logo

иҷтимоиёт

ДАВРҲОИ БОЗОМӮЗӢ ОИД БА МАНФ ДАР НОҲИЯҲОИ ТАҶРИБАВӢ

Дар доираи маблағгузории иловагии лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” Бонки ҷаҳонӣ Дастурамали механизми  маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) - ро дар таҳрири нав аз чоп бароварда, дастраси  мутахассисон гардонд. Ин дастурамал ҳамчун раҳнамои муайянкунандаи механизми маблағгузории иловагӣ барои мутахассисони тибби оилавӣ, ки дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ фаъолият доранд, пешниҳод шуд. 
 
Дар раванди амалисозии МАНФ аз соли 2013 инҷониб, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳавасмандгардонии кормандони муассисаҳои КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ ва пурзӯр намудани фаъолияти дастаҳои марказҳои саломатии ноҳиявӣ барои баргузории назорати сарпарастӣ бо розигии Бонки ҷаҳонӣ ду маротиба ба Дастурамал оид ба амалисозии МАНФ тағйироту иловаҳои мувофиқ ворид карда шудаанд.  
Зикр бояд кард, ки механизми  пардохти иловапулиҳо аз рӯи натиҷаи фаъолият аз соли 2013 дар 10 ноҳияи вилоятҳои Хатлон ва Суғд ба таври таҷрибавӣ роҳандозӣ гардида буд.  Тибқи ин механизм, кормандони соҳаи тибби марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои саломатии деҳот илова бар маблағи худ аз ҳисоби лоиҳа, барои хизматрасонии босифату саривақтӣ иловапулӣ мегиранд. Пардохти иловапулиҳо аз рӯи МАНФ ба ду қисм тақсим гашта буд. 70 фоиз барои илова ба маоши кормандон ва 30 фоиз ба муассиса барои фароҳам овардани шароити корӣ. Ба кормандони муассисаҳои тиббӣ аз рӯи саҳми фардии ҳар як корманди тиббӣ ба алоҳидагӣ пардохтҳои МАНФ равона гаштаанд. Ҳаҷми умумии пардохтҳо аз аввали амалисозии лоиҳа 9 924 033 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Таҷриба нишон дод, ки дар ин ноҳияҳо сифати хизматрасонии тиббӣ  бамаротиб боло рафта, шароити фаъолияти табибон ва ҳамшираҳои оилавӣ натиҷаҳои назаррас доданд. 
Аз ин хотир, дар доираи маблағгузории иловагии дуюм 6 ноҳияи дигар вориди ин механизм гардида, дар маҷмӯъ, фаъолияти лоиҳа дар 16 шаҳру ноҳия, аз ҷумла Кӯлоб, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Зафаробод ва Дарвоз ба роҳ монда мешавад.  Бо назардошти натиҷаҳои бадастомада ва такмили механизми номбурда самтҳои фаъолият ва талабот нисбат ба сифати хизматрасонии тиббӣ дар маҳалҳо бозбинӣ гардида, ҳамзамон, дар 10 ноҳияи таҷрибавии амалкунанда даврҳои бозомӯзӣ баргузор гаштанд. 
Мутахассисони лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар ноҳияҳои Данғара, Ёвон, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ ва Қубодиёни вилояти Хатлон, ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Деваштичи вилояти Суғд ва ноҳияи Файзобод бо иштироки 237 роҳбари  марказҳои саломатии деҳот ва роҳбарони муассисаҳои шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ин ноҳияҳо даврҳои бозомӯзиро гузаронданд. 
Зимни вохӯриҳо мутахассисон дар хусуси тағйиру иловаҳо дар  бахши нишондиҳандаҳои   МАНФ,  тартиби пардохти  иловапулиҳо ва роҳҳои дурусти истифодаи онҳо барои рушди сохтор дар маҳалҳо, роҳу усулҳои самараноки дастгирии кормандони соҳа, бахусус кормандони миёнаи тиб дар сатҳи деҳот маслиҳату машваратҳо доданд. Минбаъд таваҷҷуҳи бештар ба ташрифҳои хонагӣ (патронаж) аз ҷониби кормандони тиб дода мешавад. Баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, ҷалби бештари онҳо барои ҳифзи саломатии худу аҳли хонавода, диққати бештар зоҳир намудан ба фаъолияти муассисаҳои тиббӣ дар маҳалҳо ва тарғиби  ташаккули тарзи ҳаёти солим яке аз самтҳоест, ки  бештар мавриди назар қарор мегирад. Тибқи дастурамали нав кормандони тиб аз рӯи 7 нишондиҳандаи миқдориву сифатӣ дастгирӣ хоҳанд ёфт, ки яке аз онҳо кор бо хонаводаҳост. Ташрифи бештар ва босифат ба хонаводаҳо барои огаҳии ҳамешагӣ доштани кормандони тиб аз вазъи сиҳатии ҳар аъзои оила ва пешгирии бемориҳо, ҳамчунин, ба табобати саривақтии онҳо мусоидат хоҳад кард.  
Як нуктаро бояд гуфт, ки аз аввали татбиқи лоиҳа бо мақсади баланд бардоштани иқтидори кормандони муассисаҳои таҷрибавӣ оид ба принсипҳо ва механизмҳои асосии маблағгузории муассисаҳои тандурустӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият даврҳои омӯзишӣ гузаронда шуда, зиёда аз 4000 нафар фаро гирифта шуда буд.  
Ёдовар мешавем, ки  лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ, аз соли 2013 ба фаъолият шурӯъ карда, ҳадафи асосии он такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) дар муассисаҳои тиббии деҳот ба аҳолии  ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияи Файзобод тавассути усулҳои муосири маблағгузории соҳаи тандурустӣ, асосан ,“Маблағгузорӣ дар асоси  натиҷаҳои фаъолият”(МАНФ), бо ҳамбастагӣ дар такмили иқтидори кадрӣ, ҳолати инфрасохтор ва  заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС мебошад. Ҳавасманд намудани кормандони  муассисаҳои тиббӣ, барои беҳтаргардонӣ, фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои  КАТС, зиёд намудани пардохтҳо барои кормандони тиб ҷиҳати  пешгирии пардохтҳои ғайрирасмӣ  ва баланд бардоштани  масъулияти онҳо барои натиҷаҳои ниҳоӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои дарпешгузоштаи лоиҳа буданд.
Таҷриба нишон дод, ки хариди маҳсулоти  зарурӣ барои беҳтар намудани сифати  хизматрасонии тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои бадастоварда ва зиёд кардани маблағ барои хизматрасонии афзалиятноки  КАТС тариқи  маблағҳои иловагӣ, барои дастгирии моддӣ ва беҳсозии шароити корӣ дар муассисаҳои тиббии деҳот мусоидат намуд. 
 
Фотима ҒОИБОВА, 
мутахассис оид ба иттилоотонии аҳолии лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2021    №: 82 - 83    Мутолиа карданд: 767
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед