logo

туризм

ТОҶИКИСТОН. ВАҚТЕ МИЛЛАТ ҲУНАРМАНД АСТ...

Бо пешниҳоди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани  солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  дар ҳақиқат, баҳри  пешрафти ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ низ такони хубе бахшид ва аз рӯи барномаҳои пурарзиши  Ҳукумати кишвар дар рушди устувори  ҳунарҳои мардумӣ  бисёр корҳои муҳим   ба ҷо оварда шуданд.   
Ба гуфти муовини  раиси ноҳияи Дарвоз Зарина Мирзоева, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба эҳё ва равнақи  ҳунарҳои мардумӣ, пеш аз ҳама, дӯхтани либоси миллии бонувон, сарандозҳо, ранг кардани рӯймоли заргаронӣ, гулдӯзӣ дар матоъҳои оҳарӣ ва тоқидӯзӣ, ки  модарону бибиҳо  аз давраҳои пеш сару кор доштанд,  диққати ҷиддӣ медиҳанд. Ҳоло бонувон аз он  шоду мамнунанд, ки бо  дастгириҳои Роҳбари давлат дар маҳаллаи Умараки шаҳраки Қалъаихумб бунёд гаштани  корхонаи  пуриқтидори  дӯзандагӣ, заргарӣ ва  қолинбофии «Меҳри модар» ва дар калонтарин минтақаи ноҳия, Ҷамоати деҳоти Сағирдашт, мавриди амал қарор гирифтани ҳамин гуна коргоҳ бо номи «Ахтари  умед» баҳри пешрафт ва рушди ҳунарҳои мардумӣ заминаи устувор гузоштааст. Акнун дар ин коргоҳҳо  эҳёи намунаҳои нодири ҳунарҳои мардумӣ ва либосу ашёҳои ороишии дигар минтақаҳои кишвар, аз ҷумла дӯхтани куртаи чакан низ ба роҳ монда шудааст. Як нуктаро бояд зикр кард, ки занони  куҳансоли  ҳунарманди деҳаи Ёгед  санъати  баланди  дӯхтани  либосҳо ва сарандозҳои қадимиро ба  чеварони ҷавон ёд додаанд ва онҳо дар ин пеша аллакай соҳибкасб гаштаанд.   
Ба гуфти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷ Масрур Ғайратшоҳзода, рушди ҳунарҳои мардумӣ  аз ҳама зиёдтар  аз рӯи намудҳои табақу қошуқтарошӣ, оҳангарӣ, гаҳвора ва дару тирезасозӣ  ва дигар асбобу анҷомҳои ниёзи зарурии мардумӣ ривоҷ ёфтааст.  Табақу қошуқи аз чӯби хушки  чормағз ва дигар дарахтон хушсифат тарошидаи  устоҳои деҳоти Ванҷи Боло  ва табару теша, досу каланди оҳангарон на танҳо дар  ин минтақа, балки дар Бадахшон ва берун аз он  ҳам аз қадим  то ба имрӯз овозадоранд. Дар ноҳияи Ванҷ асбобу анҷомҳои  кишоварзии устоҳои куҳансоли коргоҳҳои оҳангарии деҳаҳои Пайшанбеобод, Бунай, Ҷовидон,  Мудехарв, инчунин, устоҳои ҷавони    табақу қошуқтароши деҳаҳои Ғӯмасту Рованд, Ғуҷоваст торафт ҳаводорон ва  харидорони зиёдеро пайдо намудаанд.
Ҳоло масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва дигар минтақаҳои Бадахшон, пеш аз ҳама, роҳбарони ҷамоатҳои деҳот  ва соҳибкорони банангу номуси маҳаллӣ   тасмим гирифтаанд, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар  дар  равнақи  ҳунарҳои мардумӣ  тадбирҳои натиҷабахштар  андешида шаванд. Ба роҳ мондани ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла санги осиёбтарошӣ, заргарӣ ва сандуқсозӣ, ки қариб ба ҳукми фаромӯшӣ афтидаанд,  аз сари нав  эҳё мегарданд. 
Ҳоло дарҳои бисёр коргоҳҳои оҳангарӣ кушода  гардидаанд. Ба хотири  он ки ҳунарҳои мардумӣ бештар рушд ёбанд, маҷмӯи як қатор корҳоро ба ҷо овардан зарур меояд. Дар водиҳои Вахё, Нулванду Вишхарв, Ванҷи Боло, Язгулом ва Вотхуди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ коргоҳҳои  куҳнаву фарсудаи солҳои  панҷоҳуму шастуми асри гузашта дар канори роҳҳои мошингарди ҷумҳуриявӣ ва ҳатто шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб - Қулма  воқеъ гардида буданд. Акнун ин коргоҳҳои фарсуда ва оғилу мурғхонаҳо, ки  ҳусни муҳити зистро дар ин асри навини пешрафти илму техника коста мегардонанд,  тадриҷан аз миён бардошта шуда истодаанд. Ба ҷои онҳо биноҳои коргоҳҳои нави ҷавобгӯй ба талаботи  имрӯзаи  меъморӣ ва шаҳрсозӣ тадриҷан  бунёд мегарданд,  ки тақозои давру замон аст. 
    
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2021    №: 90    Мутолиа карданд: 7719
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед