барқияҳо
БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
11 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович!
Хабари фоҷиабори амалкарди бераҳмонаи зӯроварӣ болои хонандагон ва кормандони муассисаи таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Қазон боиси андуҳ ва нафрати амиқи мо гардид.
Таъзия ва тасаллиёти самимии инҷонибро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.05.2021 №: 94 Мутолиа карданд: 5144