барқияҳо
БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Ҷоко Видодо барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари ғарқи киштии зериобии Қувваҳои низомии баҳрии Ҷумҳурии Индонезия дар баҳри Бали ва талафоти зиёди ҷонӣ дар он моро андуҳгин намуд.
Ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба мардуми дӯсти Индонезия изҳор намуда, бо арзи тасаллиёти самимӣ ба наздикону пайвандони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаол сабри ҷамил хоҳонам.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.04.2021 №: 84 Мутолиа карданд: 4560