сархати панҷум хориҷ карда шавад;
- сархатҳои сездаҳум ва чордаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ бошад; 
- дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ маълумоти бардурӯғ пешниҳод карда бошад;».
4. Дар қисми 1 моддаи 37:
- дар сархати панҷум калимаи «судяҳоро» ба калимаҳои «судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро» иваз карда шавад;
- ба сархати ҳафтум пас аз калимаҳои «коромӯз – судя,» калимаҳои «сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар,» илова карда шаванд;
- сархати бистушашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси шумораи судяҳои Суди Олӣ, судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ, шаҳр ва ноҳия, машваратчиёни халқии судҳо, сохтор ва шумораи воҳидҳои кории  дастгоҳҳои судҳо, ба истиснои судҳои иқтисодӣ, пешниҳод ирсол менамояд;»; 
- ба сархати сиюшашум пас аз калимаҳои «қабул менамояд,» калимаҳои «кормандони дастгоҳро тибқи тартиби муқарраргардида барои сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад,» илова карда шаванд.
5. Ба моддаи 38 сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- масъалаи аз як суд ба суди дигар супоридани парвандаҳои судиро ҳал менамоянд;». 
6. Дар қисми 2 моддаи 39:
- ба сархати ҳафтум пас аз калимаҳои «чораҳо меандешад» калимаҳои «, аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамояд» илова карда шаванд;
- сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- масъалаи аз як суд ба суди дигар супоридани парвандаҳои судиро ҳал менамояд;». 
7. Ба сархати бистунуҳуми қисми 1 моддаи 53 пас аз калимаҳои «қабул менамояд,» калимаҳои «кормандони дастгоҳро тибқи тартиби  муқарраргардида барои сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад,» илова карда шаванд.
8. Сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 63 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«- хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии ғайринизомӣ ва хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) суди ҳарбиро, ба истиснои сардори шӯъба, мушовир, пристави судӣ ва ёрдамчии раиси суд ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;».
9.  Ҷумлаи сеюми қисми 2 моддаи 67 хориҷ карда шавад.
10. Сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 77 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«- ба ташкили кори дастгоҳи суд роҳбарӣ карда, кормандони дастгоҳ ва хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) судро, ба истиснои сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, пристави судӣ, мушовирон ва ёрдамчии раиси суд, ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд;».
11. Ба сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 83 пас аз калимаҳои «ба истиснои» калимаҳои «сардорони шӯъбаҳо, мутахассисони пешбар,» илова карда шаванд.
12. Ба сархати шашуми қисми 1 моддаи 88  пас аз калимаҳои «ба истиснои» калимаҳои «сардорони шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисиони пешбар,» илова карда шаванд.
13. Дар моддаи 91:
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Сохтор ва шумораи воҳидҳои кории дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шумораи воҳидҳои кории дастгоҳи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе мувофиқан бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.»; 
- ба қисми 3 пас аз калимаҳои «воҳидҳои кории амалкунанда» калимаҳои «, аз як суд ба суди дигар додани воҳиди корӣ» илова карда шаванд;
- қисми 5 хориҷ карда шавад;
- қисми 6 қисми 5 ҳисобида шуда, дар он калимаҳои «Пристави судӣ» ва «пристави судӣ» мувофиқан ба калимаҳои «Сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, пристави судӣ» ва «сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, пристави судӣ» иваз карда шаванд;
- қисми 7 қисми 6 ҳисобида шавад;
- қисми 8 қисми 7 ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«7. Кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳои шаҳр ва ноҳия, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ва кормандони Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон), хизматчии давлатӣ мебошанд.»;
- қисми 9 қисми 8 ҳисобида шавад.
14. Дар қисми 5 моддаи 131 калимаҳои «ба оилаи вай» ба калимаҳои «ба ӯ ва ё аъзои оилааш» иваз карда шаванд.
15. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 132 калимаҳои «ба ворисони  вай» ба калимаҳои «ба аъзои оилааш» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 апрели соли 2021, № 1772
 
 
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 10 феврали соли 2021, № 322
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро                 баррасӣ намуда, қарор мекунад:    
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 апрели соли 2021, № 136


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2021    №: 82 - 83    Мутолиа карданд: 3622
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед