сиёсат
ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ ВАЗЪИ МИНТАҚАҲОИ НАЗДИМАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
29 апрели соли 2021 бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод. Вазирони корҳои хориҷӣ вазъияти душвореро, ки
28 – 29 апрели соли 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба вуҷуд омад, муфассал баррасӣ карданд.
Роҳбари мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон зикр намуд, ки густариши муносибатҳо бо ҳамсоягон дар минтақа, ки Тоҷикистонро бо онҳо робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек мепайванданд, самти авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар мебошад.
С. Муҳриддин таъкид намуд, ки Тоҷикистон азми қавӣ дорад тариқи музокирот роҳҳои ҳалли қобили қабули мутақобил ва бо назардошти манфиатҳои миллии худро ҷустуҷӯ ва масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ бо Қирғизистонро тадриҷан ҳал кунад. Ҳамзамон, ӯ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳаргиз аз заминҳое, ки аслан ва қонунан ба он тааллуқ доранд, даст нахоҳад кашид.
Дар суҳбат вазирон бар аҳамияти ҳалли масъалаҳои марзи давлатӣ танҳо аз тариқи гуфтушунидҳо таъкид карда, ғайри қобили қабул будани кӯшишҳои иғвоангезии тарафҳои алоҳидаи манфиатдорро, ки боиси бештар шиддат ёфтани вазъият мегарданд, зикр карданд.
Таъкид гардид, ки адами эътимод дар минтақаҳои наздимарзӣ метавонад ҳодисаҳои навро ба вуҷуд орад ва оқибатҳои ҷиддӣ, аз ҷумла талафот дар байни аҳолии ғайринизомии ду давлати ҳамсояро, ба бор орад.
Вазирони корҳои хориҷӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли масъалаҳои мураккаби сарҳади давлатӣ бояд иродаи қавии сиёсӣ зоҳир гардад.
Дар ин бора ба "Ҷумҳурият" аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.04.2021 №: 87 Мутолиа карданд: 859