logo

сиёсат

МУРОҶИАТНОМАИ Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба журналистон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳри Душанбе, 2 майи соли 2021

Ҳамкасбони гиромӣ, дӯстони азиз!

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дар баробари дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, аз ташаннуҷи авзоъ дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, ки боиси ҳалокати одамон гардидааст, нигаронии шадиди худро изҳор менамояд. Пеш аз ҳама, ба хонаводаи фавтидагон ва ҷабрдидагони ҳодиса арзи таслият намуда, барои паси сар кардани мушкилот сабри ҷамил хоҳонем.
Рисолати касбии мову шумо, ҳампешагони азиз, тақозо дорад, ки барои расондани ҳақиқат ва адолат хидмат намоем. Тибқи меъёрҳои касбиву ахлоқӣ вазифаи расонаҳо беғаразона, мунсифона ва бидуни эҳсосот пешниҳод намудани мавод роҷеъ ба ҳаводис мебошад. 
Ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ нобаробарии иҷтимоӣ ва тақсими захираҳои обӣ ба моҷарои марзӣ оварда расонда буд. Вале ба ин даргириҳо ва баҳсҳо нуқтаи охир нагузоштанд. Даргириҳо ва талошҳои марзӣ ҳодисаи нав нест, аммо ҳадафи аслии мо бояд инъикоси воқеъбинонаи ин масъалаи ниҳоят доғ бошад. Мутаассифона, чи дар расонаҳои чопиву электронӣ ва чи дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди вазъ иттилои хушунатомез, пур аз эҳсосот ва кинаву адоват пахшу паҳн мегарданд.
Мо, журналистон, дар чунин вазъ бояд ба эҳсосот дода нашавем, балки ҳамаи масоилро дар тарозуи адлу инсоф баркашида, боиси доман задани алангаи нафрату оштинопазирӣ набошем. Бо риояи меъёрҳои ҳирфавӣ ва ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар расондани иттилои дурусту беғараз ва орӣ аз ҳангомаҷӯиҳо ба бинанда, шунаванда ва хонандаи худ мусоидат кунем.
Бори дигар аз шумо, ҳампешагони азиз ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, инъикоси воқеии вазъият, таҳлили боинсофона ва пешниҳоди маводро бо факту рақамҳои таҳрифношуда хоҳиш дорем.
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2021    №: 88    Мутолиа карданд: 818
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед