иҷтимоиёт
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. БОЗТОБИ ПИРӮЗИИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР РАСОНАҲОИ ХОРИҶӢ
Пирӯзии дастаи «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) бо ҳисоби 4:1 бар қаҳрамони секаратаи Лигаи чемпионҳои КФО (1991 - 1992, 1999 - 2000, 2019) тими «Ал-Ҳилол» (Ар-Риёз, Арабистони Саудӣ) таваҷҷуҳи як қатор расонаҳои варзиширо ба худ ҷалб намуд.
Яке аз бонуфузтарин шабакаи иҷтимоии варзишӣ ба забони форсӣ «Тарафдорӣ», «Истиқлол»-ро яке аз дастаҳои шигифтангези ин лига номидааст.
«Тарафдорӣ», бо ёдоварии шикасти «Ал-Ҳилол» аз «Истиқлол», нигоштааст, ки ин мағлубияти тими арабӣ боис шуд, то нашрияи варзишии Арабистони Саудӣ – «Ар-Риёзия» садо баланд кунад ва дар гузорише ба танқиди футболбозони дастаи шаҳри Ар-Риёз бипардозад.
Рӯзнома дар гузоришаш зери унвони «Чаҳор гол нанге бузург аст, эй раис», зимни интиқод аз «Ал-Ҳилол», ҳамчунин, бохтҳои ин тимро дар таърихи Лигаи чемпионҳо ба ёд меоварад.
Бар пояи иттилои рӯзнома, «Ал-Ҳилол» то кунун ҳамагӣ ду бор ба дарвозааш 4 гол сар додааст, ки аз ҳама калонаш муқобили дастаи «Улсан Ҳёндэ» (Ҷумҳурии Корея) бо натиҷаи 4:0 (соли 2012, даври 1/4 финали Лигаи чемпионҳо) мебошад.
Соли 2010 бошад, бо ҳисоби 4:2 аз тими «Ал-Ғарафа» (Қатар) дар марҳалаи 1/4-ниҳоӣ шикаст хӯрд, вале қатъи назар аз ин, дар ҷамъи ду бозӣ «Ал-Ҳилол» бо натиҷаи 5:4 ғолиб омада, ба нимфинал роҳ ёфт.
Бояд гуфт, ки баъд аз ин ғалаба «Истиқлол» бо касби 7 имтиёз ба садри ҷадвали гурӯҳи «А» баромад.
Манучеҳр Ҷалилов, ки дар бозӣ муқобили «Ал-Ҳилол» ду гол зад, беҳтарин бозигари даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО – 2021 эътироф гардид.
Инчунин, Манучеҳр Сафаров низ ба топ – 5 беҳтарин футболбози ин давр шомил шуд.
Дар баробари ин, Алексей Ларин (ҳимоятгар), Манучеҳр Сафаров (нимҳимоятгар) ва Манучеҳр Ҷалилов (ҳамлагар) ба ҳайати рамзии даври чоруми ин мусобиқаи бонуфузи осиёӣ интихоб гаштанд.
Таҳияи М. БАҲРОМ, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.04.2021 №: 84 Мутолиа карданд: 880