иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Аз ҳамон рӯзе, ки писарбачаи ҷавон - Тошпӯлод Гулмуродов бо дуои неки волидайн барои таҳсил ба шаҳри Душанбе омад, беш аз ним аср сипарӣ гардид. Ӯ дар ин муддат ба баландтарин қуллаҳои илму дониш дар соҳаи тиб расид. Олими сатҳи ҷаҳонӣ гашт. Гули сари сабади маҳфилу ҷамъомадҳо гардид. Соҳиби даҳҳо унвону ҷоизаву мукофотҳои давлатӣ шуд. Ҳамчун омӯзгор дар дили ҳазорҳо донишҷӯён меҳри касби пуршарафи табибиро боз ҳам мустаҳкам ва онро ривоҷу равнақ дод. Садҳо шогирдони ба касб содиқро бо меҳру муҳаббати беандоза ба воя расонд. Вориси арзандаи Синои бузург, Форобӣ, Закариёи Розӣ буданашро ба ҳамкасбону ҳамзамонон исбот намуд. Дар ин муддат ба дарди ҷонкоҳи ҳазорон бемор ба таври фаврӣ дармон бахшид.
Тошпӯлод Гулмуродов узви вобастаи Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, профессор, солҳои сол сарварии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси синаро ба уҳда дошт. Ҳар сол дар ин ҷо беш аз 2 ҳазор бемор муолиҷа ва табобат карда мешаванд. То имрӯз дар ин маркази ташхису муоина ва муолиҷа зиёда аз 80 ҳазор нафар ҷарроҳӣ кардаанд.
Соли 1980 Тошпӯлод Гулмуродов рисолаи номзадӣ ва соли 1989 рисолаи докториро бомуваффақият ҳимоя намуд. Рисолаи доктории олим ба мавзӯи муҳим ва актуалӣ бахшида шуда буд. Мавриди зикр аст, ки соли 1993 нашриёти «Ирфон» монографияе, ки бо қалами профессор Тошпӯлод Гулмуродов бо ҳаммуаллифии А. В. Покровский ва Н. У. Усмонов мансуб аст, бо унвони «Диагностика и хирургическое лечение сочетанных окклюзирующих поражений брюшной аорти и сосудов, питающих головной мозг» ба табъ расонд. Ин асари комили илмӣ натиҷаи хизмати чандинсола ва таҳқиқоти доманадори тиббист. Асари мазкур ҳоло китоби зарурии ҷарроҳони дил ва рагҳои хунгард ба шумор меравад.
Раҳимҷон Раҳматуллоев, доктори илмҳои тиб, табиби дараҷаи олӣ, дастпарвари Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон (1974 - 80), яке аз аввалин шогирдони Тошпӯлод Гулмуродов сарвари Маркази ташхисию табобатии «Вароруд» дар шаҳри Турсунзода, мегӯяд: "26 октябри соли 1986 дар лавҳи хотири ман чун рӯзи таърихӣ ва санаи муҳимтарини рӯзгори табибӣ нақш бастааст: бори аввал ҷарроҳии рагҳои хунгузар, ки амали ниҳоят нозук буда, машаққати тамом ва ҳушёрию чолокии томро тақозо менамояд, дар ҳамин ҷо, дар ҳуҷраи ҷарроҳии беморхонаи марказии шаҳрии Турсунзода сурат гирифт.
Тошпӯлод Гулмуродов дар тӯли зиёда аз панҷоҳ соли фаъолияти пурбаракати илмӣ, пизишкӣ, омӯзгорӣ ва тадқиқоти доманадори тиббӣ дар самти ҷарроҳии дилу рагҳои хунгузар, ки ба мағзи сар мераванд ва ин амали нозуки ҷарроҳӣ ниҳоят эҳтиёткорӣ металабад, ба дараҷаи устодӣ расида ва моро омӯзгори моҳир буд".
Тошпулод Гулмуродов муаллифи беш аз сад асари илмист, ки 46 - тои он дар хориҷи кишвар интишор ёфтааст. Ӯ солҳои тӯлонӣ роҳбари ташкилоти ибтидоии «Ҷалби пок»-ро бар уҳда дошт. Ҳамчун вакили маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе ба ривоҷу равнақи корҳои ободонию созандагӣ саҳми арзанда гузошт.
Ҳотам РАБИЕВ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.05.2021 №: 93 Мутолиа карданд: 762