сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ГУРБОНГУЛӢ БЕРДИМУҲАМЕДОВ
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар рафти суҳбат Сарвари давлати мо ба Президенти Туркманистони дӯст таъзия ва тассалиёти амиқи худро дар робита ба талафоти гарон – фавти падарашон Мяликгули Бердимуҳамедович Бердимуҳамедов изҳор намуданд.
“Дар ин рӯзҳои ғамангез ба Шумо ва пайвандону наздиконатон матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил мехоҳам”,- таъкид доштанд Пешвои миллат.
Ҳамчунин, ҷонибҳо атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор намуданд.
Дар зимн, президентҳои ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик мулоқоти машваратии вазирони корҳои хориҷӣ, инчунин, ҷаласаи навбатии комиссияи муштаракаи байниҳукуматиро оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо мақсади баррасии ҳамаи ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баргузор намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.04.2021 №: 86 Мутолиа карданд: 732