сиёсат
СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Cубҳи 12 май ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба ҳолати воқеии мавзеъҳои бар асари офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳисобот доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, 11 майи соли 2021 дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон манзилҳои истиқоматии сокинон хароб гардида, роҳҳои автомобилгард ва дигар иншооти муҳими хоҷагии халқ зарар дидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон дастур доданд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигари харобгардида, пурра барқарор ва ба оилаҳои зарардида сари вақт ва бетаъхир ёрии моддӣ расонда шаванд.
* * *
Субҳи 12 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо раисони ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Данғараи вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Раисони ноҳияҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки рӯзҳои охир ба амал омаданд, ҳисобот доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Данғараро вазифадор намуданд, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ чораҳои бетаъхир андешида, ба мардуми зарардида кумакҳои саривақтӣ расонанд ва ҳарчи зудтар манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти харобгардидаро барқарор намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.05.2021 №: 94 Мутолиа карданд: 924