logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Яке аз иқдомҳои ҷомеасозе, ки дар сиёсати имрӯзи давлатдорӣ роҳандозӣ мегардад, ин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш низ боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлату Ҳукумат арзёбӣ намуданд.
 
Воқеан, бонувони тоҷик қувваи пешоҳанги кишвар буда, дар таҳкимбахшии дастовардҳои даврони соҳибистиқлол нақши муассир доранд. Ҳоло соҳаеро ёфтан муҳол аст, ки дар он занон пайи фаъолият қарор надошта бошанд. Дар радифи бонувони муваффақ месазад, ки номи Маҳингул Кабирзодаро махсус зикр намоем, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Данғара вирди забонҳост. 
Ӯ тӯли 35 соли фаъолият аз ҳурмату эҳтироми баланди мардум бархӯрдор мебошад. Мавсуф дар ноҳияи Восеъ дар оилаи хизматчии давлатӣ - Абдуллои Кабир чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Чун аз ҷавонӣ ба табиб шудан рағбати зиёд дошт, соли 1980 баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супорида, онро соли 1986 бо ихтисоси табиби кӯдакона хатм намуд. Фаъолиятро соли 1986 дар беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ба ҳайси духтури кӯдакона оғоз бахшид. Аз соли 1988 то соли 1998 мудири ҳуҷраи навзодони шуъбаи таваллудхона ва баъди гузаштани такмили ихтисос дар Туркия, Хитой ва Қирғизистон то соли 2001 духтури занонаи беморхона шуд. Малакаву таҷрибаи ғаниашро ба эътибор гирифта, ӯро соли 2001 ба вазифаи муовини сартабиби беморхона таъйин намуданд.
Маҳингул Кабирзода баъди фаъолияти 25 - сола бенуқсон дар соҳаи тиб, бо амри тақдиру тақозои вақту гардиши рӯзгор ҳатто дар гӯшаи хаёл надошт, ки пешаи дӯстдоштаашро канор гузошта, вориди сиёсат мешавад. Соли 2011 ӯро мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Данғара таъйин намуданд. Ҳамзамон, дар давоми фаъолият таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон идома дода, онро соли 2018 бо дипломи аъло ва ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ, касби ҳуқуқшинос хатм намуд. 
Имсол бо ташаббуси ӯ дар арафаи Рӯзи Модар ва Иди Наврӯз ва ҷалби соҳибкорон ба 222 кӯдаки то яксола шаҳодатномаи таваллуди ройгон ва ба кӯдакони сегонике, ки дар деҳаи Остонаи ноҳия таваллуд шуданд, аробача тақдим карда шуд. Аз ҳама кори муҳиме, ки ба қавли худаш ӯ соли 2020 анҷом додааст, ин барқароркунии 10 оилаи ҷавон мебошад, ки дар ҳолати ҷудошавӣ қарор доштанд. 
Маҳингул Кабирзода ду маротиба ба муҳлати 10 сол аъзои Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шудааст. Солҳои 2005-2010, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара, ҳамзамон, солҳои 2010-2015, вакили маҷлиси вакилони вилояти Хатлон буд. Меҳнатҳои ӯ бо чандин ифтихорнома қадрдонӣ гардидааст. 
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2021    №: 86    Мутолиа карданд: 989
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед