logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН СУЛҲСОЗИ МИНТАҚА АСТ

Воқеаҳои ахир дар сарҳадоти Тоҷикистону Қирғизистон сарусадои зиёде барангехт, ки бозтоби ин моҷаро аз сӯи расонаи кишвари ҳамсоя ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ марзҳоро убур кард ва ба як мавзӯи баҳс дар минтақа ва ҳатто доираҳои коршиносии байналмилалӣ гардид. Ҳоло бо далелҳои қотеъ исбот шудааст, ки нахустин шуда марзбонони Қирғизистон тир кушоданд ва муноқишаи хунину бесобиқаро оғоз карданд.

Изҳороти расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин қизия метавонад ҳамчун далели воқеӣ ба кор гирифта шавад. Дар баёния омадааст: «29 апрел, тақрибан соати 11 гурӯҳи химатчиёни ҳарбӣ ва сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон дар рӯбарӯи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Хоҷаи Аъло»-и қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ҷамъ омада, монеи насби камераҳои мушоҳидавӣ дар назди сарбанди обтақсимкунии «Головной» аз ҷониби муҳандисони тоҷик шуданд. Ин дар ҳолест, ки барои насби камера ё дурбинҳои мушоҳидавӣ қаблан мувофиқа ҳосил шудааст. Дар идомаи бетартибиҳо бо истифодаи силоҳи оташфишон ва техникаи ҳарбӣ якчанд нафар кушта, даҳҳо тан захмӣ  ва шумораи зиёди хонаҳои истиқоматӣ, иншооти сарҳадӣ ва объектҳо оташ зада шуданд». 
Бо нашри ин гузориши асоснок Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба муноқишаи марзӣ бо дастрасии моддаи 395 қисми 2 ва моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон хабар дод, ки ин амр дар асоси қавонини байналмилалист.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузашта нисбат ба амалҳои аҳдшиканонаву ғайриқонунии ҷониби ҳамсоякишвар, ба хотири ҳифзи оромӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна ташаннуҷи вазъ, таҳаммул нишон медод. Вале ҳамин таҳаммулпазирии давлат ва миллати сулҳпарвари тоҷик гӯё дасисасозони кишвари ҳамсояро далер кард, ки ин бор сӯи мардуми осоишта ва мақомоти расмӣ, дар шахси раиси шаҳри Исфара, ки барои музокира ба маҳали баҳс омада буд, ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд. Танҳо баъд аз он ки дигар ҳеҷ гузинае барои ором кардани шӯришчиёни қирғиз коромад нашуд, неруҳои низомии Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки аз таҳоҷум ба марзи давлатии худ ҳимоят кунанд. 
Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик тӯли таърихи беш аз ҳазорсолаи худ ҳаргиз ба кишваре ҳуҷум накардааст. Тоҷикистон дар оини ҳамсоядорӣ ҳамоно содиқ буда, ҳамеша талош бар он дорад, ки бо мамлакатҳои ҳамҷавор, аз ҷумла Қирғизистон, муносиботи неку ҳасана дошта бошад, зеро миллати фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик медонад, ки дӯстиву рафоқат ва ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ асоси шукуфоиҳост.
 
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2021    №: 93    Мутолиа карданд: 818
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед