туризм
Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи туризм таъсис хоҳад ёфт
-Барои рушди соҳаи туризм ва паст кардани нархномаҳои давлатӣ, ки ба рақобатпазирии маҳсулоти туристии кишвар таъсири манфӣ мерасонад, аз моҳи январи соли ҷорӣ «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гашта истодааст, ки тибқи барнома хироҷи ягона барои раводиди туристӣ 25 доллари ИМА новобаста аз каратнокӣ муайян шудааст, - зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабирҷон Ҷӯраев.
Мувофиқи барномаи мазкур кумита ният дорад дар соли 2010 Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи туризмро таъсис диҳад, то тамоми вазорату идораҳои марбут ба ин соҳа ба шӯро ворид шуда, баҳри ҳаллу фасли масъалаҳои муҳим саҳм гиранд.
Инчунин барои ҷалби сайёҳон моҳи майи соли ҷорӣ сомонаи интернетии www tojikiston travel ба истифода дода мешавад.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба кишвар 59 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ворид шуд, ки 44 ҳазор нафари онҳо бо мақсадҳои шахсӣ, 2200 нафар транзитӣ, 6600 нафар хизматӣ ва 3 ҳазор ҳамчун сайёҳ ба мамлакати мо сафар кардааст. Бештари сайёҳон шаҳрвандони кишварҳои Эрон, Афғонистон, Русия, Амрико, Чин, Олмон, Туркия, Фаронса ва Куриёи Ҷанубӣ мебошанд.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7064