logo

иҷтимоиёт

ҲАБИБИ ХАЛҚ. ДАР БОРАИ ТИББИ ОИЛАВӢ, КИ ДАР СИҲАТИИ ОММА САҲМИ БЕШТАР МЕГИРАД

Хушоянд аст, ки дар ҷодаи таъмини тандурустии мардум, дар назди дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатӣ шуъбаҳои тибби оилавӣ амал мекунанд. Фаъолияти ин шуъбаҳо, ки дар асоси ислоҳоти соҳаи тандурустӣ роҳандозӣ шудааст, рӯз ба рӯз вусъат пайдо мекунад. Аз ин ҷост, ки хизматрасонии духтурони оилавӣ бештару пурсамар ба назар мерасад. Барои рушду пешравии самти мазкур Барномаи давлатии рушди тибби оилавӣ барои солҳои 2011 - 2015 ҳам қабул гардида, мавриди амал қарор гирифт ва тадбирҳои зиёд, аз қабили сифатан беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, пешгирии саривақтии бемориҳо, ташхис ва табобати беморон амалӣ мешаванд.
Роҳандозӣ гардидани хизматрасонии тибби оилавӣ дар шароити феълӣ иқдоми муҳиму саривақтӣ буда, аз дигар намуди хизматрасониҳои тиббӣ афзалият ва бартарӣ дорад.
Имрӯз шумораи мутахассисони ин намуди хизматрасонии тиббӣ - духтурони оилавӣ ва ҳамшираҳои шафқат афзуда, онҳо вобаста ба шароит дар маҳали зисти сокинон фаъолият мекунанд. Ба ҳар фард дар алоҳидагӣ, ба оила, аҳолии минтақа, инчунин, дар хона, новобаста аз ҷинс, синну сол ва намуди беморӣ, ёрии аввалини тиббиву санитарӣ расонда мешавад.
Тибби оилавӣ дар беҳдошти сиҳатии мардум нақши муҳим мебозад ва табибони оилавӣ ҳамрозу ҳамнавои мардум мебошанд. Умед аст, ки оянда сафи мутахассисони соҳа меафзояд ва ин падида ҳам барои рафъи мушкили норасоии кадрҳои соҳа ва ҳам барои дастрасии сокинон ба намудҳои гуногуни хизматрасонии тиббию санитарӣ дар минтақаҳо, бахусус гӯшаҳои дурдаст, мусоидат мекунад.
«Обрӯву эътибори табиб на танҳо ба донишу малака, балки ба одобу ахлоқи ӯ низ вобаста аст». Ин гуфтаи пурҳикмати Шайхурраис Ибни Сино айни муддаост. Зеро ба беморон, бавижа барои хонаводаҳое, ки ин ё он пайвандашон бемор аст, табиби оилавӣ болу пар мебошад. Муоширати хуб ва ҳарфи нарми табиб умед мебахшад, то бемор ба оянда бо дилу дидаи гарм нигаҳ кунад. Ин аст, ки аз мо, табибон дар баробари донишу малакаи хуби касбӣ, пеш аз ҳама, одобу рафтори нек чашмдоранд. 
 
Фароғат МАЛЛАЕВА, 
табиби оилавии Муассисаи давлатии 
«Маркази саломатии шаҳрии №1», шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2021    №: 85    Мутолиа карданд: 734
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед