иҷтимоиёт
МУНШИИ УМЕДИ ТОҶИК
Шоирони бузургро аҳли ҷомеа ба унвони пиру пешвову муршиду қиблагоҳу ҳодии қутбнамои худ мешиносанд. Шояд дар як аср дар ҳудуди кишваре чандсад суханвар ба офариниши осор мепардозанд, аммо фақат воҳидеро муяссар мешавад, ки оинаи ватаннамову қомуси фарҳангу ирфони миллат, қосиди саодатовару пайки фаррухфоли ақвоми шаш қитъа бошад ва бо ҳастии фархундааш раҳ ба раҳу дил ба дилу ҷон ба ҷон муҳаббат илқо намояд.
Симои фурӯзонфари устод Мирзо Турсунзодаро мо чунин мебинем: симои азизе, ки партави анвораш то имрӯз дилҳорову дунёро муждаи сабоҳат медиҳад, тимсоли мунире, ки ҳанӯз домони намозии Ватанро бӯса мезанад, рӯдҳову обшорони диёрро дуруд мегӯяд, бо хурду бузурги Тоҷикистон ёронаву ёваронаву хешона ибрози муҳаббат мекунад, дасти аз ғояти сармову гуруснагӣ яхбастаи ятимакони бекасу кӯро падарона ба даст мегирад, ба решҳои дили Шарқ марҳам меҷӯяд, ҷангҳоро ба сулҳ иваз месозад, зулматҳоро ба нур, ҷаҳолатҳоро ба маърифат, зулмҳоро ба мурувват, кинаҳоро ба меҳр табдил медиҳад. Сухан танҳо аз азамати шеъри устод Турсунзода нест, ки, бешак, ҷаҳонро фатҳ кардааст, сухан аз масоҳати иҷтимоии ӯст, ки бо ҷаҳду талошу навиду башоратҳои беамсолаш бӯи беҳбуд ба авзои замон мебахшад, зиндагии инсонҳоро ба самти саодат бармегардонад, дасти таҷовузи золимонро аз сари мазлумон дур меафканад, ба ҳар диёр чун мубашшири сулҳу озодиву озодагӣ дуруд мебарад ва банӣ. Одамро ба тавҳиду ҳамгароии ҷовидон мехонад. Як одами маъмулӣ магар метавонад бо ғами кӯдакони бемакони ҳинду зиндагӣ кунад ё бо ранҷи сияҳбахтони Африқо:
Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,
Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.
Як шоири одӣ магар метавонад ончунон Ватан гӯяд, ки ба василаи ӯ мардуми шаш ҷиҳат Ватани ӯро шиносанду дӯст доранд. Ақвоми ҷаҳон устод Турсунзодаро медиданду Тоҷикистонро маърифат мекарданд ва муътақид мешуданд, ки фарзанди ростини Рӯдакиву Синову Ҳофизро дарёфтаанд. Мисли ин ки фазлу фазилатҳои як миллат дар вуҷуди як нафар муҷассам шуда буд.
Магар як равоншиносу ҷомеашиносу ҳуқуқшиносу файласуфу омӯзгору суханнигори одӣ метавонад муншии бахти мардуми сайёра бошад. Магар метавонад ҳуруфе гӯяд, ки аҳли адёну мазоҳибу масолику кешу миллату нажодҳои гуна – гуна оҳанги ошноӣ кунанд ва фарҳанги бо ҳам зистанро омӯзанд.
Магар як ҳамсари муқаррарӣ метавонад достоне гӯяд (достони “Ҷони ширин” дар назар аст), ки ними мардони Ватан ба мухотаби худ, ки пештар бо номҳои бешуои “занак”, “кампир”, “кампирак”, “ҳой”, “очаи бачаҳо”, “очеш”, “апеш” ва ғайра хитоб мешуд, “Ҷони ширин”, - гӯянд.
Устод Мирзо Турсунзода дар зиндагонии мардуми тоҷик ва ҷомеаи башарӣ инчунину беш аз ин муъҷизаҳо кардааст. Шеъри ӯ бо каломи дилнишону дилнишин, бо рабоиши бемонанди ҷонтасхиру ҷаҳонтасхир, бо анфоси гарму анвори бузургу маҷрои азими муҳаббату умеду таманно ба ҳамагон таъсир мекунад. Ончунон таъсир мекунад, ки касе наметавонад, аз шуои муқтадири ин Офтоби мухаллад худро канор кашад. Ин шеър - шеъри маҳрамонаву марҳамонаву отифиву хусусӣ нест, ин шеър – оинномаи ҳаёти башар аст, ки тариқи дарёфти саодатро ба ҳамагон ифшо месозад. Ҳатто хусуситарин ашъори устод Турсунзода бознамои ормонҳои кулли инсонҳост. Руҷӯъ кунем ба мухаммаси “Дараи арӯсон”, ки чунин хотима меёбад:
Духтаронро ман ба сад ишқу ҳавас дорам назар,
Шод гардам аз саодатҳояшон мисли падар.
Чунки ман ҳам дорам уммед аз набера, аз писар,
Мерасад рӯзе, ки фарзанди мани дилбохта
Бо арӯси хеш ояд хонаро пур сохта.
Дар ин банд гӯё зоҳиран тозакориҳои ҳунариву зебу орои суварӣ ва ҳуруфи печопечи номакшуф нест. Аммо дар ин содагии мубаррову мастур чи ҷозибаҳои азиме шаъшаа мезанад. Дар оинаи панҷ мисраъ тарҷумаи ишқу умеди муаллиф пайдост: зиндагии инсоне, ки гарчи ҷавониро падруд гуфтааст, дилу ҷону пиндору андешааш ҳанӯз равнақи аҳди шабоб дорад ва дар ҷавонии писару наберагонаш идомаи мубораки суннатҳои хуҷастаи аҷдодиро шодбод мегӯяд. Шояд завқу нигоҳи дигар ин марҳалаву манзараи умрро бо ҳасрат менигарист, аммо устоди соҳибназари мо ҳамеша бо шукру сипос ба истиқболи ояндаҳо меравад. Масалан, касе ба ақоқиҳои сафед менигарад ва мегӯяд: “Оваҳ, чӣ роиҳаи муанбару чи зебоии афиф” ва касе дигар бо нигоҳи дигаргуна меандешад, ки чаро ин ақоқиҳо баргҳои тирарангу сияҳфом доранд. Устод Мирзо Турсунзода ҳамеша муҷассамаи умеду нишоту фархундагии мондагор аст. Бешак, дарду шиканҷаҳои ҳар инсони хокӣ ӯро ҳам ранҷ медиҳад, аммо ӯ бо матонати поянда ҳамагонро ба ифтитоҳҳои наҷиб мехонад:
Орзу бисёр дорад дил ҳанӯз,
Ҷӯши ишқи ёр дорад дил ҳанӯз.
Орзу дорад, ки болу пар занад,
Гул ба мӯҳои сафеди сар занад.
“Ҳанӯз” – ишорат ба оғозҳои тоза аст, ки дилҳои қадимтаринро ҳам завқи зебоӣ тапиш мебахшад. Дар ҳар мисраи осори устод муҳаббати бузург мавҷ мезанад: муҳаббат ба кӯчабоғу барзанҳои атргардони Ватан, ба кӯҳу дарёву адиру рӯдбору чашмасорони маъсумаш, ба ҳар гулу гиёҳи чароғонаш, ба пирони босалобату тифлони домонаш, ба модарони фардоофарину паридухтарони хуршедҷабин, ба Ғарбу Шарқ, ба Осмону Замин, ба одамони сиёҳу сапеду гуна – гунаи олам, ба ҳама, ба ҳама, ба ҳама! Ва муҳаббату хулуси хос ба ниёкони муборакнубуғу шогирдони ояндаафрӯз. Як инсон бо чунин ҷуғрофиёи азими муҳаббат хуршедвора зиндагии ҳазорону сад ҳазоронро фурӯғ медиҳад. Шояд як силсила осори иҷтимоии устод, ки борвар аз ғояҳои сусиёлистиву коммунистӣ будаанд, ҳамнабзи муосирон набошанд, аммо он таълифот ҳам чун ёдгораҳои арзишманд дар осоргоҳи таърих ҳифз мешаванд. Вале, тамоми қисмати боқии осори устод Турсунзода ҳамеша чун пайки фархундаи наҷоти башар ва чун муҳаббатнома бар номи Ватан визои вуруд ба фардоҳои ношинохта ба вусъатободи абадият дарёфтаанд ва мисли хушхабари сулҳу тозанавиди дӯстиву ошноӣ боз ҳам дунёнавардӣ мекунанд.
Устод Мирзо Турсунзода дар ҳаёти ман низ чун мубашшири фардонамо тулӯъ кардаанд. Вақте чорсола будам, рӯзе бо модарам дар хиёбони марказии Хуҷанд қадам мезадем, ки бо марди ҳурмуздсимое рӯ ба рӯ омадем. Он кас бо модар гарм пурсупос намуданд. Модарам аз ман пурсиданд, ки:
- Ин касро мешиносӣ?
Ман фаҳмидам, ки бояд ин одамро қаблан мешинохтам, аммо, мутаассифона, ҳанӯз намедонам, аз ин рӯ, бо хиҷолат гуфтам:
- Не.
- Модарам ба ман гуфтанд:
- Мирзо Турсунзода! Такрор кун: Мирзо Турсунзода!
- Мирзо Турсунзода, - нидо кардам ман.
Устод, ки нури вуҷудашон кӯчаро фатҳ карда буд, ба дастам қанде доданд ва сарамро сила карданду чанд ҳарфи илҳомбахшу иршодбахш гуфтанду рафтанд. Балки, на, нарафтанд, бо ҳамин омадан ба ҳаёти ман ҷовидона омаданду дар зеҳну андешаҳоям салтанат ёфтанд. Ёд дорам, ки ҳамон бегоҳ бо дархости ман хоҳарони бузургам китобҳои устодро бароям манзур намуданду шеърҳоро баланд - баланд хонданд, то мани ҳанӯз аз хату хониш бехабар он ашъорро ҳифз намоям.
Модарам нақл менамуданд, ки соли 1967 вақте дар Маскав рисолаи номзадияшонро дифоъ мекарданд, устодон Мирзо Турсунзодаву Муҳаммад Осимӣ низ дар толор ҳузур доштанд ва бонуи тоҷикро бо нусрати илмӣ муборакбод гуфтанд. Баъди ҷаласа, сари як пиёла чой дар маҳзари муҳаққиқони фарҳехтае чун С. Липаев, И. Брагинский, К. Малтсева, З. Усмонова устод Турсунзода ончунон маҳфил оростанд, ки аҳли ҳузур то поёни умр шефтаву маҷзуби ҷозибаҳои содиқи бузургмарди тоҷик монданд.
Имрӯз ҳам ба осори устод руҷӯъ мекунему садои дили Ватанро мешунавем:
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам садои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Садои зарабонҳои бедори Ватанро, ки қаҳрамонписари диловарашро таҳният мегӯяд. Писареро, ки худаш дар танҳоӣ як Тоҷикистони дигар буд ва чун рояти иззату шарафу сарафрозии Ватан сууд мекард. Писареро, ки посдориву сипосдории нону нонрезаҳои халқ мекард ва ҳаёту мамоташро бо номи халқ мепайваст. Писареро, ки милоди азизаш милоди зебои Ватан, таҷаддуду таваллуди тозаи ишқу ирфону фазлу донишҳо, накупайки имрӯзу ояндаи Тоҷикистон аст:
Муншии умеди халқ – Турсунзода,
Фардои сапеди халқ – Турсунзода.
Кай рафтаӣ, эй аз ҳама ояндатарин,
Имрӯзу ҳамеша бош пояндатарин!
ФАРЗОНА, Шоири халқии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.05.2021 №: 90 Мутолиа карданд: 905