фарҳанг
ЗЕБОТАРИН ПАНЕЛИ МОЗАӢ
Шашмақом яке аз ҳунарҳои бостонӣ буда, бозгӯи фарҳанги қадимаи мардуми тоҷик аст. Зикр намудан ба маврид аст, ки баробари эҷоди сурудҳову таронаҳои дилангез, шоҳасари мозаӣ, фрески сангии Шашмақом, ки аз ҷониби рассоми машҳури тоҷик Асрор Аминҷонов эҷод шудааст, яке аз манзараҳои тамошобоби Тоҷикистон гардида, бозгӯи волои ин сабки мусиқист.
- Фрески сангии Шашмақом зеботарин панели мозаӣ мебошад, ки диққати тамошобинонро ба худ ҷалб кардааст. Аслан, мозайкасозӣ санъати ғайриодиест, ки аз муаллиф диду ҳунари олиро тақозо менамояд. Эҷоди мозайкаи Шашмақом ба солҳои 60 – уми асри гузашта тааллуқ дошта, то ба ҳол ин муҷассама дар девори бинои Телевизиони «Сафина» бо сифати олӣ побарҷост. Мозайкаи панели Шашмақом ягона нақшест, ки аз сангҳои табиӣ сохта шуда, дар он акси навозандагону раққосон хуб наққошӣ шудааст ва бовар аст, ки ин ҳунари нотакрори А. Аминҷонов солиёни дароз таҷассумгари фарҳангу ҳунари мардуми тоҷик боқӣ мемонад, - иброз дошт Манзура Ӯлҷабоева, рассоми барҷастаи тоҷик, устоди Донишкадаи давлатии дизайн ва санъати тасвирии Тоҷикистон.
Ин аст, ки пас аз эҷоди чунин як шоҳасар Аминҷоновро «падар»- и мозайкаи санг дар Тоҷикистон эътироф намуданд.
Воқеан, дидани ин панел чашми касро ҷило медиҳад. Мозайкаи Шашмақом тасодуфӣ набуда, рамзест инъикоскунандаи соҳибфарҳангии мардуми мо. Дар замони соҳибистиқлолии Ватан дар миқёси кишвар ҷиҳати рушду такомули он ансамблҳои шашмақомсаро бо муассисаҳои мусиқӣ ва марказҳои фарҳангӣ таъсис ёфтанд ва аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000 – ум ҳамасола 12 май ҳамчун Рӯзи Шашмақом таҷлил мегардад. Қадима будану устувор мондани ин намуди санъати классикиро ба назар гирифта, соли 2003 бо пешниҳоди ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Шашмақом ба рӯйхати шоҳкориҳои мероси шифоҳиву ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардид.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.05.2021 №: 93 Мутолиа карданд: 864