logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН. ДАР МАРЗ ЧӢ ГУЗАШТ?

Вобаста ба вазъи баамаломада дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки 29 апрели соли ҷорӣ зимни муноқишаи сокинони  маҳаллаҳои Сомониёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кок-Тоши Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ба тарафи шаҳрвандони мо аз камони шикорӣ оташ кушоданд. Дар натиҷа, Оқил Амаков (соли таваллудаш 1989), сокини маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараро аз пешониаш захмдор карданд. Номбурда  ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол ёфта, вазъи саломатиаш вазнин арзёбӣ мегардад.         
Ҳамчунин, худи ҳамин рӯз бар асари тирпарронии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Саттор Самадов (соли таваллудаш 1989), сокини маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, аз дасту пояш  ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ гардид. Муноқишаи мазкур 28  апрели соли 2021 дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии «Головной», воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дар натиҷаи амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ва сангпартоии онҳо ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сар зад. Аз сангҳои партофтаи онҳо 7 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд, ки дар байни шаҳрвандони Қирғизистон хизматчиёни воҳиди таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ ҳузур доштанд.
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, ҳамчунин, иттиллоъ дод, ки нимаи дуюми рӯзи 29 апрел дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии «Головной» низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба сӯи сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд: «Ҳодисаи мазкур дар ҳолате рух дод, ки тӯли рӯзҳои охир ҷониби Қирғизистон худсарона бандҳои созишномаи қаблан мувофиқашудаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон вайрон намуда, нақшаи забти нуқтаи обтақсимкунии «Головной»-ро ба роҳ мондааст».
Қӯшунҳои сарҳадӣ дар баёнияи расмӣ таъкид кардааст, ки тибқи харитаи солҳои 1924 – 1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ барои обёрии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд.
Тибқи хабарҳои расида, ҳоло вазъият дар сарҳад муътадил буда, комиссияҳои дуҷонибае, ки оид ба ҳалли низои мусаллаҳонаи 29 апрели соли 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон рухдода, таъсис ёфтаанд, сабабҳо ва оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карда, изҳороти муштарак қабул намуданд.

"ҶУМҲУРИЯТ"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2021    №: 87    Мутолиа карданд: 915
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед