иҷтимоиёт
МАЙДОНИ "ИСТИҚЛОЛ" – РАМЗИ ОЗОДИВУ СОҲИБИХТИЁРӢ
Дар пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони майдони «Истиқлол» бомаром идома дорад.
Иншоот аз минбар, дарвозаҳои марказӣ, шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, суҳбаткадаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳ ва ғайра иборат мебошад.
Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷой мегирад, 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад. Он рамзи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани соҳибихтиёриро ифода менамояд. Баландии бино - баландии сари мардуми тоҷик аст, ки дар қалби Душанбешаҳр ҷой дорад. Майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб ёфта, бахшида ба ин ҷашни фархунда, тибқи нақша, соли равон ба истифода дода мешавад. Хабарнигори рӯзнома аз раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ин иншооти ҷашнӣ суратгузориш омода кардааст.
Суратгир Комрон САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.04.2021 №: 82 - 83 Мутолиа карданд: 743