logo

паёмҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори таҷлили 76 - умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм шаҳри Душанбе, 8 майи соли 2021

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Ҳамватанони азиз!
Фардо 9 - уми май ба пирӯзии бузург бар фашизми гитлерӣ ҳафтоду шаш сол пур мешавад.
Ба ифтихори ин санаи таърихӣ ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми мардуми кишвари маҳбубамонро, ки дар набардҳои шадиди ҷабҳаи мубориза мардонавор истодагарӣ карда, дар ақибгоҳ барои таъмин намудани пирӯзӣ бар фашизм саҳми арзишманд гузоштаанд, самимона табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони тоҷик фазои орому осуда, хонаи обод ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям.
Ҳар сол мардуми сулҳдӯсти сайёра, аз ҷумла мо – сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол, даҳшати ин ҷанги хонумонсӯзро ёдоварӣ намуда, 9 - уми майро ҳамчун санаи таҷлили корномаи мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн мегирем.
Дар ҳақиқат, Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи инсоният аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо ба ҳисоб рафта, оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанӯз дар ҷисму қалби мардуми сайёра эҳсос мегарданд.
Қобили зикр аст, ки Ғалабаи бузург бар фашизм дар натиҷаи муборизаи дастҷамъонаи мардуми собиқ шӯравӣ ва кишварҳои гуногун ба даст омадааст ва намунаи муборизаи озодихоҳонаи халқу миллатҳои мухталиф мебошад.
Бояд гуфт, ки дар таъмини Ғалабаи таърихӣ ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд. Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаанд, ки номи нек ва корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидаанд.
Мувофиқи маълумоти мавҷуда дар оғози ҷанг аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ яку ним миллион нафар буд. Яъне, бист фоизи сокинони ҷумҳурии мо – қувваи асосии корӣ ба ҷанг рафтанд. Дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон, асосан, кӯдакон ва занону пиронсолон монда буданд, ки тамоми машаққату маҳрумият ва заҳмату вазниниҳоро бар дӯш доштанд. Илова бар ин, аз шумораи умумии ба ҷабҳа рафтаҳо қариб 31 фоизашон барнагаштанд.
Сабақҳои талхи мубориза бар зидди фашизм ба аҳли башар ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки ба хотири пойдории сулҳу субот ва рӯзгори орому осуда дӯстиву ҳамкорӣ ва равобити созандаи халқу давлатҳоро таҳкиму густариш бахшидан амри зарурӣ ва ҳаётан муҳим аст.
Имрӯз, ки вазъи ҷаҳон бисёр ноором ва торафт мураккабу печида гардида, амнияти мардуми сайёра бар асари таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ ва дигар зуҳуроти хатарноку номатлуб ба таври ҷиддӣ халалдор шуда истодааст, тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар байни давлатҳо ва халқҳо ниҳоят муҳим мебошад. Зеро дар натиҷаи ҷангу низоъҳои мусаллаҳонае, ки баъди ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон дар минтақаву кишварҳои гуногуни сайёра рух доданд ва баъзеи онҳо то ҳанӯз идома доранд, шумораи ҳалокшудагон ва зарардидагон аз давраи солҳои 1941 – 1945 гузаштааст.
Мардуми мо, ки бори дуюм ва ин дафъа дар дохили кишвар даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро диданд, ба қадри сулҳ, оромӣ ва суботи сиёсӣ мерасанд. Ва шукрона мекунанд, ки имрӯз дар Ватани маҳбуби мо сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ ва фазои созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост.
Ҳифзу эҳтиёт кардани ин неъмати бузург вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда мебошад.
Мо бояд наслҳои имрӯзаро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳисси баланди миллӣ, сулҳпарвариву башардӯстӣ ва ободкориву созандагӣ тарбия кунем ва ба камол расонем. Ҳамчунин, мо бояд бо тамоми халқу миллатҳо ва пеш аз ҳама, бо мардумони минтақа ва ҳамсояҳои наздики худ ҳамеша дар фазои сулҳу оромӣ, дӯстиву ҳамкорӣ ва эҳтироми якдигар зиндагӣ кунем.
Бори дигар ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба ифтихори 76 –умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик мегӯям.
Ба ҳар як хонадони мардуми кишвар саломативу хушбахтӣ, иқболи нек ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2021    №: 93    Мутолиа карданд: 8263
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед