иҷтимоиёт
КӮЛОБ. БОСТОНШАҲРЕ ДАР МАСИРИ РУШД
- Шаҳри бостонии Кӯлоб бо сиёсати созанда ва дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз ба рӯз ободу зеботар гардида, бо ташкил шудани Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва минтақаи саноатӣ аз шаҳри аграрӣ ба шаҳри саноатӣ табдил ёфта истодааст. Соли 2020 низ барои аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб, воқеан, соли таърихӣ ва хотирмон буд, чунки 22 – 23 сентябр Пешвои миллат дар шаҳри Кӯлоб қарор дошта, як қатор иншооти ҷашниро дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ намуданд ва бо фаъолони он суҳбати самимӣ доир карданд, - гуфт раиси шаҳр Абдуқодир Вализода, дар мусоҳиба бо хабарнигори рӯзнома.
Ҳамчунин, номбурда роҷеъ ба дигар дастовардҳои назарраси иҷтимоию иқтисодии як солу се моҳи охири шаҳри Кӯлоб ибрози назар намуда, зикр кард:
- Аҳли заҳмат ва сокинони баору номуси шаҳр ҷиҳати амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 «Дар бораи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», камари ҳиммат баста, аллакай, аз 11 июни соли 2018, № 117 қарори раиси шаҳр «Дар бораи таъсиси гурӯҳҳои корӣ оид ба омодагӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб» ба тасвиб расид. Дар доираи он нақшаи бунёду таъмири иншооти хизматрасонӣ, истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, роҳҳои автомобилгард ва монанди инҳо, таҳия гардиданд.
Вобаста ба истиқболи сазовор аз ин ҷашни муқаддаси миллӣ бунёд ва навсозии 873 иншооти таъйиноташ гуногун ба нақша гирифта шуда буд. Солҳои 2018 – 2020 ва семоҳи соли ҷорӣ, 637 иншоот (73 дарсади нақша) бунёд, таъмир ва навсозӣ гардиданд.
Аз ҷаҳду талоши сокинони меҳандӯсти шаҳр маълум аст, ки онҳо бо як рӯҳияи фараҳафзо ин иқдоми наҷиби Сарвари давлатро дастгирӣ менамоянд. Дар ин самт бевосита саҳми соҳибкорони ватанӣ зиёд аст. Ҳоло дар тамоми самтҳо ташаббусҳои ватандӯстонаи ин қишри ҷомеа дида мешавад. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд дар доираи имтиёзҳои муқаррарнамудаи давлатӣ фазои мусоидро барои рушди фаъолияти соҳибкорону сармоягузорон фароҳам овардааст.
Иқтисодиёти шаҳри Кӯлоб низ муътадил рушд намуда, дар семоҳаи аввали соли 2021 вобаста ба ҷамъоварии андозу дигар пардохтҳо ягон мушкили ҷиддӣ пеш наомад ва ҳолати кор нисбатан беҳтар ҳам, гардид. Иҷрои нақшаи андозҳо дар ин давра 104,5 дарсадро ташкил дода, ба буҷет 23 миллиону 325 ҳазор сомонӣ ворид шуд. Дар ин муддат дар нозироти андоз 4766 соҳибкори инфиродӣ, аз ҷумла 2074 бо патент, 681 бо шаҳодатнома ва 2011 хоҷагии деҳқонӣ, сабт шудааст, ки аз ин ҳисоб теъдоди андозсупорандагон нисбатан зиёд гашт.
Ҳамзамон, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020 - 2025 бо дастгирии Сарвари давлат ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, № 389 тасдиқ гардид. Барнома 221 лоиҳаро ба маблағи 6 миллиарду 967 миллион сомонӣ дар бар гирифта, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 411 миллион сомонӣ, вилоятӣ 66 миллион, маҳаллӣ 31,7 миллион, сармояи хориҷӣ 6,1 миллиард ва бахши хусусӣ 294 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар натиҷаи амалишавии барнома аксари масъала ва мушкилоти ҷойдошта ҳалли худро ёфта, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ беҳтар мегардад.
Барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва таъмини шароити муносиби зиндагӣ ба мардум дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 14 лоиҳаи инвеститсионии мутамарказ ба маблағи 18,7 миллион доллари ИМА мавриди татбиқ қарор дорад.
Бо назардошти ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳр соли 2021 бунёди 9 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо назардошти лоиҳаҳои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2020 – 2025 пешбинӣ шудааст. Дар 3 моҳи соли равон 3 коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла коргоҳҳои истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, сангу шағал ва макаронбарорӣ, сохта ба истифода дода шуда, дар ин замина 28 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Дар натиҷаи чораҳои амалигардида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ ба 58,5 миллион сомонӣ расид.
Ҳамзамон, бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар шаҳр бунёди корхонаи нассоҷӣ бо таъсиси 500 ҷойи кори доимӣ барои сокинони маҳаллӣ оғоз шуда, то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода супурда мешавад. Айни замон корҳо дар ин иншоот муташаккилона идома доранд.
Мардуми заҳматқарини шаҳри Кӯлоб имрӯзҳо ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ба хотири сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Боварӣ дорем, ки дар доираи ин ҷашни муқаддаси миллӣ шаҳри Кӯлоб дар радифи дигар гӯшаҳои зебоманзари диёрамон боз ҳам ободтар ҳоҳад шуд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.05.2021 №: 88 Мутолиа карданд: 848