logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН

8 май дар шаҳри Москва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин мулоқот карданд.
Дар рафти вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии стратегии ду кишвар, ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доштанд.
 
Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба  ба робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва амниятӣ аҳамияти хосса зоҳир карда шуд.
Пешвои миллат аз ҷараёни рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар самтҳои зикргардида изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки Федератсияи Россия  шарики асосӣ ва муҳими тиҷоративу иқтисодии мо  боқӣ мемонад.     
Бояд зикр кард, ки ҳаҷми мубодилаи мол миёни кишварҳои мо дар соли 2020, сарфи назар аз мушкилоти вобаста ба пандемияи COVID-19, қариб як миллиард   долларро ташкил дод.  
Ҳамзамон бо ин, зарурати дар заминаи имкониятҳои мавҷуда такони тоза бахшидан ба ҳамкориҳои ҷонибҳо дар арсаи сармоягузорӣ, бо назардошти талаботи бозори Россия, зиёд кардани ҳаҷми содироти меваю сабзавоти босифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон махсус зикр гардид. 
Дар рафти вохӯрӣ дигар ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои ҷонибҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, алоқаи ҳавоӣ бо таъкиди аҳамияти зиёд кардани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар, ҳамчунин, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, бахусус дар самти мубориза бо пайомадҳои коронавируси нав ва  рафти татбиқи барномаҳои ҳамкориҳои низомиву техникӣ, муҳокима  шуданд.
Дар мавриди баррасии масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи амниятӣ ҷонибҳо зарурати таҳкими муборизаи муштаракро алайҳи зуҳуроти  хатару таҳдидҳои глобалӣ, бахусус терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таъкид карданд.
 Зимни мубодилаи афкор атрофи вазъияти байналмилаливу минтақавӣ ҷонибҳо ба ҳолати имрӯзаи вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Сарвари давлати мо  ҷараёни  рушди вазъиятро дар ин кишвари ҳамсоя, бахусус пас аз изҳороти ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар хусуси баровардани неруҳои низомиаш аз қаламрави он, таассуфбор ва сахт нигаронкунанда, арзёбӣ карданд. 
Дар зимн, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкими ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистонро, ки марзи ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шумор меравад, таъкид карда, ҷиҳати татбиқи амалии қарорҳои дар ин ҷода қаблан қабулшуда изҳори умед намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати ҳолати ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози андеша намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон соли равон давраи раёсатро дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба уҳда дорад. Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба ҳайси Раиси амалкунандаи ин ду созмони бонуфузи минтақавӣ Президенти Федератсияи Россияро аз рафти татбиқи чорабиниҳои банақшагирифташуда, бахусус омодагиҳо ба  саммити ин ду созмон, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, дар ҷараён гузоштанд.   
Дар мулоқот президентҳои Тоҷикистон ва Россия, ҳамчунин, масъалаҳои дигари минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина Сарвари давлати мо атрофи рӯйдодҳои рӯзи 29 апрели соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баамаломада сухан карда, мавқеи собити давлати Тоҷикистонро ҷиҳати бо роҳҳои сулҳу музокирот ҳаллу фасл намудани ҳамаи мушкилоти мавҷуда таъкид намуданд.
Дар фарҷоми суҳбат, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.
Даъват аз ҷониби Россия бо хушнудӣ пазируфта шуд ва муҳлати сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ муайян мешавад.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2021    №: 93    Мутолиа карданд: 5128
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед