logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Дар дунё шахсиятҳои наҷибе, ки истеъдоди фитрӣ ва қобилияти кашшофӣ доранд, гӯё маҳз барои ин ё он пеша таваллуд мешаванд. Онҳо дар кадом касбу коре ҳам бошанд, ба халқи худ хизмати арзанда мекунанд ва ҳам барои обрую эътибори Тоҷикистон хидматҳои хуб ба ҷо меоранд. Табиби ҳозиқ Темир Ҷӯраев аз ҳамин зумра инсонҳо буд.
 
Темир Ҷӯраев 27 ноябри соли 1943 дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич дар оилаи коргар ба дунё омад. Таҳсилашро дар муассисаҳои таълимии деҳа ва баъдан шаҳраки Ғончӣ идома дод. Дар омӯзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ва баъдан дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо омӯзиши нозукиҳои илми тиб машғул шуд ва соҳиби ихтисоси ҷарроҳ гардид.
Фаъолияти меҳнатиро дар беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ҳамчун ҷарроҳ оғоз намуда, баҳри ҳифзи саломатии шаҳрвандон ранҷ бурд. Бахшҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро дар шаҳрҳои Москва ва Душанбе гузашт. Рисолаи номзадиро ҳамчун аспиранти факултети ҷарроҳии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар мавзӯи «Холесистиҳои шадид дар одамони фарбеҳ» сарбаландона дифоъ карда, ҷарроҳи дараҷаи олӣ эътироф гардид.
Медонем, ки ҷарроҳӣ нозукиҳои махсус дорад, камтарин иштибоҳ дар он бахшида намешавад. Табиби ҷарроҳ байни дониш, таҷриба, зиракӣ ва теғ қазоватгар аст. Ин ҳама неруҳоро бояд барои як мақсаду маром равона кунад ва ба борҳо ба марг пирӯз ояд. Зеро ӯ бо бузуртарин неъмат, бо ҳаёти одамон сарукор мегирад. Бавижа, Темир Ҷӯраев бояд ба беморону корафтодагоне ёрдам диҳад, ки онҳо дар ҳолати вазнин ва гоҳо беҳуш меоянд. 
Инчунин, устоди Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Душанбе буд. То нимаи солҳои 90 – уми асри гузашта, ки дар шаҳри Хуҷанд донишкадаи тиббӣ фаъол буд, солҳо он ҷо омӯзгорӣ кард. То синни нафақа дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд ҳамчун устоди мутахассисони соҳа фаъолият намуд. Бо сабаби беморӣ 9 феврали соли равон риштаи умри ин табиби некӯкор канда шуд.
Бояд зикр кард, ки Темир Ҷӯраев инсони хоксор буд, барои расондани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ бидуни тамаъҷӯӣ аз дили соф хидмат мерасонд. Ин аст, ки имрӯз ҳам ӯро ҳамкасбону одамони корафтода ба некӣ ёд мекунанд. Хизматҳои ӯро давлату Ҳукумат бо якчанд сипосномаву ифтихорномаҳо  ва медалҳои ҷашнӣ қадр намудааст.
 
Б. САЛИМОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2021    №: 85    Мутолиа карданд: 948
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед