фарҳанг
ФАРЗАНДИ ШУМО ДАР РАҲИ НОМУС ФИДО ШУД!
Марсия ба модарони шаҳидони Меҳан
Ҳарчанд, ки парварда ба домони шумо шуд,
Имрӯз фидо дар раҳи осоиши мо шуд.
Фарзанди шумо буд, кунун аз ҳама халқ аст,
Фарзанди шумо дар раҳи номус фидо шуд.
Ҷуброн натавон кард дигар ашки шуморо,
Аз ашки шумо дар дили мо зилзилаҳо шуд.
Дар хонаи ҷону дили мо ҷо шудааст ӯ,
Бо гиря мапурсед, ки бечора куҷо шуд?
Дар қисмати ҳар мард бувад ҳикмати бисёр,
Бо навҳа магӯед, ки ин кор чаро шуд?
Дар хоки қадамҳои шумо сар бигузорем,
Бо меҳри шумо кӯдакатон марди расо шуд.
Қурбони ҳама ширу шакарҳои шумоем,
Чун шири шумо дар рагашон хуни вафо шуд.
Бо лутфи Худо, мавҷи дуо, шаҳписари мо
Дар силки азизону шаҳидони Худо шуд!
Бузургмеҳри БАҲОДУР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.05.2021 №: 92 Мутолиа карданд: 1008