logo

фарҳанг

МИРЗО ТУРСУНЗОДА. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ИСТИҚРОРИ СУЛҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар садаи бист, ки давраи тағйироти куллии сиёсӣ, мафкуравӣ, илмӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, эҷодӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ буд, чеҳраҳои таъсиргузори миллӣ, назири Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ба арсаи таҳаввулот бо таҷаддуд ворид гардиданд. Ва агар устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ дар давраи нави таърихӣ чароғи маънавияти тоҷикро  афрӯхта бошанд, устод Мирзо Турсунзода ин рӯшаниро қувват бахшид. Ба қавли  адиби машҳури доғистонӣ Расул Ҳамзатов, “Мирзо идомадиҳандаи назми бисёрасраи халқи худ дар замону шароити дигар аст. Ӯ ин корро бо шоистагии шоиронаву ватандорона ба ҷо овард”.
Воқеан, устод Турсунзода бо такя ба неруи фикрӣ, тавони сиёсӣ ва ҳунари адабӣ тавонист адабиёт ва фарҳанги тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ шоиста муаррифӣ созад. Ӯ замони Иттиҳоди Шӯравӣ аз арбобони ангуштшумори сиёсию давлатие буд, ки дар ИҶШС ва берун аз он нуфузу эътибори баланди сиёсию иҷтимоӣ ва адабию фарҳангӣ дошт. Устод ба сифати сафири сулҳи  Иттиҳоди Шӯравӣ на танҳо сиёсат ва мафкураи шӯравиро таблиғ кард, балки фарҳанги мардуми тоҷикро  ба дуриҳо бурд ва миёни мардуми ҷаҳон тухми сулҳу дӯстӣ ва ҳамдилию ҳамбастагӣ кишт. Тоҷикон  бо номи ӯ ҳамеша ифтихор мекарданд. Зимнан, ҳар чорабиние, ки бо ҳузури устодон Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода баргузор мешуд, яқин бо меҳру отифат, шеъру балоғат, назокату нафосат, ҳазлу зарофат ва ҷуръату ҷасорат тавъам буд. Илтифоту самимияти устод Турсунзода ҳар дидору мулоқотро рангину хотирмон менамуд.
 Дӯст ва ҳамсафи Турсунзода, шоири шаҳири Покистон Файз Аҳмади Файз, ки дар роҳи сулҳу дӯстӣ солҳо бо шоир  ҳамқадам ва ҳамнафас буд, дар мавриди устод чунин нигошта: “Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд. Ӯ Ватани худро дӯст медошт”. Воқеан, сарсупурдагӣ ба Ватану миллат устод Турсунзодаро байни хосу ом маҳбуб намуд. Пуштибонӣ аз аҳли адабу ҳунар ва фарҳангу маънавиёт пуштибонӣ аз давлату миллат аст. Маҳз ҳамин нуктаро адиби бузурги туркман Бердӣ Карбобоев дар шахсияти Турсунзода дарёфта, гуфта буд: “Мирзо қаноти миллати тоҷик ва ҳам қаноти ман аст”.
Мирзо Турсунзода бо он, ки масруфиятҳои зиёди расмию идорӣ, сиёсию давлатӣ ва иҷтимоию маданӣ дошт, ҳеҷ гоҳ аз шеъру сухан дурӣ наҷуст. Баръакс, шеърро бо шиор даромехт ва барои раҳоии башар аз истибдоду истисмор корбаст кард. Сӯхтан ва сохтанро дар шеър омӯхта буд ва аз ин зовия ба зиндагии иҷтимоӣ наздик мешуд. Ин аст, ки хешро ба сифати шоир мухотаб қарор дода, гуфтааст:
Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар?
Пас, макун аз оташи сӯзон ҳазар…
Шоиро, аз сӯхтан ҳаргиз манол,
Сӯхтанро дӯст медорад висол.
Сӯхтану сохтанҳо, чи дар сиёсату мафкурасозӣ ва чи дар фарҳангу нуктапардозӣ ҷараёни омӯзиш, биниш, дониш ва таҷрибаи ӯро тавсеа бахшидаанд. Устод тавассути офаридани шеъри баланди иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба зиндагии мардум қарин шуд ва рози дили халқро бо  сабки нав манзур намуд. Қадру манзалати инсон  меҳвари эҷодиёти Мирзо Турсунзодаро ташкил медиҳанд. Ба ин тартиб, устод дар эҷодиёташ таваҷҷуҳи асосӣ ба инсони заминӣ ва вораста аз банди хурофот  намуда, шеърро бо эҳсос ва дарду мушкилоти рӯзафзуни ҷомеа пайванд дод. Озодии инсон, пирӯзии ӯ бар ҷаҳлу нодонӣ ва заволи истисмору истибдоди дохилию берунӣ ҳадафи фаъолияти фикрӣ, сиёсӣ, идеологӣ, адабӣ, маданӣ ва иҷтимоии устод Турсунзода буда, дар ин масир то вопасин нафас гом бардоштааст. 
Ӯ таҷрибаи устодон С. Айнӣ ва А. Лоҳутиро идома ва таҳкиму тавсеа бахшид. Шеъри инқилобии устод Лоҳутӣ дар марҳилаи аввали таърихӣ, назми шӯрангези иҷтимоии устод Мирзо Турсунзода бошад, дар марҳилаи баъдӣ раванди бедории иҷтимоиро на танҳо дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ, балки фаротар аз он тақвият дод. Шеър дар қаламрави адабиёту фарҳанги тоҷикӣ ба ҳунари вижа ва муҳаррики зиндагии инсонӣ табдил ёфт. 
Устод бо табъи оташин, нутқи бурро, сухани гиро ва равони тавоно то охири умр алайҳи ҷангҷӯён, мустамликадорону мустамликахоҳон ва мустабидони хориҷӣ қиёми сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ намуд. Бо ашъор, гуфтору нигориши арзишмандаш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор дод, ки аз ҷанг дурӣ ҷӯянд ва ба домони сулҳу дӯстӣ панаҳ бубаранд. Аз бозе, ки дар ҷараёни муборизаҳои сиёсию мафкуравӣ алайҳи мустамликадорон қарор гирифт, чун як рӯшангар ва адолатпарвар ғами мардуми мазлум ва истеъморзадаро мехӯрд. 
Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,
Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.
 Устод Мирзо Турсунзода ҳанӯз замони зиндагӣ шароити сиёсӣ ва геополитикии минтақа ва ҷаҳонро хуб дарк карда, ба чунин натиҷаи мантиқӣ расида буд, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои сиёсию иқтисодӣ кишварҳои нисбатан хурдро дар ҳоли даргирӣ қарор медиҳанд ва аз ин тариқ ба дороиҳои миллию мардумии минтақаҳо даст меёбанд. Ташвишу изтироби мардуми аз ҷангу даргириҳо, ки, мутаассифона, имрӯз ҳам ҷомеаи ҷаҳониро дунболагир аст, устод Турсунзодаро ҳам сахт нигарон сохта буд. Дар ин замина устод рисолати аслии инсониро дар раҳоии мардум ва сайёраи Замин аз балоҳои азим, ки муҳимтаринаш ҷангу қудратталабӣ буда, ҷаҳону заминро ба коми нестию нобудӣ мекашад, донистааст. Ҳифзи сайёраи Замин аз балоҳои азим имрӯз ҳам аз авлавияти калидии ҳаётӣ маҳсуб меёбад ва ҷомеаи илмию мадании ҷаҳон ин самтро меҳвари фаъолият қарор медиҳад. Аз ин ҷост, ки сарнавишти сайёраи Замин ва ҷаҳон ба чӣ гунагии тадбирҳои судманд ва чораҷӯиҳои муассири ҷомеаи инсонӣ бастагӣ дорад ва солҳо қабл устод Турсунзода ин масъаларо ҷиддӣ матраҳ намуда, хитобан ба насли солимфикри башар таъкид карда буд:
Ҷуз заминро ҳифз кардан аз балоҳои азим,
Аз барои насли инсон ҳеҷ дигар чора нест.
Файласуфи бузурги олмонӣ Карл Ясперс инсонҳои бузургро “маънои таърих” номида буд. Бар ин асос, устод Турсунзода рамзи сулҳу дӯстӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва, билохира, маънои таърихи муосири миллию ватанӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд.  Хидмат ба халқу Ватанро устод Турсунзода шараф ва ифтихори миллию инсонӣ медонист ва дар ин замина ташаббусу ибтикорот рӯйи даст мегирифт. Он чи ки устод дар қолаби назму наср ба мерос гузоштааст, ҳамагӣ ифодагари рӯҳияи миллӣ мебошад. Шеъри Мирзо Турсунзода бо салосату фасоҳат ва отифату самимият мисли дарёи мусаффоест, ки дар ҳамаи давру замон ташнагонро шодоб мегардонад. Вақеан, ӯ рамзи ифтихори тоҷику тоҷикистонӣ ва сарвати миллии мардумӣ аст.  
 
Пирмуҳаммад НУРОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.05.2021    №: 91    Мутолиа карданд: 892
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед