иҷтимоиёт
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. ЧАРО ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ АЗ ГУЗАРОНДАНИ ОН ХУДДОРӢ МЕКУНАНД?
Баргузории нишастҳои матбуотӣ, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 амал мекунад, ягона имкон ва фурсати муносибест, ки хабарнигорон бо вазирон, роҳбарони сохтору ниҳодҳои давлатӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо рӯ ба рӯ омада, ба суолҳои худ ҷавоб мегиранд. Ба ин тартиб, нишастҳои матбуотӣ дар ҷомеаи имрӯзи мо рисолати хосеро ба худ касб кардаанд, ки дар пайи он бархе мушкилоту муаммоҳои мавҷуда роҳи ҳалли хешро пайдо мекунанд.
Нишастҳои матбуотии ахир, ки оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли гузашта буд, дар як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, аз ҷумла Кӯлоб, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Данғараю Балҷувон, дар ҳамин фазо баргузор гардиданд.
Нишасти матбуотии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барои тамоми хабарнигорон намунаи олии демократия буд. Ҳар як норасоӣ ва камбудие, ки журналистон тибқи мушоҳидаҳояшон ошкор кардаанд, раиси вилоят бо қаноатмандӣ навишта мегирифт ва муҳлати ислоҳ намуданашро аниқ мекард. Илова ба ин, аз вақти муқарраргардида бештар ба саволҳо посух дод.
Раиси ноҳияи Фархор дар нишасти матбуотиаш мужда дод, ки то рӯзи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия филиали фабрикаи бофандагии шаҳри Хуҷанд ба кор оғоз менамояд, ки тибқи нақша либосҳои пахтагии «ҷинс» истеҳсол мекунад. Маҳсулоти истеҳсолгардида дар баробари бозори дохилӣ ба хориҷа низ содирот мешавад. Ҳамчунин, тараққӣ додани соҳаи моҳипарварӣ, парандапарварӣ, бозсозии совхози «Сурхоб» бо шарикони рушд аз Ҷумҳурии Корея ва дар заминаи хоҷагии зотпарварии «Ҳисор» бунёд намудани корхонаи коркарди пӯсту пашм, аз қабили дурнамои бунёдкориҳои ноҳияи Фархор аст.
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бошад, сохтмони фабрикаи шарбатбарорӣ идома дошта, чун давраи шӯравӣ пурра барқарор кардани хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва бо бунёди корхонаи нав истеҳсоли консерваҳои моҳигӣ дар назар аст. Илова бар ин, сохта ба истифода додани коргоҳҳои нав ба нави намак ва дӯзандагӣ на фақат шумораи корхонаҳои истеҳсолиро зиёд мекунанд, балки садҳо нафар соҳиби ҷои кор мешавад. Чунин нақшаҳои бузурги созандагӣ дар шаҳри Кӯлоб бо назардошти Минтақаи озоди иқтисодӣ дар назар аст.
Ба ин монанд, дар дигар шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои марбутаи давлатии вилоят нишастҳои матбуотӣ дар фазои озод, баҳсу баррасиҳои корсоз доир мегарданд. Аммо аз чи бошад, ки милитсияи минтақаи Кӯлоб дар миёни мақомоти қудратӣ соли дуюм аст, ки нишасти матбуотӣ доир намесозад. Ба гуфтаи масъулон, гӯё аз вилояту ҷумҳурӣ ба онҳо иҷозат намедиҳанд.
Дар баробари ин, шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон низ нишасти матбуотӣ нагузаронд. Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои зикргардида бояд бо ҷомеа дар ҳамкории зич бошанд, вале…
Шояд баъд аз нашри ин матлаб масъулон доир ба баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ дар минтақаи Кӯлоб чораҳои заруриро рӯи даст мегиранд.
Ғайбулло ҲАЛИМОВ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.05.2021 №: 88 Мутолиа карданд: 789