қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тибқи рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон додани мандати вакилӣ ба номзад Идизода Файзалӣ Фузайлшо
Мувофиқи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2021, № 394 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Бинобар пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор тибқи рӯйхати номзадҳои интихобгардида аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мандати вакилӣ ба номзад Идизода Файзалӣ Фузайлшо дода шавад.
2. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ Фузайлшо ба қайд гирифта шуда, ваколатҳояш тасдиқ карда шаванд.
3. Шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ба Идизода Файзалӣ Фузайлшо дода шавад.
Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. ХУДОЁРЗОДА
Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. САМАДЗОДА
ш. Душанбе, 6 майи соли 2021, № 163
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.05.2021 №: 92 Мутолиа карданд: 4812