иҷтимоиёт
ҶБВ. ЯК ФАКТИ ҶОЛИБ
Субҳи 22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ бе эълони ҷанг ба хоки давлати абарқудрати шӯравӣ ҳамла кард. Аз моҳҳои аввали ҷанг барои сокинони мамлакат шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба!» роиҷ гашт. Аз хурд то бузург баҳри ғалаба бар гитлерчиён камар бастанд.
Қатъи назар аз вазъи душвори сиёсиву иҷтимоӣ, ҳукуматҳои умумииттифоқ ва ҷумҳурӣ дар ин овон ҳунарпешаҳои театру кино, режиссёрону оҳангсозонро бо унвонҳои олии Ватан сарфароз мегардонданд.
Инак, ба муштариёни рӯзнома ҳунарваронеро, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 бо унвонҳои ифтихорӣ қадр шудаанд, пешкаш менамоем.
***
«Артисти халқии СССР», унвони фахрӣ 6.9.1936 таъсис ёфтааст. 1941. Муҳаммадҷон Қосимов (актёри театру кино).
***
«Артисти халқии РСС Тоҷикистон», унвони фахрӣ 28.3.1939 таъсис ёфтааст.
1941. Азиза Азимова (балерина), Гулчеҳра Бақоева (актрисаи театр), Аъзам Камолов (дирижёр, оҳангсоз), Туҳфа Фозилова (актрисаи театр), Раъно Ғолибова (Галибова Рена, сароянда), София Тӯйбоева (актрисаи театру кино), Авнер Муллоқандов (сарояндаи опера), Тоҷиниссо Султонова (актрисаи театр).
1943. Башоратхон Тоҷибоева (актрисаи театр), Кароматхон Зокирова (актрисаи театр), Леонид Исков (коргардон ва актёри театр), Григорий Менглет (актёри театр), Мирбобо Зиёев (актёри театр).
1944. Николай Акимов (коргардон ва рассоми театр), Ирина Зарубина (актрисаи театру кино), Борис Тенин (актёри театру кино), Шариф Ҷӯраев (сароянда), Ғаффор Валаматзода (устоди рақс), Вениамин Ланге (коргардони театр), Агрепина Мирополская (актрисаи театр), Сергей Якушев (актёри театр).
***
«Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон», унвони фахрӣ 28.3.1939 таъсис ёфтааст.
1941. Розия Арслонова (актрисаи театр, сароянда), Ҳоҷӣ Аҳмадов (сарояндаи опера), Анна Бобоева (сарояндаи опера), Савсан Бандишоева (актрисаи театр), Ғаффор Валаматзода (устоди рақс), Мирбобо Зиёев (актёри театр), Офтобхон Исомова (сарояндаи опера, раққоса), Латофат Орифова (раққоса), Мардон Розиқов (актёри театр), Ҳалим Тоҳиров (балерин), Муин Ғиёсов (актёри театр), Шариф Ҷӯраев (сароянда).
1942. Кароматхон Зокирова (актрисаи театр), Ҷӯрахон Искандаров (сароянда), Тоҷиниссо Султонова (актрисаи театр), Башоратхон Тоҷибоева (актрисаи театр), Александр Ширшов (актёри театр).
1943. Зокирҷон Аюбҷонов (актёри театр), Тоҳир Тоҷибоев (актёри театр), Зоҳир Дӯстматов (актёри театру кино), Ҳанифа Мавлонова (сарояндаи опера), Шаҳодат Сиддиқова (актрисаи театр), Александр Хромченко (актёри театр).
1944. Порфирий Аленников (актёри театр), Кира Гуретская (актрисаи театр), Жозеф Летский (актёри театр), Леонид Песков (актёри театр), Лев Колесов (актёри театр), Татяна Сукова (актрисаи театр), Павел Суханов (коргардони театр), Лидия Сухаревская (актрисаи театр), Глеб Флоринский (актёри театр), Иосиф Ханзел (коргардон ва актёри театр), Фазлиддин Шаҳобов (сароянда, мутриб).
1945. Аҳмадулло Абдуллоев (сароянда), Маъруфхоҷа Баҳодуров (сароянда), Тӯйдӣ Бобиева (актрисаи театр), Виктор Деменев (актёри театр), Саидалӣ Вализода (сароянда, шоир), Муҳиддин Исохонов (актёр ва коргардони театр), Андрей Забазний (сарояндаи опера), Иван Гришин (актёри театр), Николай Леппик – Мировский (актёри театр), Шоиста Муллоҷонова (сароянда), Ҳошим Назаров (мутриб), Ашӯра Носирова (раққоса), Зоя Привалова (сарояндаи опера), Ҳоҷиқул Раҳматуллоев (актёр ва коргардони театр), Абдусалом Раҳимов (актёр ва коргардони кино), Олег Солюс (актёри театр), Виталий Смирнов (коргардони театр), Шамсӣ Қиёмов (коргардони театр, драматург), Зиёдулло Шаҳидӣ (оҳангсоз).
Умар АЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.05.2021 №: 92 Мутолиа карданд: 941