logo

иҷтимоиёт

МУСАВВИРИ МОДАР. ВАРАҚГАРДОН АЗ ЗИНДАГИНОМАИ РАССОМИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН САБЗАЛӢ ШАРИФОВ

Доираи фарогири мавзӯъҳои эҷодии рассоми шинохтаи тоҷик Сабзалӣ Шарифов, яке аз бунёдгузорони санъати муосири монументалӣ-ороишии тоҷик, ки беш аз панҷоҳ соли умри азизи худро сарфи ин пеша намуда, имрӯзҳо ба синни мубораки 75  мерасад, фарох аст. Ба қавли санъатшиносон, Сабзалӣ Шарифов аз қабили рассомонест, ки ба ҳаёт бо назари фалсафӣ менигарад. Дар асарҳояш бештар мазмунҳои ба таъриху қисмати халқ марбутбуда инъикос меёбанд. Мусаввараҳои «Боғи анори бобоям”, “Модар”, “Дар таги чанори куҳан”, «Субҳи Роғун», «Гусел», «Дар сари чашма», “Хотираи солҳои дур», “Пахтакорон” (“Пахтаи сиёҳ”), “Рабудани буққаи сурх”, «Уфуқҳои Замини навкорам”, “Шӯриши Восеъ”, “Аз дида ба дида, аз давра ба давра” аз беҳтарин асарҳои ӯ шинохта шудаанд, ки дар худ мазмунҳои бикр ва баландеро ғунҷондаанд. “Аз дида ба дида...” охирин шоҳкории ӯст, ки рассом дар эҷоди он 18 сол ранҷу заҳмат кашидааст. 
Дар миёни асарҳои рассом, ки шояд дар миқдор аз ҳазор кам ё зиёданд, нақши тасвири симои нуронии модар ва расми дарахти чанори азими куҳан мавқеи хосса доранд. Ин ҳар ду, метавон гуфт, бо мурури солҳо, тӯли фаъолияти нигорандагии ӯ дар ҳар марҳала бо тобишҳои нави пурҷило барҷастатар такрор ёфта, мавзӯи марказии эҷоди  ӯ гардидаанд. Ва бегумон, дар рӯзгори мозии пуштисаршуда, дар вуҷуду ҳастии рассом решаҳои амиқ доранд. 
Ба шарҳи ҳоли ӯ менигарем, ки пур аз доғу пур аз алам аст: ҳамагӣ яксола буд, ки аз падар маҳрум монд. Азоби бепадарӣ кашид. Шаллоқи падарандар хӯрд. Ба ҳар куҷое, ки дар хонаи хешовандон сарпаноҳ ҷуст, “нонхӯри зиёдатӣ”-аш хонданд. Кӯдак худаш ба ятимхона рафт... Ва дар лаҳзаҳои мураккаби даврони зиндагии кӯдакию наврасиаш модар ягона шахси меҳрубон, дилсӯз ва пушту паноҳаш буд.
Ӯ бисёр асарҳои худро ба модар бахшида, симои гарму нуронии ӯро офаридааст.
- Модарам фариштаи ҷовидонист, ки маро ҳамеша дар ғаму  шодиам ҳамроҳӣ мекунад. Ӯ ҳамеша бо ман буд ва баъди маргаш ҳам маро лаҳзае танҳо нагузоштааст. Бароям тимсоли нуру умед аст. Дар кашидани расмҳоям  «Нурполо» ва «Рӯшноӣ» маҳз образи модарам рамзи умед  гардид, - мегӯяд Сабзалӣ Шарифов.
Агар бо мурури солҳо, ҳарчи бештар андӯхтани хирад ва расидан ба синни камолоти одамӣ меҳри модару чеҳраи нуронии он дар умқи тафаккуру нигоҳи фарзанд бештару возеҳтар тобноку муҷалло нур афканда, мӯҷиби батакрор рӯ овардани рассом ба симои модар гардида бошад, тасвири тозабатозаи чанори куҳан низ дар эҷоди Сабзалӣ Шарифов бо худ рози нуҳуфтае дорад. Ин фаҳмиши танҳо мо нест, инро ҳанӯз бисту як сол муқаддам аз мо пештар дигарон пай бурда, таъкид кардаанд.
Худи Сабзалӣ Шарифов низ рози нуҳуфтаи ҷойгаҳи хосса доштани чанори куҳанро дар эҷодиёташ дар китоби ёдвораҳои рӯзгор ва кору пайкораш “Чанори танҳо” ошкор сохта, менигорад, ки  чанори азиме дар масофае аз ҳавлии бобояш дуртар воқеъ гардидааст. Ин чанор ҳоло ҳам дӯсти қарини ӯст, ки хотираҳояшро рӯшан сохта, ба олами кӯдакияш мекашад. Вақте ки аз Душанбе бо тайёра ба сӯи зодгоҳаш парвоз мекарду ба он наздик мешуд, аз баландии осмон аввало ҳамин чанори танҳоро дида, саломаш медод. Ҳоло ҳам ҳар гаҳе ба зодгоҳаш равад, ҳатман аз ҳавлии бобояш ба сӯи чанори азим дида медӯзаду салом медиҳад. Мурури замон қомати дӯсти деринаашро хам накардааст,баръакс, навдаҳои ҷавони соқсафедаш зиёд шудаанд ва ин ба ӯ умеду илҳом мебахшад.
Дар эҷодиёти ӯ симои чанор мавқеи асосӣ дорад. “Гусел”, “Чашма” ”Тӯйи тиллоӣ”, “Замини Роғун”, “Тӯйи сарзаминам”, “Гаҳвора”, “Ба ёди солҳои гузашта” аз ҷумлаи ҳамин асарҳоянд. Қаҳрамони яке аз асарҳои солҳои охир эҷодкардааш “Сарчашмаи решаҳо”, ки ба Соли оби тоза бахшида шудааст, чанори куҳан мебошад. Ин асар ҳоло  коллексияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро зеб медиҳад. 
Асарҳои сершумори чи ба модар  ва чи ба чанори куҳан бахшидаи Сабзалӣ Шарифов ифодагари муҳаббати беандоза бузурги ӯ ба модар ва ватананд. Модар - модари лахти ҷигари худи рассом ва чанори куҳан Ватан аст. 
Сабзалӣ Шарифов ҳамчун рассоми навъи санъати монументалӣ - ороишӣ дар зинатбахшоӣ ва шукӯҳмандии пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар саҳми калон гузоштааст. Ороиши маҷмӯи бадеии меҳмонхонаи «Тоҷикистон», Сирки давлатӣ, Қасри иттифоқҳои касаба, Кохи Борбад, бозори «Баракат», Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, толори Китобхонаи миллӣ ва ғайра аз беҳтарин асарҳои ӯ дар ин навъи санъатанд. Вай ҳамчун тарғибгари санъати рассомии тоҷик дар дохилу хориҷи кишвар миёни ҳамкасбон аввалин шуда 7 сентябри соли 2016 ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти ҷумҳурӣ намоиши асарҳои худро барпо намуда, симои қаҳрамонони замонҳои гуногуни халқи тоҷик – Спитамен ва Темурмаликро ба тамошо гузошт. 
Ӯ борҳо бо иштирок ва ба намоиш гузоштани асарҳои худ дар намоишгоҳҳои минтақавию байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст.  Асарҳои ӯ дар толори Хонаи марказии рассомони шаҳри Москва дар намоиши ХIХ байналмилалии “Симои замон”, ки 10 марти соли 2016 бо эҳтимоми Конфедератсияи Иттифоқи рассомон баргузор шуд,  сазовори баҳои баланди тамошобинон ва коршиносон гардида,  обрӯю нуфузи худи рассом ва, дар маҷмӯъ, санъати рассомии тоҷикро миёни давлатҳои ИДМ боло бурд. Санъатшинос Маргарита Карлова дар ҷамъбасти ин намоиш Сабзалӣ Шарифовро боистеъдодтарин рассоми муосир номид. 
Академик Виктор Калинин, узви Президиуми Академияи бадеии Федератсияи Россия,  дар ин намоиш Сабзаалӣ Шарифовро  рассоми аз ҳар ҷиҳат бақувват – ҳам монументалист, ҳам график ва ҳам зинданавис меномад. Ба фикри ӯ, Сабзалӣ Шарифов  сарфи назар аз давраи мураккаб неруи худро ҳифз намуда, истеъдодашро то дараҷаи баландтарин такмил додааст ва  ба таври мутлақ классик - рассоми забардаст ва аз ҷониби умум эътироф шудааст.
Аз нигоҳи чанде аз санъатшиносон, эҷодиёти Сабзалӣ Шарифов монументалӣ, драматикӣ, эпикӣ, мазмунан мураккаб буда,    
аз ҷараёнҳои санъати тасвирии авангардизм ва экспрессионизм об хӯрдааст. Аз манзараҳои тасвиркардаи ӯ ба мисле ки тундбод мевазад. Тасвирҳои муҳташамаш бо қувваи ҷозиба, қудрат ва хирадмандии пирона аз дигарон тафовут дошта, тезию тундие, ки аз онҳо бармеояд, фазоро пур мекунанд ва ба кас таъсири басе бошиддати эмотсионалӣ мерасонанд. 
- Ҳоло дар Тоҷикистон рассоме зиндагӣ мекунад, ки номаш афсона шудааст. Ӯро Сабзалӣ Шарифов меноманд. Мисли дигар ҳамкасбони худ дар ин сарзамини куҳан ӯ фурӯтанона ҳаёт ба сар мебарад. Вай хушсурат ва ҳам ҷиддисимост, вақте ки ба хона медарояд, беихтиёр ба пешвозаш аз ҷо хестан мехоҳӣ. Расмҳои ӯ ҷозибаи сахте доранд. Аз онҳо қудратмандӣ, мутақаддимӣ ва хирадмандӣ мевазад. Дар Ғарб ин услуби расмкаширо экспрессионизм меноманд, вале мазмуни корҳои устод Сабзалӣ Шарифов дар ин мафҳум намегунҷанд. Онҳо ҷаҳонианд. Қудратмандию тавоноӣ  дар онҳо ҷӯш мезанад, - гуфтааст санъатшинос Юлия Вербитская.
Қудратмандию тавоноӣ... 
Хуб гуфтааст. Вале инашро нагуфтааст, ки ин қудратмандию тавоноӣ дар рагу пайванди рассом аз парвардани меҳри бузурги модар дар вуҷуди хеш ва дӯст доштани як дарахт – як чанори куҳани рӯида дар канори ҳавлии бобо дар зодгоҳ бархеставу пас аз замири ӯ ба рӯи сафҳа дар сурати манзара таровидааст.
Ҷамшед ҒАНИЗОДА,
номзади илмҳои меъморӣ,
 
Неъматулло ХУДОЙБАХШ, нависанда
P.S. Сабзалӣ Шарифов 9 майи соли 1946 дар ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб таваллуд ёфтааст. Соли 1967 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе ва соли 1972 Институти рассомию театрии ба номи Н. Островскийи шаҳри Тошкандро хатм намуда, солҳои 1972 – 1979 дар омӯзишгоҳи рассомии ҷумҳуриявӣ дарс гуфтааст. Бо унвонҳои Рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон, Мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Мукофоти давлатии Совети вазирони СССР сарфароз гардида, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва ҳам узви фахрии Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2021    №: 92    Мутолиа карданд: 885
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед