иқтисод
“БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ. 50-60 ДАРСАДАШ “БЕМОР” АСТ. ЧАРО?
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби дар рӯзномаи “Ҷумҳурият,” № 68 (24175), аз 6 апрели соли 2021, ба нашр расидаро дар мавзӯи “Боғҳои интенсивӣ. 50-60 дарсадаш “бемор” аст. Чаро?” мавриди баррасӣ қарор дод.
Вобаста ба масъалаи карантину безараргардонии ниҳол, ном асту нишон не, қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқаворӣ пеш аз воридоти ниҳол ба ҷумҳурӣ тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳа, дар асоси муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, (воридоткунандагони ниҳол) ба онҳо иҷозатномаи воридоти карантинӣ дода мешавад (албатта пас аз омӯхтани мавҷудияти зараррасонҳои карантинӣ аз давлати содироткунанда).
Ҳангоми воридоти ниҳолҳо дар сарҳади ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони самти назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ дар сарҳади давлатӣ дар вилоятҳо ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар асоси тартиби муқарраргардидаи қонунгузории соҳавӣ азназаргузаронии ҳуҷҷатҳои ҳамроҳкунандаи борҳои воридотӣ, хусусан ниҳолҳо санҷида шуда, ҳангоми пайдо шудани шубҳа, намунаи ниҳоли мазкур барои ташхис ба шуъбаи фитосанитарӣ ва карантинии Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқавории раёсатҳои кумита равон карда мешавад. Дар асоси санади ташхиси карантинӣ оид ба муайян намудани ҳолати фитосанитарии растанӣ, яъне ҳуҷҷати тасдиқкунандаи аз касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасон ниҳол барои ворид гардида ба қаламрави кишвар иҷозат дода мешавад. Яъне, дар сурати мусбат нишон додани ташхиси лабораторӣ ва ошкор нагардидани зараррасонҳои карантинӣ ва хавфнок аз рӯи талабот ва қонунҳои амалкунандаи соҳа зарурияти фумигатсия (безараргардонӣ) кардани ниҳол вуҷуд надорад.
Иттилоъ медиҳем, ки давоми соли 2020, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи давлатҳои содироткунанда ба кишвар 101 ҳазор бех ниҳол ворид шуда, аз рӯи натиҷагирии лабораторӣ танҳо зарурияти дар 2 ҳазор бех ниҳол гузарондани чораи фитосанитарӣ дар шакли фумигатсия ё худ безараргардонӣ зарур шуморида, амалӣ шудааст.
Аз рӯи талабот ва татбиқи чораҳои фитосанитарӣ дар шакли (безараргардонӣ) фумигатсия ҳангоми зарурат, яъне дар ҳолати дарёфти ҳашаротҳои зараррасон амалӣ мешавад. Агар ниҳол аз ҷониби кишвари содироткунанда фумигатсия шуда, аз ҷониби Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқавории кумита сифат ва бехатарии он муайян гардад, пас зарурати дубора фумигатсия кардани ниҳол нест.
Воридоти тамоми намуди молу маҳсулот, махсусан ниҳолҳои воридотшаванда зери назорати доимии мутахассисони кумита қарор дошта, ниҳолҳое, ки аз хориҷа ба ҳудуди кишвар ворид мешаванд, аз мавсими ниҳолшинонӣ сар карда то давраи ба даст овардани ҳосили боғу токзор аз ҷониби мутахассисони самти фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва тухмии мақомоти бехатарии озуқаворӣ зери таҳқиқ қарор дода мешавад. Татбиқи чораҳои фитосанитарӣ дар шакли коркарди кимиёвӣ ва чораҳои агротехникӣ аз сабзиш то ҳосилгириро бошад, боғпарварон ва кишоварзони мамлакат дар асоси тавсияи олимону мутахассисони Вазорати кишоварзӣ ва зерсохторҳои он иҷро менамоянд.
Мақомоти бехатарии озуқаворӣ аз рӯи уҳдадориҳои худ танҳо ба назорати 8 намуди зараррасонҳои карантинӣ, ки номгӯи он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2020 № 375, тасдиқ шудааст, масъул буда, ошкор ва муайян намудани онҳо ҷиҳати бартарафсозии ин зараррасонҳо, корбарӣ менамоянд.
Роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ аз ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма қаноатманд буда, бовар дорад, ки ҳамкории мо дар самти инъикоси воқеъбинонаи камбудиву норасоиҳои соҳа тақвият ёфта, барои пешравии фаъолияти мақомоти бехатарии озуқаворӣ ва рушди Ватани азизамон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.
Муҳаммадсаид ФАЙЗУЛЛОЗОДА,
раиси Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.05.2021 №: 88 Мутолиа карданд: 1427