иҷтимоиёт
«ТОҶИКОН» ДАР САНГВОР. АСАРИ БЕЗАВОЛИ МИЛЛАТСОЗ ДАР ДАСТИ МАРДУМИ КӮҲИСТОН
Мардуми меҳнатқарини ноҳияи Сангвор бештар аз як моҳ мешавад, ки ба хондану омӯхтани китоби мондагори аллома Бобоҷон Ғафуров - «Тоҷикон» саргарманд, зеро бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3629 нусха китоби маъруф ба дасти сангвориён расид.
Ин китоби таърихӣ, ки миллати моро ҳамчун миллати куҳанбунёд дар ҷаҳон муаррифӣ карду барои эҳёи давлатдории мо асос гардид, имрӯзҳо байни пиру барно даст ба даст мегардад.
«Тоҷикон» воқеан, шиносномаи миллат аст». Ин сухани мухтасар, пурҳикмат ва ҳақиқатнигоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти таърихӣ ва миллии асари бузурги академик Бобоҷон Ғафуровро дақиқ ифода кардааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ «Бобоҷон Ғафуров олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ», ки дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» дарҷ гардидааст, паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва осори алломаро таҳлил намуда, ба фаъолияти давлатӣ ва илмии пажӯҳишгар баҳои муносиб додаанд. Аз ҷумла, таъкид кардаанд: "Бобоҷон Ғафуров солҳои тӯлонӣ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул буд. Ҳамзамон, созмондиҳандаи моҳири соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла шарқшиносӣ буда, барҳақ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик ба ҳисоб меравад".
Воқеан ҳам, Бобоҷон Ғафуров ҳамчун олими заковатманд ва дурандеш на танҳо «Тоҷикон» - ро таълиф намуд, балки дар нашри асари «Таърихи халқи тоҷик» ба забони русӣ, ки дар Маскав ба табъ расида буд, хидмати боарзиши илмиро анҷом дод. Ӯ ба ин восита бо як тир ду нишон зад: аз як тараф бо ҷалби олимони таърихшиноси машҳури Россия ва тоҷик дар маркази Иттиҳоди Шӯравӣ ин асарро чоп ва дастраси олимону хонандагон намуд ва аз ҷониби дигар, хидмати миллии худро низ иҷро кард ва онро ҳамчун мақсади таблиғи таърихи ғании миллати худ қарор дод, ки ҷавоби қотеъ ба инкорсозони фарҳанги бузурги халқи тоҷик гардид.
Бо дарки ҳамин масъулият, сокинони ноҳияи мо кӯшиш доранд, ки «Тоҷикон» - ро омӯзанд ва ба фарзандонашон низ талқин намоянд. Ҳоло аз омӯзгорони фанҳои таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ, ҳуқуқ ва сиёсат хоҳиш мекардем, ки дар таҳлилу тафсиру фаҳмондани қисматҳои алоҳидаи ин шаҳкитоб саҳм бигиранд ва ҳувияти миллии насли навро ба дурустӣ ташаккул диҳанд.
Умеда САТТОРБЕКЗОДА,муовини раиси ноҳияи Сангвор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.05.2021 №: 88 Мутолиа карданд: 699