иҷтимоиёт
ҚИССАИ СЕ ҶАНГОВАР АЗ ЯК ХОНАДОН. Ё БОЗГАШТИ АНВАР БАЪД АЗ ХАТИ СИЁҲАШ
Дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12, деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз лавҳаи мармарини зебое гузошта шудааст ва басе ҳам ҳунармандона ороиш ёфтааст. Дар он номи беш аз 80 ҷавонписарони деҳа, ки солҳои 1941-1945 дар майдони муҳорибаҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардаанд ва қисми зиёдашон аз ҷабҳа барнагаштаанд, сабт гардидааст. Дар лавҳа номи бародарон Абдулло, Анвар ва Акбар Муриватовҳо низ ҳаккокӣ шудаанд. Онҳо аз оғози ҷанг яке аз паси дигаре аз рӯи ҳисси баланди ватанпарастӣ ба ҷабҳа, ба майдони корзор рафта, корнамоиҳои беназир нишон додаанд.
Бародари калонӣ Абдулло Муриватов аз наздикиҳои пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ – шаҳри Москва сар карда, то шаҳру деҳоти сарзамини Украина ба муқобили гитлерчиён баҳодурона ҷангидааст. Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Муъмин Қаноат яке аз пораҳои таъсирбахштарини достони «Мавҷҳои Днепр» - «Мавҷи бародарӣ» - ро ба хотираи ин бародари гиромии ҷавонмаргашон бахшидааст. Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд (ёдашон бахайр), ин қисми достон аз беҳтарин марсияномаҳо дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад.
Аз даврони саршавӣ ва анҷоми ҷанги хонумонсӯз солҳои зиёде сипарӣ гашта буданд, аммо ин адиби тавоно то охирин лаҳзаҳои умр ёди бародараш Абдуллоро мекард ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи ӯ буд, аммо наёфт, надонист, ки дар кадом шаҳру деҳоти Украина ҳалок гашта, ба хоби абад рафт. Танҳо дар қалб ва пеши чашмони адиби номвар симои зебо ва баҳодуронаи бародари калониаш Абдулло ҷилвагар буд. Аз ин хотир аз дили ҳассоси шоир баъди ҷустуҷӯҳои зиёди бенатиҷа чунин мисраъҳои баландмазмун садо додаанд:
Ба дида нақши рӯи ту, ба гӯш гуфтугӯи ту,
Ҳанӯз аз димоғи ман нарафтааст бӯи ту,
Ба ҷои дур меравад дилам ҳамеша сӯи ту,
Шудам калону омадам кунун ба ҷустуҷӯи ту,
Бародарам,
Бародари ба ҷону дил баробарам!
Замини Украинаро зи сару бар қадам задам,
Ба ҳар диёр дар задам, ба ҳар мазор дам задам,
Зи лавҳаҳои мармарин ба ҳирс ҷуста номи ту,
Бикофтам, наёфтам, нишони ноаёни ту,
Бародарам,
Бародари ба ҷону дил баробарам!
Баъд аз Абдулло бародараш - Анвар хоҳиши ихтиёран ба фронт рафтанро мекунад. Ин ҷавони паҳлавонҷусса, ки дар мусобиқаҳо, тӯю тамошоҳо ва ҷашнҳои Наврӯз гӯштин мегирифт ва ҳама вақт бар ҳарифонаш ғолиб меомад, хуб эҳсос менамуд, ки акааш Абдулло дар майдони набард кушта шудааст ва ё ҳангоми аз дарёи Днепр гузаштан аз тири фашистон ғарқ гаштааст. Нангу номус ӯро ба комиссарияти ҳарбии ноҳияи Қалъаихумб меоранд ва аризаи ба фронт рафтанро менависад. Ӯ дар қатори садҳо нафар ҳамсолонаш ду моҳ дар шаҳри Самарқанд тайёрии ҷангӣ мебинад ва сипас ба сафи пеши ҷабҳа фиристода мешавад. Анвар Муриватов дар муҳорибаҳо барои озод кардани хоки Беларус ва Молдова иштирок менамояд. Ҳангоми аз рӯди Днестр ба мавқеи сарбозони немис убур кардан, аз сараш тир мехӯрад. Ӯро хоҳарони шафқат аз соҳили дарё тариқи чанаи санитарӣ ба госпитали саҳроӣ мебаранд. Духтурони ҷарроҳ устухонҳои косахонаи сарашро пайваст менамоянд, вале таи ҳафт рӯз ба ҳуш намеояд. Яке аз муовинони командири полки тирандозӣ иштибоҳан ин ҷанговари шуҷои тоҷикро ба қатори мурдагон ворид месозад ва ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Дарвоз хати сиёҳашро мефиристад.
Ҳамон солҳо Муъминшоҳ сездаҳсола буд. Рӯзе намояндаи комиссарияти ҳарбӣ хати сиёҳи Анвар Муриватовро ба дасти шоири оянда медиҳад. Муъминшоҳи наврас сиёҳномаро хонда онро пинҳон мекунад. Аз байн зиёда аз шаш моҳ мегузарад. Як саҳар бо пайдо шудани нахустин нурҳои офтоб аз паси қуллаҳои Зартеғ бародараш Анвар сари сина пур аз ордену медалҳо, бо сари баланд, бо ҳамон китфу бозуи қавӣ савори аспи саманд ба ҳавлӣ медарояд.
Ин воқеаи нодир, ҳолати хуш ва гувороро устод Муъмин Қаноат дар шеъри «Ёд», ки ба хотири акааш Анвар бахшидааст, чунин тасвир менамояд:
Омад хабар, ки омадӣ бе чопар омадӣ,
Сарвақти худ расидию аз дар даромадӣ.
Бахти баланд - сурати қади баланди ту,
Фарёди бахт - шиҳаи аспи саманди ту.
Захме ба тоҷгоҳи ту дидам чу моҳи нав,
Бар номаи сиёҳи ту дидам гувоҳи нав.
Дар ҷабҳаат нишонаи қоши дугона буд,
Дар синаат ситорае аз нордона буд.
Захми сари шикастаи ту сарнавишти ман,
Сарбози пири ман,
Оғози шеъри ман!
Ҷанговари тоҷик Анвар Муриватов солҳои зиёде мудири фермаи чорводории колхози ба номи Калинин буд. Ӯ барои корнамоиҳояш дар ҷабҳаҳои ҷангу меҳнат бо орденҳои «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Шараф» дараҷаи дуюм, «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва чандин медалҳо қадр шуда буд. Амаки Анвар тарбиятгари хуби ҷавонон, падари мушфиқи фарзандон ва дар тамоми корҳои рӯзгор мададрасони сокинони деҳаи Курговад буд. Вале захмҳои ҷанг кори худро карданд ва ин фотеҳи далери Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар 65 - солагӣ вафот кард. Хати сиёҳи аз фронт расидаи вай ҳоло ҳам дар осорхонаи устод Муъмин Қаноат дар деҳаи Курговад нигаҳдорӣ мешавад.
Бародари хурдӣ Акбар низ дар охири солҳои ҷанг ба хизмати аскарӣ даъват мешавад. Ӯ дар набардҳо баҳри озод намудани шаҳру деҳоти Полша ва Руминия ҷонбозиҳо кардааст. Рӯзи Ғалабаро дар канори дарёи Элба истиқбол мегирад. Шоҳиди вохӯрии сарбозон ва афсарони шӯравӣ ва амрикоӣ будааст. Дар набардҳо ба муқобили артиши Япония низ иштирок менамояд ва соли 1947 ба Тоҷикистон бо синаи пур аз ордену медалҳо бармегардад.
Ин аст порае аз ҳаёти се бародари ҷанговар, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, вале корнамоиҳои ҷангӣ ва меҳнатии онҳо чун ҳазорон нафар фарзандони Тоҷикистони азиз дар қалбҳо сахт ҷой гирифтаанд. Мисраъҳои шеърӣ аз достони «Китобҳои захмин»-и устод Муъмин Қаноат ба кору пайкори ин бародарон ва кулли собиқадорони ҷангу меҳнат муносиб мебошанд:
Шумо эй марду занҳои камарбаста,
Ба ҳам пайваст бинмудед «Роҳи зиндагониро»,
Раҳо кардед аз мурдан ҷавониро,
Зи рӯи ҳар варақ рӯи шуморо мекунам аз ёд,
Зи рӯи ҳар сабақ меҳри шуморо мекунам бунёд,
Шуморо ёд бодо, ёд бодо, ёд!
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.05.2021 №: 91 Мутолиа карданд: 985