иҷтимоиёт
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. ҲИФЗИ ИН ГАВҲАРИ БЕБАҲО ЗИРАКИИ СИЁСӢ ВА ИТТИҲОД МЕХОҲАД
Имсол дар таърихи давлатдории навини мо яке аз солҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад, ки бо ҳарфҳои зарҳалин сабт хоҳад шуд. Зеро мардуми сарбаланди Ватани азизамон – Тоҷикистон Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил менамоянд. Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ дар баробари ваҳдати миллӣ, Ватан, ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ мӯҷиби ифтихори мост. Он ғояи муттаҳидкунанда ва рушди фарҳанги миллии мо мебошад. Зеро маҳз музаффариятҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва рушди устувори иқтисодиёти миллӣ моро ба сӯи ҷомеаи ҳақиқатан демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ раҳнамун месозанд.
Набояд фаромӯш сохт, ки таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ, пеш аз ҳама, ба иродаи сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва донишу заковати баланди ҳар як шаҳрванди кишвар вобастагии зич дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ (26 январи соли 2021) зикр карданд: «Хурду бузурги мардуми кишвар бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас - истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест. Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад. Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша дар паҳлуи якдигар бошем ва ҳамдигарро дастгирӣ кунем, зеро ин хислати нек ба мову шумо аз гузаштагони некномамон ба мерос мондааст».
Сӣ соли соҳибистиқлолӣ шояд дар назди таърих лаҳзае беш набошад, вале барои мо муҳимаш он аст, ки тӯли ин солҳо дар замири халқамон ҳисси баланди бунёдкорӣ, созандагӣ ва офарандагӣ аз нав эҳё гардида, ин миллати ҷафокашидаву парешонро аз нав ба ҳам овардааст.
Бе муболиға тамоми дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ аз барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ то навсозиву бунёдкориҳои азим, аз қабили иншооти бузурги аср – НБО «Роғун», НБО - ҳои «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», нақбҳои «Истиқлол», «Хатлон», «Озодӣ», «Шаҳристон», роҳҳои оҳани Душанбе - Бохтар, Бохтар – Кӯлоб, пулҳои байналмилалӣ дар дарёи Панҷ, хатҳои интиқоли неруи барқ, бунёди корхонаҳои зиёди саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва садҳо иншооти замонавии дорои таъйиноти гуногун, ки дар маҷмӯъ, ба беҳбуди рӯзгори мардум ва рушди тафаккури миллӣ мусоидат мекунанд, бо кору пайкор ва номи мубораки Пешвои миллат пайванд мехӯранд.
Тоҷикистон ҳоло дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад ва ин ба мо имкон медиҳад, ки нақшаҳои созандагиву бунёдкории худро дар кадом соҳае, ки набошем, тарҳрезӣ намуда, барои иҷрои амалии онҳо содиқона талош намоем. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ, ин аст, ки, қабл аз ҳама, дар ҳифзи арзишҳои бебаҳои Истиқлолияти давлатӣ масъулият нишон диҳем ва насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат тарбия намоем.
Меҳрангез ҒОИБЗОДА,
мутахассиси пешбари раёсати таъмини
ташкили назорати судяҳои Суди Олӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.04.2021 №: 85 Мутолиа карданд: 721