logo

ҳуқуқ

ТАНЗИМ. МЕЪЁРИ ҶАРИМА БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ МЕАФЗОЯД

Маҷлиси намояндагон тарҳи қонунеро ба тасвиб расонд, ки дар асоси он ҷарима барои риоя накардани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зиёд карда мешавад.
Тибқи он ба 4 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.
 
НИГАРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР АЗ ЗИЁДАРАВИИ БАЪЗЕ ШАҲРВАНДОН
Лоиҳаи қонун дар ҳоле ба тасвиб расид, ки соле қабл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ даъвати шашум (17 апрели соли 2020) дар баробари дигар масъалаҳо аз зиёдаравӣ ва маъракаҳои зиёдатии баъзе шаҳрвандони кишвар изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд: «Ҳанӯз ҳам баъзан шахсони мансабдор, соҳибкорон, ходимони дин ва модарону бонувони муҳтарами мо ба зиёдаравӣ, исрофкорию зоҳирпарастӣ ва ташкили маъракаҳои беҳудаву зиёдатӣ роҳ медиҳанд. Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки Прокуратураи генералӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони Ҳукумат дар маҳалҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулон ва аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ, фаъолон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои қатъии иловагӣ андешанд.
Бо истифода аз минбари мақоми олии қонунгузор пешниҳод менамоям, ки сохтору мақомоти дахлдор доир ба пурзӯр кардани ҷавобгарии маъмурӣ, яъне баланд бардоштани меъёри ҷарима барои вайрон кардани талаботи қонуни зикршуда чораҷӯӣ намоянд».
 
ОЁ ЗИЁД КАРДАНИ ҶАРИМА РОҲИ ҲАЛ АСТ?
Бино ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим таҳия ва пешниҳод шудааст.
- Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам баъзан шаҳрвандон ба исрофкориву зоҳирпарастӣ ва ташкили маъракаҳои зиёдатӣ роҳ медиҳанд. Ҳолати мазкур, махсусан, дар шароити густариши бемории ҳамагири COVID-19 боиси нигаронӣ буда, зарурати пешгирии қонунвайронкуниҳоро дар ин самт тақозо менамояд. Бо назардошти ин ҳолат ба моддаҳои 30, 33, 43 ва 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид мегарданд.
Тибқи лоиҳа дар моддаи 481 кодекси мазкур меъёрҳои ҷарима мувофиқан баланд бардошта мешаванд.
Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус – COVID-19 нисбат ба чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла баргузории маъракаҳо талаботи муайян дар робита ба қоидаҳои беҳдоштӣ пешбинӣ гардида буд. Бо вуҷуди ин, иддае аз шаҳрвандон маъракаҳои худро бар хилофи талаботи қонун ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор намуданд.
Тағйироти мазкур имкон фароҳам меорад, ки баҳри пешгирии чунин ҳолат заминаи қонунӣ муқаррар шуда, дар умум пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ба коҳиш додани қонунвайронкуниҳо дар ин самт мусоидат менамояд. 
 
ҶАРИМА ЧӢ ҚАДАР ЗИЁД МЕГАРДАД?
Пас аз ҷаласаи парлумон Сулаймон Давлатзода дар шарҳи ин масъала гуфт, ки бар асоси лоиҳаи қонун барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ба шахсони воқеӣ ба андозаи як саду даҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Бояд гуфт, ки қаблан ҳаҷми ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи сад, ба шахсони мансабдор ба андозаи панҷсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо буд. 
Ҳамчунин, барои шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ, ки замони эълони вазъи фавқулода дар кишвар дар робита ба паҳншавии пандемияи коронавирус дастурҳои ситоди ҷумҳуриявиро вобаста ба баргузории ҷашну маросим риоя намекунанд, ба ин монанд ҷаримаҳо ҷорӣ мешаванд. 
Сарвиноз Маҷидова, вакили Маҷлиси намояндагон, дар шарҳи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чунин гуфт: «Дар асоси илова ба моддаи 30, минбаъд шахсоне, ки нисбат ба онҳо оинномаҳои интизомӣ ё қоидаҳои махсуси интизом татбиқ мегарданд, барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мегарданд.
Мувофиқи тағйироти қабулшуда ба моддаи 33 шахсоне, ки меъёрҳои қонуни мазкурро риоя намекунанд, пас аз гузашти шаш моҳ аз замони содир шудани қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд».
 
СОКИНОН ҶОНИБДОРИ ҚОНУНИ МИЛЛИАНД
Бар пояи таҳлили назарсанҷии се ҳазор пурсишномаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим оид ба назари шаҳрвандон доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моҳи декабри соли 2020) муайян гардид: Натиҷаи таҳқиқот вобаста ба муносибати шаҳрвандон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишон дод, ки 91,9 дарсади пурсидашудагон онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамагӣ 3,4 дарсад зид баромаданд, боқӣ мусоҳибон бетараф ва посух надодаанд. 
Инчунин, 76 дарсади пурсидашудагон нақши қонунро дар пешгирии таассуб, худнамоӣ ва хурофот мусбат арзёбӣ карданд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2021    №: 85    Мутолиа карданд: 3587
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед