logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. АЗ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ТО ТАВСЕАИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ҳамагон хуб огоҳ ҳастем, ки то расидан ба дастовардҳои имрӯза чӣ қадар мамониату маҳрумият ва мушкилоти сахту сангинро паси сар кардем. Аз нахустин қадамҳои Истиқлолияти давлатӣ доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. 
Оқибат, дар натиҷаи ин ҷанг, беш аз 150 ҳазор ҳамватанони мо ҳалок гардида, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк ва ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурданд. Ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар маҷмӯъ, беш аз 10 миллиард доллари ИМА зиёни моддӣ расонд. Даҳҳо ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда шуда, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад, зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, занон аз шавҳаронашон маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кӯдак ятим монданд. Зиёда аз ин, миёни доираҳои сиёсии беруна ва шарикони дохилии онҳо нақшаи қисмат намудани Тоҷикистон, пароканда сохтани миллат ва бо ҳамин роҳ, аз байн бурдани давлатдории тоҷикон тарҳрезӣ мешуд. Вале бар хилофи талошҳои гурӯҳҳои бегонапараст, неруҳои тундрави дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеа бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ ба ҳам омада, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуданд. 
Бешубҳа, бо қудуми мубораки Пешвои миллат халқи кишвар шаҳди сулҳу салоҳ ва Истиқлолияти давлатиро чашиданд. Ва давра ба давра соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла иқтисодиёту иҷтимоиёт, рушд ёфтанд. Ин аст, ки дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мо аз сулҳу ваҳдат сар карда, то сохтмонҳои бузурги гидроэнергетикии аср, кушодани нақбу роҳҳои оҳану пулҳои бузургҳаҷм, корхонаҳои гуногуни саноатӣ, сохтмони мактабу иншооти фарҳангӣ дар беҳбудии кишварамон ҷойгоҳи махсус доранд. Илова бар ин, иқдомҳои нав ба нави созанда дар сиёсати фарҳангии Сарвари давлат имрӯз мувофиқтарин сиёсат барои оромӣ ва пешрафти ҷомеа ба шумор меравад. Чунин амал аз хурдтарин муносибатҳову идҳои гуногун то нишасту конфронсҳои байналмилалӣ ва дигар чорабинию гуфтугӯҳои ҷаҳонӣ оғоз ёфта, обрӯ ва эътибори кишвари моро меафзояд.
Барои мо мояи ифтихор ва сарфарозист, ки чор ташаббуси Пешвои миллат вобаста ба об аз ҷониби соири кишварҳои ҷаҳон ва ҷомеаи байналмилалӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Ин ҳам ҳиссагузории мо дар беҳбудии вазъи пуртазоди ҷаҳон мебошад. Ҳамзамон, ташаббусҳои дар сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз иқдомҳои бузурги байналмилалии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Албатта, чунин иқдомҳои Президенти маҳбуб барои нуфузи Ватани азизамон муҳимияти махсус дошта, нисбат ба сиёсати хориҷии ҷумҳуриамон назари мусбат пайдо менамояд.
Таҷлил гардидани 20-солагии яке аз бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ – Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодати он аст, ки кишвари мо дар мизбонӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ тавонмандӣ ва таҷрибаи хос дорад.  
Тоҷикистон айёми раёсаташ дар ин созмони байналмилалӣ, ки ҳоло идома дорад,  маҷмӯи зиёди чорабинӣ, иқдомот ва тасмимгириҳои навро рӯи даст гирифтааст, ки татбиқи онҳо ба таҳкими фаъолияти созмон мусоидат хоҳанд кард. 
Тавре Сарвари давлат дар мулоқот бо сарварони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (25.11.2010, шаҳри Душанбе) иброз дошта буданд: “Созмони ҳамкории Шанхай дар муддати кӯтоҳи фаъолияти худ ба омили муҳими сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ заминаи зарурии қарордодию ҳуқуқӣ бунёд ва роҳу усулҳои самарабахши ҳамкорӣ муқаррар карда шуданд. Обрӯю эътибори байналмилалии созмон торафт афзуда, ҳамзамон, равобити берунии он густариш меёбад. Фаъолияти созмон таваҷҷуҳи теъдоди бештари мамлакатҳоро ба худ ҷалб менамояд. Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи фаъолияти муштараку муттасил ва самарабахши ҳамаи давлатҳои аъзо ва сохторҳои созмон мебошад, ки заминаи онро иҷрои сареҳи вазифаю уҳдадориҳои дар ҳуҷҷатҳои низомномавӣ инъикосёфта ташкил медиҳад».
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки Тоҷикистон даври раёсати ҷашниашро дар СҲШ бо сарбаландӣ мегузаронад. Ва санадҳое, ки зимни он қабул мегарданд, барои таъмини сулҳу салоҳ дар минтақа ва дӯстии мардумони кишварҳои иштирокчии созмон нақши муҳим хоҳанд дошт.
 
Санифа ТАҒАЙМУРОДЗОДА, 
муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,
Давлатёр МУҲИДДИНОВ, Аълочии маориф 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.05.2021    №: 91    Мутолиа карданд: 1092
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед