logo

фарҳанг

ЭРГАШ ШАРИПОВ: «МАН ҲАНӮЗ ЗИНДААМ!»

Зодаи шаҳри Конибодом Эргаш Шарипов аз ҷумлаи сарсупурдагони Ватани маҳбуб аст, ки дар кишвари дурдасти Чехословакия (ҳоло Чехия) намунаи олии қаҳрамониро аз худ нишон дод. Пас аз хатми омӯзишгоҳи артиллерии шаҳри Красноярск, лейтенанти хурд Эргаш Шарипов ба фронт омада, фармондеҳи взводи оташфишонии ракетаи 75 мм батареяи 1 - уми артиллерии полки 387-уми Зволенски ордени Суворов ва Богдан Хмелнитскии армияи 40 - ум таъйин шуд. Дар муҳорибаҳо бар зидди истилогарони фашистӣ взводи ӯ яке аз аввалинҳо шуда ба шаҳри Банска - Бистритса ворид шуд ва он ҷо тавонист ҳаракати минбаъдаи пиёдагардонро таъмин намояд. 
 
Дар ин муҳориба худи Эргаш Шарипов ҷароҳат бардошт ва то даме, ки шаҳр пурра аз душман озод карда шуд, дар қатор монд. Рӯзҳои 21 - 22 апрели соли 1944, дар шимолу ғарби деҳаи Страни, душман пайваста зидди ҳамлаҳои воҳидҳои оташфишонии Шарипов муқобилият нишон дод. Сарбозони ҷасури ӯ талаф ёфтанд. Сипас, Шарипов шахсан ба ҷилави силоҳи артилерӣ нишаста, 30 фашисти хунхорро бо зарбаҳои оташфишон нобуд кард. Ҳамлаи навбатии душман боздошта шуд. Взводи Шарипов дар як муддати кӯтоҳ аз маҳаллаи Зволен то Учерск Брод 6 тӯпи худрави артиллерии душманро хароб намуд. 
Дар муҳориба дар қисмати шимоли шаҳри Учерска Броди Чехия, Шарипов ҷароҳати вазнин бардошт, аммо аз ҳамсангаронаш хост, то замони баргардондани ҳамлаи душман ӯро эвакуатсия накунанд. Вай ба сарбозоне, ки мехостанд ӯро аз майдони ҷанг берун баранд, гуфт: «Не, ман ҳанӯз зинда ҳастам ва пеши ман савганд ёд кунед, ки шумо ин мавқеъро нигоҳ медоред ва аз фашистон барои ман интиқом мегиред».
Ҳамон марде, ки аз тири аду дорад ҷароҳатҳо,
Вале чашмони гирёнаш намебинам, 
                                                            ватандорист!
Ҳангоми пешниҳод намудани номзадии ӯ ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, фармондеҳи полки гвардиягии артиллерӣ подполковник Муравёв ҳамчун тавсифнома чунин навиштааст: «Лейтенанти хурд Эргаш Шарипов дар набардҳои зидди истилогарони фашистӣ далерӣ, ҷасорат ва қаҳрамонӣ нишон дод».
Ба ин писари шарафманди халқи тоҷик бо фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз 15 майи соли 1946 баъд аз марг унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки аз калонтарин муҳорибаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонист, таърихшиносон барҳақ вазнинтарин ва мушкилтарин имтиҳони инсоният дар асри ХХ донистаанд. Дар он беш аз 70 давлати хурду бузург иштирок карда, набардҳои хунин ва амалиётҳои ҷангӣ дар 40 давлат сурат гирифтанд. Талафоти умумии инсоният ба 55 миллион нафар расид. Хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ҷанг 4,5 триллион доллари амрикоиро ташкил дод.
Аз ин рӯ, дар рафти тадриси фанҳои таърихи умумӣ ва таърихи халқи тоҷик ба таври ҷудогона ва алоҳида омӯхтани ин воқеаи бузурги таърихӣ айни муддаост, зеро рӯзгори осудаи имрӯз ба ивази ҷоннисориҳои шаҳидони Ватан ба бор омадааст. Ҳамчунин, қадри осоиштагиву оромӣ ва озодиву истиқлоли кишварамон ба ягон ганҷу хазинаи ҷаҳон баробар нест.
 
Гулшан МАМАДҚУЛОВА,
омӯзгори гимназияи «Кафолат»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2021    №: 94    Мутолиа карданд: 986
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед