logo

иқтисод

ЛОҲУР. ОБ, ОБ, ОБ…

«Бо назардошти аҳамияти об ба зироатҳои кишоварзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳо дар вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони хоҷагии халқи мамлакат, бахусус кишоварзон, пайваста истифодаи самараноки заминро таъкид месозанд. Дар партави ҳидоятҳои Президенти мамлакат мо низ мехоҳем заминҳои худро самаранок истифода бурда, соле то се ҳосил рӯёнем, аммо як ҳосили дилхоҳ, ки он ҳам кишти зироати ғалладонагист, гирифта наметавонем. Зиёда аз 25 сол мешавад, ки мо аз оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ дорем. Ҳоло он ки дар фосилаи 8 километр аз дарёи Кофарниҳон ва 15 километр аз маркази ноҳия ба сар мебарем». 
Ин дарди дили чанде аз сокинони Ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ аст, ки бо умеди ҳалли мушкилоташон ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иброз доштанд.
Дар робита ба ин, хабарнигори рӯзнома масъалаи норасоии обро дар ҷамоати деҳоти мазкур мавриди таҳлил қарор дод. Тавре маълум шуд, дар ин минтақа норасоии оби ошомиданӣ мушкилоти ҳалталаб боқӣ мондааст. Айни замон сокинони 9 деҳаи минтақаи Лоҳур аз оби нӯшоӣ ва полизӣ танқисӣ мекашанд. Хабарнигори рӯзнома талош намуд, ки оид ба мушкили №1 - и сокинон посух ёбад.
Баробари ворид шудан ба ҷамоат мушоҳида гардид, ки аз беобӣ қисми зиёди заминҳои кишт ба чарогоҳ ва каналҳои обгузар ба харобазор табдил ёфтаанд. Ба гуфтаи собиқадорони деҳа замони шӯравӣ дар минтақаи Лоҳур ба воситаи 5 пойгоҳ об ба каналҳо ҷорӣ шуда, гирди деҳаҳо давр мезад. Аммо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва сабабу омилҳои дигар боиси аз кор бозмондани пойгоҳҳо гардид. Онҳо бо ин мушкили аз аҳди шӯравӣ боқимонда солҳост дучоранду дар пайдо намудани роҳи ҳалли он дасткӯтоҳ. Чанд маротиба ба сохторҳои зидахл ва мақомоти марбута муроҷиат шудааст. Вале то ҳол касе ба ин мушкилӣ ва ҳоли ҳазорон сокини ин деҳот ҷиддӣ таваҷҷуҳ накардааст. 
 
ЗАМОНЕ КИ ЛОҲУР СЕРОБ БУД
Дар ин хусус Файзмаҳмад Раҷабов, раиси деҳаи Қосимобод 2, зикр намуд: «Аввали солҳои 90 - ум мардуми мо аз оби нӯшокиву полизӣ мушкил надоштанд. Об аз дарёи Кофарниҳон ба воситаи қубурҳо бо ёрии 3 пойгоҳи обкаш бароварда мешуд. Дар каналу ҷӯйборҳо ҳамавақт об ҷорӣ буд. Вале серобиву имконоти мусоид барои бошандагони деҳоти мо дер давом накард. Имрӯзҳо мутаассифона, беш аз 1500 нафар аҳолии деҳоти Қосимобод 2 аз набудани ин унсури муҳими ҳаёт азоб мекашанд. Соли гузашта як гурӯҳи корӣ якҷо бо масъулони мақомоти маҳаллӣ оид ба масъалаи интиқоли об аз дарёи Кофарниҳон ба деҳоти Лоҳур вохӯрданд. Баъди таҳлилу санҷиш, онҳо ваъда доданд, ки ба деҳаҳо об мебароранд, аммо то ҳол дар ин росто чорае амалӣ нагардидааст».  
 
ВАЪДАҲОИ ХУШКУ ХОЛӢ
- Чанд маротиба оид ба мушкилоти ҷойдошта ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардем, аммо… Ҳар моҳ аз 100 то 250 сомонӣ об мехарем, ки он ҳам барои як хоҷагӣ чанд рӯзе кифоят мекунад. Гузашта аз ин, як миқдор обро дар чанд ҳолат истифода намуда, пасоби онро ба чорво медиҳем. Аз сабаби камбуди молиявӣ қисми зиёди сокинон имкони хариди обро бо чунин нархи гарон надоранд ва аз ноилоҷӣ оби боронро дар зарфҳои махсус захира карда, истифода мебаранд. Ҳоло он ки аз меъёр зиёд нигоҳ доштани об боиси ифлосшавии он ва сар задани ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мегардад, - зикр намуд Маҳмадшариф Нуров, сокини деҳаи Қосимобод 2.
Вақте барои шиносоӣ бо вазъи беобии деҳоти Лоҳур дар инҷо гаштугузор мекардем, дар қатори Маҳмадшариф даҳҳо сокинони дигар низ аз норасоии об шиква карданд. Ба қавли онҳо, аз ҷониби раисони деҳаҳо ҳар сол як маротиба барои тоза кардани канали асосӣ ва таъмиру навсозии пойгоҳҳои обкаш аз сокинон 100 - 200 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ мегардад. Вале бо гузашти вақт мисли пеш аз об хабаре нест. 
 
ЧАРО АМАЛИГАРДИИ ЛОИҲА БА ТАЪХИР АФТОД?
Дар робита ба масъалаи мавриди назар Султонмурод Аллаёров, сардори корхонаи оби деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ, чунин гуфт: «Барои пурра бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии Ҷамоати деҳоти Лоҳур соли 2015 бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҷалби маблағгузории ташкилоти OXFAM ба маблағи 19 миллиону 500 ҳазор сомонӣ лоиҳаи обтаъминкунӣ ба нақша гирифта шуда буд. Мутаассифона,  амалигардии лоиҳа ба таъхир афтод».
Ба гуфтаи номбурда, татбиқи лоиҳаи обтаъминкунӣ ба деҳоти Лоҳур бо назардошти пайдо кардани донорҳо ва ҷалби маблағи муайянгардида, ба соли ҷорӣ вогузошта шудааст, ки мақоли «Ҳар кор ба вақташ фарз» - ро мемонад. 
 
ТАДБИРҲОИ БЕНАТИҶА
Ғуломҷон Ғуломзода, раиси Ҷамоати деҳоти Лоҳур, зимни суҳбат гуфт, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ассотсиатсияҳои обтаъминкунӣ, ҳамчунин, саҳми соҳибкорони маҳаллӣ 2  сол пеш дар деҳоти мазкур аз чуқурии 130 метр об бароварда шуд. Аммо баъди таҳлилу санҷишҳо муайян гардид, ки оби баровардашуда, техникӣ ва корношоям аст.
- Имрӯзҳо беобӣ мӯҷиби камҳосилӣ ва аз гардиши кишоварзӣ дур мондани қисми зиёди заминҳо дар деҳоти Лоҳур гардидааст. Аз 1200 гектар замини обии ҷамоат танҳо 500 гектар бо мушкилӣ бо об таъмин мегардад, - иброз дошт номбурда.   
 
ОБЁРИИ МУВАҚҚАТӢ
Ба гуфтаи масъулони бахши обтаъминкунии ноҳия аз моҳи декабри соли 2020 корҳои таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкаш ва тоза кардани канали асосии деҳоти Лоҳур ва Қосимобод идома дошта, бо ташаббуси раиси ноҳия Исматзода Азизулло ва идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия  37 ҳазор метр канали оби полизии Ҷамоати деҳоти Лоҳур аз гилу хоку санг тоза карда шуда, маҷрои каналҳо барқарор ва мавриди баҳрабардории аҳолӣ қарор гардид.
Канали мазкур бо пойгоҳҳои обкашаш аз сабаби корношоям гардидан солҳо  боз фаъолият надошт. Хушбахтона, бори дигар  зиёда аз 800  гектар замини ҳудуди  Ҷамоати деҳоти Лоҳур бо оби полизӣ  ва аҳолии ин минтақа бо оби нӯшокии дарёи Кофарниҳон таъмин гардиданд.
Дар ҳамин ҳол, Абдураҳмон Шомаҳмадов ва Абдуғанӣ Бӯриев, сокинони деҳаи Қосимобод, гуфтанд, ки агарчи, бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати таъмини об ба воситаи канали асосӣ, инчунин корҳои таъмиру навсозӣ дар ин росто эҳсос мегардад, вале бо ин роҳ мушкили беобии мо танҳо се - чор  моҳ рафъ мегардаду халос. Боқӣ 8 моҳи дигари сол об дар каналҳо хушк мешавад ва сокинон боз дучори ин мушкилии тоқатфарсо мегарданд.
 
БЕОБӢ. МУШКИЛЕ АЗ ИН ТОҚАТФАРСОТАР НЕСТ
Феълан, дар 14 деҳаи Ҷамоати деҳоти Лоҳур 25 ҳазору 638 нафар ба қайд гирифта шуда, сокинони 9 деҳа аз оби ошомиданӣ маҳруманд. Интиқоли об аз дарёи Кофарниҳон тавассути лӯлаҳо ба ин минтақа тахминан 10 километрро дар бар мегирад. Аммо бо гузашти ин қадар вақт ва муроҷиату шикоятҳои пайдарпайи сокинон то ҳол ҷиҳати пурра бартарф намудани мушкилоти ҷойдошта коре ба сомон нарасидааст. То кай беобӣ дар ин минтақа идома меёбад, ки мушкиле аз ин тоқатфарсотар нест. Ба ин суол масъулон бояд посух гӯянд. 
                 
Муҳаммад САИДВАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2021    №: 93    Мутолиа карданд: 1620
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед