иҷтимоиёт
ФРОНТИ ДУЮМ. НОГУФТАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ
Дар набардҳои шадиди ҶБВ, дар баробари дигар миллату халқиятҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, беш аз 300 ҳазор ҷавонмардони фиристодаи Тоҷикистон зидди урдуҳои фашистӣ корнамоиҳои бемисл нишон доданд. Мутаассифона, аз ин шумора зиёда аз 92 ҳазораш ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш қурбон гашт. Корнамоиҳои бемисли шаҳрвандони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба бо ордену медалҳои зиёд қадрдонӣ шудаанд. Аз ҷумла, 56 ҳазор далерони майдони ҷанг бо ордену медал, 54 нафар ба гирифтани унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 нафар бо се ордени Шараф мушарраф гардиданд. Инчунин, тоҷикдухтар Ойгул Муҳаммадҷонова барои мавқеи душманонро дар 93-парвози ҷангӣ бомбаборон карданаш бо ордени Ленин сарфароз гашт.
Дар қатори фиристодагони Тоҷикистон 2 ҳазору 330 нафар аз ноҳияи Данғара буд, ки қариб ҳазор нафараш аз майдони ҷанг ба Ватани аҷдодӣ барнагашт. Аз шумори баргаштагон имрӯз танҳо як нафар Гул Шарифови 98-сола дар қайди ҳаёт мондаасту халос.
Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ, ақибгоҳ ба фронти дуюм табдил ёфта буд. Қувваҳои асосии корӣ дар ақибгоҳ, асосан, пиронсолон ва занону наврасон буданд. Сарфи назар аз маҳрумияти замони ҷанг мардуми ақибгоҳ супоришҳои давлатиро барзиёд иҷро мекарданд. Тамоми кӯшишу талошҳои худро баҳри ғалаба ва ояндаи нек сафарбар менамуданд. Заҳматҳои шабонарӯзии модарону пиронсолони арҷманди мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад гашт. Ин амали ватандӯстона аз ҷониби меҳнаткашони ноҳияи Данғара низ ҳамовозӣ ва ҳамфикрии гарму ҷӯшон пайдо карда буд. Шахсони дар ақибгоҳмонда, тамоми намудҳои ёрӣ, ба монанди маблағ, хӯрокворӣ, либос, дору ва оҳанпораро барои фронт равон мекарданд. Дар барқияи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС Иосиф Сталин, ки 6 апрели соли 1944 ба унвони котиби кумитаи партиявии ноҳияи Данғара Азимов ва раиси комиҷроияи ноҳия Қазоқ Ёров фиристонда буд, омодааст, ки саломи бародарона ва миннатдории маро ба меҳнаткашони ноҳияи Данғара дар хусуси ба фронт фиристодани 1 миллиону 171 ҳазор рубл барои таъсиси колонаи танкӣ ва эскадрилияи авиатсионӣ маро расонед.
Боиси ифтихор аст, ки дар таъмини ғалаба номи мардони шуҷоъи ноҳия Ғаюр Сафаров, Таваралӣ Раҳмонов, Чилла Патаков, Миралӣ Нуралиев, Касир Кабиров, Мирзо Ҳошимов, Зувайдулло Қурбонов, Кенҷа Мирзоев, Нусрат Мирзоев, Боймуҳаммад Одинаев, Карим Салимов, Давлат Кенҷаев, Хоҷаназар, Холназаров, Ниёз Саидов ва Ҳасан Тағоев, ки имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, ба некӣ ёд мешаванд.
Имрӯзиён муваззафанд, ки эҳтироми онҳоро ба ҷо оваранд ва хотирашонро абадан пос доранд, зеро онҳо хатари умумиҷаҳонӣ ва қувваи аҳриманиро несту нобуд сохта, халқияту миллатҳои зиёдеро аз ғуломию нобудшавӣ наҷот доданд.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»,
Неъмат АСОЕВ, и. в. раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Данғара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.05.2021 №: 92 Мутолиа карданд: 884