фарҳанг
ОЗМУНИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» КӮШИШИ НАВЕ ДАР ГУСТАРИШИ МУСИҚИИ КАСБӢ
Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» се сол аст, ки дар ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Мақсади озмуни имсола сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар ин озмун хонандагону донишҷӯён ва наврасону кӯдакони синну соли гуногун метавонанд иштирок ва ҳунарнамоӣ намоянд. Айни ҳол барои гузарондани озмун тамоми муассисаҳои касбиву таълимии бахшҳои фарҳанги кишвар тайёрии ҷиддӣ мебинанд.
Яке аз ин муассисаҳо, ки барои дар озмун ширкат варзидани дастпарваронаш тайёрии ҷиддӣ дида истодааст, мактаби бачагонаи мусиқии № 5 ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ мебошад. Муассиса дар кӯчаи Роҳи Нав, бинои № 195 – и шаҳри Душанбе воқеъ аст. Он аз соли 1946 фаъолият дошта, дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон чанд маротиба таъмиру бозсозӣ гардидааст. Мактаб аз чор шуъба иборат аст: шуъбаҳои асбобҳои халқӣ, торӣ ва нафасӣ, назарияи мусиқӣ ва фортепиано.
- Ҳар омӯзгори муассиса мекӯшад, ки ба мисли худ мутахассиси хуберо барои соҳа тарбия намояд. Хонандагонамон низ хуб дарк кардаанд, ки чӣ гуна омӯзгорон ба онҳо тадрис медиҳанд. Пас, метавон бо дили пур иброз дошт, ки дар оянда соҳа бе кадрҳои хуб намемонад.
Имрӯзҳо омӯзгорони мо ҳамроҳи шогирдони худ пайваста пайи тамрин ҳастанд. Онҳо нисбат ба гузарондани озмун ҷиддӣ муносибат доранд. Мо, аллакай, рӯйхати хонандагонеро, ки имсол дар озмун иштирок мекунанд, супурдем. Омодагӣ ба озмун дар сатҳи хуб аст. Соли гузашта ҳам аз муассисаи мо хонандагони зиёде дар озмун иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гашта буданд. Ба ғайр аз ин, дар дохил ва берун аз он озмуну чорабиниҳои зиёди фарҳангие баргузор мегарданд, ки хонандагони мо дар онҳо фаъолона иштирок мекунанд. Ҳамзамон, хатмкунандагони мактаби мо дар аксарияти муассисаҳои фарҳангии пойтахт, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз марзи кишвар, аз рӯи ихтисосҳои касбиашон дар вазифаҳои гуногун фаъолият доранд, ки ин боиси ифтихорашон мебошад, - гуфт дар суҳбат бо мо Н. Олимов, директори мактаби бачагонаи мусиқӣ.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Лола Азизова дар мавриди озмун чунин ибрози андеша намуд: «Бисёр шодам, ки озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» эълон гардид. Ҷиҳати хубии озмун дар ҳамин аст, ки дар дили шогирдону наврасоне, ки онҳо шояд ҳоло ба мактабҳои мусиқӣ наомада бошанд ҳам, лекин ҳунару истеъдод доранд, меҳру муҳаббати санъатро бедор мекунад. Барои он ки вақте ҳамсолони худро тариқи «оинаи нилгун» мебинанду бисёриҳояшон соҳиби ҷоиза мешаванд, онҳо ҳам орзу мекунанд ба мисли ҳамсолони худ бошанд. Инро барои он мегӯям, ки ман ҳам вақте дар синну соли онҳо будам, ҳунармандони шинохта ва машҳури Тоҷикистонро тамошо мекардаму ҳисси дӯст доштани санъат дар ман боло гирифту ҳамин роҳро интихоб намудам. Шогирдони мо маҳорату малакаи хубе доранду пайваста дар пайи такмили он мебошанд. Тамринҳои доимии онҳоро дида бо боварии комил гуфта метавонам, ки имсол озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар сатҳи баландтар хоҳад гузашт. Озмун муаррифгари санъати тоҷик хоҳад гашт. Ба воситаи озмун мо навозандаву сарояндаи бомаҳоратеро пайдо карда метавонем».
Мусиқӣ ба инсон як рӯҳи тоза мебахшад. Сароянда ва навозанда доимо пайи эҷод буда, мехоҳанд ба гӯши шунаванда аз эҷодиёти худ навгониеро расонанд. Мардуми тоҷик аз қадим дилбохтаи санъат аст. Аммо имрӯзҳо, вақте ки мо ба мусиқӣ рӯ меорем, мебинем, ки мусиқии миллати мо торафт аҳамияти худро гум кардааст. Сурудҳое, ки бисёре аз ҷавонони ҳозира мехонанд, мазмуни паст доранд. Шояд ҳаминро ба назар гирифта, Сарвари давлат барои рушду нумӯи минбаъда ва густариши мусиқии милливу касбӣ озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» - ро роҳандозӣ намуданд. Ин иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб мешавад, ки омӯзгорон маҳорату малакаи дар замири шогирдонбударо бо заҳмату талошҳои пайваста берун оранд ва онро ба дигарон нишон диҳанд.
Дилрабо НАЗАРОВА, коромӯзи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.05.2021 №: 89 Мутолиа карданд: 902