фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
БАХШИДА БА РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
МУАММОИ «ҒАЛАБА»
САВОЛҲО:
(Дар дохили ситора):
1. Номи ҷанговари тоҷике, ки дар муҳорибаи Брест қаҳрамонӣ нишон додааст.
2. Насаби адибе, ки қаламро бо яроқ иваз кардааст.
3. Шахсе, ки бо ордену медалҳои Ҷанги Ватании дараҷаи 1, «Ситораи Сурх» ва «Барои муҳорибаи Сталинград» сарфароз шудааст.
4.Ҷанговари тоҷике, ки барои муҳорибаҳои Назди Балтик бо ордену медалҳо мукофотонида шудааст.
5. Қаҳрамони халқи Тоҷикистон.
6. Маснавии Мирзосодиқи Муншӣ.
7. Номи қаҳрамони ҶБВ аз Тоҷикистон.
(Дар дохили рақам):
1. Асари давраи ҷангии М. Турсунзода.
2. Муҳориба, ҷанг.
Таҳияи Манижахони Мақсуд, сокини ноҳияи Айнӣ
ҶАВОБ БА МУАММОИ «ШОИР» АЗ 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2021
1. Державин. 2. Назм. 3. Маснавӣ. 4. Ироқ. 5. Қодир. 6. Раҷаб. 7. «Бозгашт». 8. Тихонов. 9. «Васият». 10. Теҳрон. 11. Неҳру. 12. «Уқоб». 13. «Бӯи замин». 14. Никосия. 15. Яшин. 16. Наргис. 17. Сулҳ. 18. «Ҳукм». 19. Монреал. 20. Либретто. 21. «Офарин». 22. Нодир. 23. Расул. 24. Лоиқ. 25. Қулиев. 26. Ватан. 27. «Назокат». 28. Тоҷмаҳал. 29. Липкин. 30. Назира. 31.«Асри ман». 32. «Нишона дорад». 33. Деҳотӣ. 34. Иван Кузмич. 35. «Чароғи абадӣ». 36. Интернат. 37. Тирамоҳ. 38. Ҳасан. 39. Нонреза. 40. Айтматов. 41. Ваҳдат. 42. Тоҷик. 43. Кобул. 44. Лаёқат. 45. Тоҷикистон. 46. Нишон. 47. Нав. 48. Ватаев. 49. Воҳидов. 50. Вурғун. 51. Нотиқ. 52. Қаратоғ. 53. Ғафуров. 54. «Ватан». 55. Наср. 56. Регар. 57. Рехт.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
ҲАМСОЯДОРӢ
АМАЛЕ БАРОИ АНДЕША!
Сар задани муноқишаро бо ҳамсоякишвар ҳеҷ чашмдор набудем. Дар мактаби мо 308 хонандаи имконияташ маҳдуд таҳсил мекунад. Бо шунидани садои тиру туфанг, тахминан соати 17:30 дақиқаи 29 апрел, барои бехатарӣ талабаҳоро дар яке аз мактабҳои Ҷамоати деҳоти Зарзамин ҷой додем. Рӯзи дигар онҳоро ба хонаҳояшон гусел мекардем, ки миёнашон ду қирғизи ноболиғ – Озодбек Назарматов аз Исфара ва Беҳзод Қобилов аз ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон низ будаанд. Вақти гусел Озодбеку Беҳзод бо имову ишора чи кор карданашонро мепурсиданд, зеро дар марз алангаи оташ забона мезаду волидайнашон имкони омадан надоштанд. Ин дам Адҳаму Чеҳронбек Озодбеку Беҳзодро бо худ ба хонаҳояшон - ноҳияҳои Зафарободу Деваштич бурданд. Ин манзараро дида, беихтиёр ашк рехтам ва ба худ гуфтам, агар инсон шири модар хӯрда бошад, дар ҳама ҳолат одамияш боло мегирад!
Гулчеҳра ИСОЕВА,
муаллимаи мактаб – парваришгоҳи махсуси Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
«ТӮРОННОМА» ДАР ШВЕДСИЯ
ИБТИКОРИ НАВ ДАР ТОҶИКШИНОСӢ
Нахустин шумораи маҷаллаи пажӯҳишии «Тӯроннома» дар кишвари Шведсия ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ интишор ёфт.
Соҳибимтиёзи ин ҷаридаи илмӣ Институти байналмилалии таҳқиқоти тоҷикпажӯҳӣ дар Шведсия аст. Мудири масъули институт ва сардабири ин фаслнома муаррихи тоҷик Луқмон Бойматов мебошад.
Тавре ки дар сухани сардабир омадааст, нашри таҳқиқот ва тозатарин баррасиҳои пажӯҳишӣ дар мавриди таърихи мардуми тоҷик аслитарин ҳадафи фаслнома аст.
Маҷалла оянда ба забони англисӣ низ интишор ёфта, “Turanica” ном мегирад. Барои ин, аллакай, ховаршиносон ва коршиносони таъриху тамаддуни Шарқ аз кишварҳои аврупоӣ, ИМА, Канада ва Ҷопон ба ҳамкорӣ даъват шудаанд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Яке аз бузургони ҷафопеша ва золим дар сарзамини Ғӯр хари деҳотиёнро ба зӯрӣ мегирифт. Дар зери бори вазнин ҳар рӯз ду хари мискин ҳалок мешуд. Фалак инсони пастсириштро мақом ва мансаб диҳад, ин инсони пастсиришт бори сангин ва вазнинро дар дили бечорагон мениҳад ва онҳоро гирифтори ғаму андуҳ мекунад.
* * *
Нест афсун он қадар марди сухан,
Марди огаҳ аз ҳама дарди сухан.
Бурдану овардани як хома нест,
Хомадоро, бурду оварди сухан!
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2020:
Юсуф Акобиров, Фарзона
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
ЭҲСОНКОРӢ
АНУПРИЯИ ХУРДСОЛ ДАР АЗМ ҚАТЪӢ БУД
Номуносибии пайвастаи ҳарорати ҳаво дар иёлати Керали Ҳиндустон боиси обхезӣ гардид ва дар натиҷаи он оилаҳои зиёд зарар диданд.
Чор соли охир Ануприя барои харидани дучарха пул ҷамъ мекард ва маблағи ғункардааш ба бештар аз 100 доллар расид. Вале, хурдакаки сахӣ ба чунин хулоса омад, ки дар дунё боз аз ин ҳам дида чизҳои заруртаре ҳастанд ва ба ин хотир, ҳамаи пулҳояшро барои ёрӣ ба зарардидагони обхезӣ сарф кард.
Ширкати «Hero Cycles» аз ин амали ғамхоронаи кӯдаки эҳсонкор бохабар шуда, ба духтарча велосипеди нав тақдим намуд. Инчунин, ширкат хост, пули харҷкардаи Ануприяро ҷуброн намояд, вале ӯ қатъиян ин хоҳишро напазируфт.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ТАБИАТ
ПИРЯХҲО БА ОБШАВИИ ТЕЗТАР ШУРӮЪ КАРДАНД
Олимон муайян карданд, ки пиряхҳо дар саросари ҷаҳон ба обшавии тезтар шурӯъ карданд ва дар муқоиса ба 15 соли пеш дар як сол 31 дарсад зиёд барф ва яхро аз даст додаем. Онҳо аз рӯи таҳлил тариқи моҳвора фаҳмиданд, ки дар 220 000 пиряхи кӯҳӣ аз соли 2015 инҷониб ҳар сол 298 миллиард тонна барф ва ях об мешавад. Ин ҳаҷми об кифоя аст, ки Швейтсарияро бо баландии 7,2 метр об пӯшонад. Ҳамзамон, суръати обшавии барфу ях дар солҳои 2015 - 2019 дар муқоиса ба солҳои 2000 - 2004 солона 71 миллиард тонна афзудааст. Ҳоло нисфи яхобшавии ҷаҳон ба ИМА ва Канада рост меояд. Сабаби тағйирёбии иқлим аз таъсири сӯзондани ҳаҷми зиёди сӯзишворӣ аст. Аз рӯи тахмини коршиносон, коҳиши пиряхҳо ҳамчун манбаи об барои миллионҳо нафар зарари ҷиддӣ хоҳад расонд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ҶБВ
1418 РӮЗ ДАВОМ КАРД
Ҷанги Бузурги Ватанӣ 22 июни соли 1941 сар шуда, 3 солу 10 моҳу 18 рӯз ё 1418 шабонарӯз давом кард. Тӯлонитарин муҳорибаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ - муҳорибаи Ленинград мебошад, ки 1126 рӯзро дар бар мегирад. Аз ин 871 рӯз барои муҳосираи шаҳр сарф шуд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
Фёдор Достоевский
Мо ҳар касеро ба тавре мекушем. Баъзеҳоро бо гулӯла, баъзеҳоро бо ҳарф, баъзеҳоро бо корҳое, ки кардаем ва баъзеҳоро бо корҳое, ки то ба имрӯз барояшон накардаем.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
БОНУВОНИ СОҲИБКАРОМОТ
Ба пулиси шаҳри Лион Соня Монтарон, ки бо пешгӯӣ ва каромот дар байни бонувони фарангӣ машҳур буд, шикоят овард. Гуфт, ки барои фол диданаш аз кураи булӯрӣ истифода мебурд ва онро касе дуздидааст ва акнун наметавонад ба мушкилоти мардум бирасаду ояндаи онҳоро пешгӯӣ намояд. Ба ҳолаш хандиданд ва гуфтанд: «Чӣ хел ояндабин ҳастӣ, ки натавонистӣ дуздии кураро сари вақт пешгирӣ намоӣ». Дар Лос - Анҷелес низ дар дафтари кории фолбин Гер Ҷайенандреа сӯхтор ба амал омад. Бонуи ояндабин дар тиреза кураи сеҳрноки булӯрӣ гузоштааст ва шуои Офтоб аз кура ба пардаи тиреза бархӯрда оташро ба амал овардааст. «Ояндаи худро набинӣ ояндаи дигаронро чӣ тавр пешгӯӣ менамоӣ», - мегуфтанд мардум бо ханда.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР ХАБАРОВСК
Ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо ташаббуси Ҷамъияти «Тоҷикони Шарқи Дур» дар китобхонаи бачагонаи №1, шаҳри Хабаровск барномаи пуршукӯҳи фарҳангӣ - адабӣ баргузор гардид.
Роҳбари ҷамъият хонандагонро бо дастовардҳои арзандаи халқи тоҷик, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ба он ноил гардидаанд, шинос намуд.
Гуфта шуд, ки таърихи халқи тоҷик аз решаҳои куҳани ниёгон сарчашма гирифта, марҳилаҳои зиёдро пушти сар кардааст, аммо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба рушд ва соҳибихтиёру озод ба комёбиҳои бузург ноил гардиду дар арсаи ҷаҳон бо ташаббусҳои созанда мавқеи устувор касб намуд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ РАДИО
- Дар ИМА 73 дарсади одамон радиоро дар автомобил ва 46 дарсад дар ошхона гӯш мекунанд. 23 дарсади сокинон радиоро дар ҳаммом насб кардаанд.
* * *
- Дар тафовут аз эфир, радио - реклама дар таҷҳизоти профессионалӣ сабт мешавад. Аз ин лиҳоз, сифати садо дар вақти радио – реклама нисбатан хуб аст.
* * *
- Барои пайдоиши калимаи «хакер» саҳми радио назаррас аст. Зеро, «хакер» - ҳо одамонеанд, ки рамз (парол) - ҳоро дар радио – истгоҳҳои махфӣ мешикананд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
«ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ»
МУАРРИФИИ АСАРИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАРОДАРКИШВАРИ ӮЗБЕКИСТОН
Дар Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муаррифии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шудааст, доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон, сафирони кишварҳои хориҷӣ, директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ, ректори Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия, мудирони кафедраҳои Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи давлатии забонҳои Ӯзбекистон, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» ва дигарон ширкат варзиданд.
Дар ҳамоиш иштирокдорон атрофи китоби мазкур, ки дар бораи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, нақши он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳикоят мекунад, ибрози андеша карданд. Зимнан, таваҷҷуҳи махсус ба дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ва нақши роҳбарони ду кишвар дар рушди ҳамкории дуҷониба зоҳир шуд.
Таҳияи Мунисаи РАҲИМ
ҶБВ
Саҳми занон дар Ғалаба
Дар ҶБВ на танҳо мардҳо бо фашистон мубориза мебурданд, балки тақрибан 80 000 афсари низомӣ занон буданд. Дар давоми ҷанг сафи занҳо ба 1 миллион расид. Бисёри онҳо ихтиёрӣ ба фронт мерафтанд. Инчунин, кӯдакону наврасон ҳам, меҷангиданд. Онҳоро «фарзандони полк» мегуфтанд.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
5 НАВРАСИ ҚАҲРАМОН
Наврасон низ барои ватани худ ҷангидаанд. Барои хидматҳои ҳарбӣ даҳҳо ҳазори онҳо бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд, ки аз ин теъдод панҷ нафар унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ- ро соҳиб гаштааст: Лёня Голиков ва Саша Чекалини 14 – сола, Марат Казей, Валя Котик ва Зина Портноваи 15 – сола.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД
ХОСИЯТҲОИ АҶИБИ ГУЛҲОИ ХОНАГӢ
Толстянка (фарбеҳак). Онро «буттаи дороӣ» низ меноманд. Ин гул ба манзили соҳибаш неруи сармояҷамъовариро ҷазб менамояд. Ба шахс дар ҳалли мушкили марбут ба маблағ ҳисси бовариро ҷой мекунад, ба вазъи рӯҳии инсон хушӣ мебахшад. Боз фоидааш дар он аст, ки ба ҷисми шахс қувва бахшида, муғамбириро рафъ месозад.
Алоэ. Онро «ҳазорсола» низ меноманд. Ин рустанӣ дорухонаи воқеист. Ба шахсоне, ки зуд - зуд бемор мешаванд, дар манзили зисташон нигоҳ доштани алоэ манфиатнок аст. Онро ёрии аввалини тиббӣ низ гуфтан мумкин. Инчунин, боду ҳавои манзилро тоза нигоҳ медорад.
Барои ғалаёни фикрро фурӯ нишондан дар назди гул нишастан кифоя аст. Вай соҳибашро аз фикрҳои бегонаву бад ва нохуш мераҳонад.
Таҳияи Иронбӣ Мӯсозода
ФАРҚИ «ҶАҲОНИ ДУВУМ» АЗ СЕЮМ
Ё БОЗИИ ҚИСМАТ БО БОЗИГАРОНИ СИЁСӢ
Ҳоло кишварҳои «ҷаҳони сеюм» гуфта, мамлакатҳоеро меноманд, ки нисбатан нодортар буда, акнун рӯ ба рушд ниҳодаанд. Аввалҳо ин истилоҳ барои ифодаи ҷумҳуриҳое истифода мешуд, ки дар ҷанги сард ширкат надоштанд.
Ба «ҷаҳони якум» кишварҳои капиталистӣ ва узви НАТО шомил буданд. Блоки кишварҳои сотсиалистӣ «ҷаҳони дувум»-ро ташкил медоданд. Баъди ба охир расидани «ҷанги сард» дар «ҷаҳони сеюм» кишварҳое, монданд, ки нишондиҳандаи маҷмӯи маҳсулоти дохилиашон хеле паст буд. Аммо, чуноне ки ҳоло мебинем, аксари давлатҳои «ҷаҳони сеюм» аз кишварҳои «ҷаҳони дувум» ҳам пешрафтатаранд.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР
ТАВАЛЛУДИ НУҲГОНИК ДАР МАЛИ
Сокини Мали дар як зоиш нуҳ кӯдак - панҷ духтар ва чор писарро ба дунё овард. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Мали иттилоъ додааст, - менигорад РИА «Новости».
«Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ бо хушнудӣ хабар медиҳад, ки 4 майи соли 2021 Ҳалима Сиссе тариқи ҷарроҳии қайсарӣ бар ивази 7 кӯдаки қаблан ба тарзи ултрасадо дар Мали ва Марокаш муайяншуда, нуҳ тифл таваллуд намуд. Кӯдакон ва модар худро хуб эҳсос мекунанд, - гуфта мешавад дар хабари вазорат.
Зани номбурда пас аз бемористони пойтахти Мали - шаҳри Бамако охири моҳи март бо амри Президенти кишвар Ба Ндау ба яке аз шифохонаҳои Марокаш интиқол гардида буд. Модари навзодҳо 25-сола мебошад ва пас аз чанд ҳафта ба Мали бармегардад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
АВТОМОБИЛҲОИ БАРҚӢ ДАР НОРВЕГИЯ
Норвегия аз аввалин кишварҳое шуд, ки истифодаи автомобилҳои барқиро таҷриба кард. Ҳоло дар маркази мамлакат – шаҳри Осло чунин худравҳои безарарро дидан мумкин аст.
Барои ин кор пажӯҳишгарони риштаи технология солҳо кӯшиданд. Ҳоло инфрасохтори нерудиҳии чунин автомобилҳо коркард мешавад.
Дар Норвегия олимон бар он андешаанд, ки шояд пас аз даҳ сол сокинон аз истифодаи газу нафт пурра даст кашанд.
Таҳияи Б. САЛИМОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.05.2021 №: 92 Мутолиа карданд: 1241